ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

4 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ РОНАНДАИ ТОҶИК ДАР ЯК САДАМА ДАР ТЮМЕНИ РУСИЯ

Рӯзи 27 июл бар асари як садамаи мудҳиш дар Тюмени Русия як нафар, бино ба маълумоти пешакӣ, шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштааст.

Хадамоти матбуоти ГИБДД вилояти Тюмен хабар дод, ки дар наздикии фурудгоҳи Рошитно дар роҳи Ирбитск мошини сабукрави “Дэу Нексия” ба як мошини боркаши тамғаи MAN, ки лӯла (труба) мекашонд, бархӯрдааст.

Бино ба маълумоти пешакӣ, “Дэу” ба самти муқобили роҳ баромадааст, ронандаи мошини боркаш ба хотири пешгирӣ аз бархӯрд мошинашро канори роҳ гирифтааст, вале натавонистааст, ки аз бархӯрд пешгирӣ кунад. Ба гуфтаи ронандаи “Ман”, мошини “Дэу” қабл аз бархӯрд каҷмокаҷ мерафт ва аз эҳтимол дур нест, ки ронандаашро хоб бурда бошад.

Бино ба иттилои ГИБДД, бар асари садама ронандаи 42-солаи “Дэу”, ки бино ба маълумоти пешакӣ, зодаи Тоҷикистон мебошад,   дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, як мусофири 45-солаи ӯро бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон бурдаанд. Ронандаи мошини боркаш низ ҷароҳат бардоштааст.

Тафтиши ҳодиса идома дорад.

Дар аксҳое, ки хадамоти матбуоти ГИБДД вилояти Тюмен нашр кард, дида мешавад, ки бар асари бархӯрд мошини сабукрав тикаю пора шуда, ҳатто бомаш канда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button