ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

143 НИЗОМИИ АФҒОН БО 3 ҲАВОПАЙМО ВА 2 ЧАРХБОЛ БА ТОҶИКИСТОН ФИРОР КАРДААНД

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки шаби 15 август 143 низомӣ аз Афғонистон тавассути 3 ҳавопаймо ва 2 чархбол ба Тоҷикистон фирор карда, дар фурудгоҳи шаҳри Бохтар фуруд омаданд. Манобеъ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, низомиёни фирории афғонро муваққатан дар хобгоҳи Донишгоҳи ба номи Носири Хусрав дар шаҳри Бохтар ҷой кардаанд.

“Дар миёнашон ду зан ҳаст. Онҳо шаби гузашта омаданд. Ҳоло мавзӯи гузарондани онҳоро барои ҷойи дигар баррасӣ доранд. Ҳар гуна пешниҳодҳо аст. Ҳанӯз як хулосаи ниҳоӣ нашудааст”, — гуфтааст яке аз манбаъҳои  Озодӣ.

Сокинони маҳалҳои атрофи фурудгоҳ Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) қаблан хабар доданд, ки 15 август аз бегоҳ то шаб чанд тайёра бошанд. Вале Фарҳод Абдурашидзода, сардори фурудгоҳи Бохтар дар суҳбат бо “Asia-Plus” ин хабарҳо рад карда, гуфт, “овозаҳое, ки гӯё мо чанд тайёраи Афғонистонро қабул карда бошем, асос надорад ва дурӯғ аст”.

Фирори низомиҳои афғон дар пайи аз кишвар фирор кардани президенти собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва ба дасти Толибон афтодани Кобул сурат гирифт.

Шабакаи телевизионии “Тулӯъ” ахиран бо нашри як акс хабар дод, ки рӯзи 15 август, баъди фирораш аз Афғонистон, ҳавопаймои президенти собиқи он кишвар Ашраф Ғанӣ чанд соат саргардон шудааст. Дар акс дида мешавад, ки ҳавопаймо чанд соат дар атрофи фурудгоҳи шаҳри Бохтар чарх зада, миқёси саргардониҳояш фарози минтақаҳое, чун Қизилқалъа, Заргар, Вахшстрой ва ҳатто Янгиободу Сарбандро фаро мегирад.

“Тулӯъ” гуфт, ҳавопаймои Ғанӣ ба сабаби пайдо накардани иҷозати нишастан дар фурудгоҳи Тоҷикистон чунин саргардон шудааст.

Қаблан гузориш шуда буд, ки Ғанӣ аз тариқи Тоҷикистон ба Уммон фирор кардааст.

Вале вазорати корҳои хрриҷии Тоҷикистон  рӯзи 16 август дар як баёнияи вижа гуфт, “ҳавопаймо бо ҷаноби Муҳаммадашраф Ғанӣ ба ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ворид нашудааст ва дар қаламрави кишвар нанишастааст. Бояд таъкид кард, ки ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон чунин дархосте нагирифтааст.”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, тавре мебинед, дар ин изҳорот Ғаниро танҳо “ҷаноби Ғанӣ” ном гирифта, ӯро раисиҷумҳури Афғонистон ном набурдааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button