ВидеоДин ва боварҳоСиёсат

ЯК УЗВИ СОБИҚИ ҲНИТ АЗ ЗИНДОН ОЗОД ШУДААСТ (АКС)

Муҳаммадалӣ Исломов, собиқ масъули шӯъбаи ҷавонони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) дар минтақаи Кӯлоб, ахиран  пас аз 6 сол аз зиндон озод шудааст.

Дар ин бора Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ, як созмони наздик ба оппозитсияи тоҷик дар Аврупо бо нашри як акси Муҳаммадалӣ Исломов хабар дод. Узви собиқи ҲНИТ дар ин акс баъди озод шудан дар канори аҳли хонаводааш тасвир  шудааст.

Муҳаммадалӣ Исломов дар тирамоҳи соли 2015, дар мавҷи аввали боздошти раҳбарони ва аъзои ҲНИТ дастгир ва ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд. Бар асоси афви соли 2019, як сол аз ҳукми ӯро кам карда буданд ва ба ин далел, баъди адои 6 соли ҳукмаш ӯ ба озодӣ баромадааст.

Фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон 28 сентябри соли 2015, ду ҳафта баъди саркӯби ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии муовини вазири мудофиа генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, манъ карда шуд ва ба дунбол, мақомот ҳудуди 200 нафар аз роҳбарон, аъзо ва ҳаводорони ин ҳизбро боздошт ва равонаи зиндон карданд. Мақомот ин ҳизбро ба ҳамдастӣ ва ҳатто раҳбарии ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим айбдор карданд. Роҳбарони ҳизб инро рад мекунанд ва мегӯянд, ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим танҳо баҳонае барои иҷрои нақшаи деринаи мақомот барои манъи фаъолияти умдатарин ташаккули мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон шуд.

Аз тарафдорони зиндонишудаи ҲНИТ то имрӯз танҳо теъдоди ангуштшуморе озод шудаанд. Зарафо Раҳмонӣ, ки ба ду соли зиндон маҳкум шуда буд, ҳанӯз дар афви соли 2016 ба озодӣ баромад. Бобои Дона  (Дониёр Бобиев), як узви собиқи ҲНИТ, ки 80 сол дорад ва моҳи августи соли 2020 дастгир ва ба шашуним соли зиндон маҳкум шуда буд, алакай моҳи апрели соли 2021 ба далели синни баланд ва бемории сил доштанаш аз маҳбас ҷавоб дода шуд.

ҲНИТ то замони баста шуданаш шумораи аъзои худро 44 ҳазор нафар мегуфт. Ҳоло ин ҳизб дар қаламрави Аврупо, ки садҳо нафар аз раҳбарон ва аъзову тарафдоронаш, бо шумули раиси ҳизби Муҳиддин Кабирӣ, ба кишварҳои ин қора паноҳ овардаанд, фаъолият мекунад.

Муҳаммадалӣ Исломов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button