ВидеоТоҷикистонХабарҳои кӯтоҳ

ДАРДНОКТАРИН ХАБАР: 6 ТОБУТ АЗ ЯК ХОНА…

Зафар Шарифзода дар Фейсбук хабар дод, ки рӯзи 22 май бар асари садамаи нақлиётӣ дар роҳи Кӯлоб – Мӯъминобод 6 узви як хонавода аз деҳаи Фурӯзобаи ҷамоати Боғгаии ноҳияи Мӯъминобод  ҷон бохтаанд.

“Модари дар қалб ҳазорҳо орзудошта бо ду писару як духтараш ва келину набераи 7-солааш, ки дар айёми ҷавонӣ буданду аз дунё чизе надида буданд, мехостанд дар тӯйи яке аз ақрабояшон иштирок намоянд, вале мутаассифона марг нагузошт ва дар роҳ мошини онҳо бо мошини боркаш (камаз) бар хӯрда, ҳамагӣ ба ҳалокат расиданд. Акнун аз ин оилаи бузург ҳамагӣ як писар боқӣ монд.  Бисёр талх ва аламовар буд, ҳангоми дидани 6 тобут дар як ҳавлӣ…” – навиштааст Зафар Шарифзода.

Тафсилоти дигари фоҷиае, ки боиси марги 6 узви як хонавода шуд, нашр нашудааст. Дар навори хабарҳои ВКД ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда низ ҳанӯз дар ин бора маълумоте  нест.

Ҳар сол дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари садамаҳо то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Зафар ШарифзодаЗАФАР ШАРИФЗОДА

#ДАРДНОКТАРИН_ХАБАР_БАРОИ_МАН😢

Имрӯз бар асари садамаи нақлиётӣ дар роҳи Кӯлоб – Мӯъминобод 6 узви як хонавода ба ҳалокат расиданд.

Модари дар қалб ҳазорҳо орзудошта бо ду писару як духтараш ва келину набераи 7-солааш, ки дар айёми ҷавонӣ буданду аз дунё чизе надида буданд, мехостанд дар тӯйи яке аз ақрабояшон иштирок намоянд, вале мутаассифона марг нагузошт ва дар роҳ мошини онҳо бо мошини боркаш (камаз) бар хӯрда, ҳамагӣ ба ҳалокат расиданд.

Худо раҳматашон намояд.🤲 Онҳо аз Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ – деҳаи Фурузобаи ноҳияи Мӯъминобод буданд.

Акнун аз ин оилаи бузург ҳамагӣ як писар боқӣ монд.

Бисёр талх ва аламовар буд, ҳангоми дидани 6 тобут дар як ҳавлӣ…😢

Худо ҳамаи мову Шуморо нигаҳбон бошад!

Афсус, ки марг – амри тақдир аст …

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button