ВидеоТоҷикистонҶомеа

ВКД БОРИ АВВАЛ ҚОТИЛИ РУФЕЙДАРО ДАР ТВ НАМОИШ ДОД (ВИДЕО)

ВКД Тоҷикистон бо гузашти 10 рӯз аз қатли ваҳшиёнаи Руфейдаи Иноятоваи ҳаштсола бори аввал ин ҳодисаро шарҳ дод ва видеои қотили ӯро дар барномаи “Ахбори ВКД” намоиш дод.

Руфейда Иноятова нимаи дуюми рӯзи 4 июл аз назди хонааш дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ (корхонаи пахтаи Айнӣ) гум шуд ва пораҳои реза-резаи ҷасади ӯро рӯзе баъд пайдо карданд. Бо иттиҳоми қатли ин кӯдак ҳамсояи онҳо Раҳматулло Гадоев, соли таваллудаш 1990, дастгир шудааст. Қаблан гуфта шуда буд, ки Гадоев баъди куштани Руфейда ба вилояти Суғд фирор кардааст ва ӯро дар онҷо дар манзили волидони ҳамсараш дастгир кардаанд.

ВКД мегӯяд, Руфейда ҳамсол ва дугонаи духтари Раҳматулло Гадоев буд ва рӯзи 4 июл ба хонаи онҳо омадааст, то бо дугонааш бозӣ кунад. Аммо Гадоев, ки аҳли оилаашро ба вилояти Суғд фиристода буд, аз набудани онҳо истифода бурда, Руфейдаро ба хона даровардааст ва ба номусаш дастдарозӣ карда, сипас бо корд ӯро куштааст.

Ба гуфтаи тафтишот, Гадоев маст ҳам будааст.

Ӯ дар ин барнома нақл мекунад, ки “аввал қуртуқашро ҷафидам, аз ҳуш рафт. Ба сари кордча рафтам, гирифтам, омадам, ки аз ҷо хестааст. Боз гирифтам, қуртуқашро ҷафидам, куштамаш…”

Алайҳи Гадоев бо иттиҳоми одамкушӣ ва таҷовуз ба номуси кӯдаки хурдсол парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ ҳукми ҳабси абад таҳдид мекунад.

Дар пайи қатли ваҳшиёнаи Руфейда бисёриҳо талаб доранд, ки ҳукми қатлро барои чунин ҷиноятҳо барқарор кунанд ва ба қотили ин кӯдаки маъсум ҳукми қатл дода, ин ҳукмро дар байни мардум иҷро кунанд, то барои боқӣ педофилҳо дарси ибрат шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button