ВарзишВидео

“ИСТИҚЛОЛ” ЯКЕ АЗ ДАСТАҲОИ ЗӮРТАРИНИ ОСИЁРО БО ҲИСОБИ БУЗУРГИ 4:1 ШИКАСТ ДОД (2 ВИДЕО +15 АКС)

Чемпиони Тоҷикистон “Истиқлол” (Душанбе) дар даври чоруми мусобиқоти гуруҳии Лига чемпионҳои Осиё-2021 дар чоргонаи “А” дастаи “Ал-Ҳилол” аз Арабистони Саудиро дар майдони худаш бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод. Ин рақобат бо ғолиби секаратаи Лигаи чемпионҳои Осиё шаби 25 апрел дар варзишгоҳи “Музоҳимия” дар Ар-Риёз, пойтахти Саудия баргузор шуд.

Ҳарчанд ҳисобро дар ин бозӣ “Ал-Ҳилол” кушод (Бафетимби Гомис дар дақиқаи 24), ба футболбозони “Истиқлол” барои задани 4 тӯб ба дарвозаи “Ал-Ҳилол” ҳамагӣ 13 дақиқа кифоят кард – ибтидо Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаҳои 39 ва 44 ва сипас ҳамноми ӯ Манучеҳр Сафаров дар  дақиқаҳои 49 ва 52 ба дарвозаи саудиҳо 4 тӯб зада, барои “Истиқлол” 3 имтиёз ва мақоми якум дар гуруҳи “А” –ро таъмин карданд.

Дар ду даври боқимонда, ки то 30 апрел давом мекунанд,  ба “Истиқлол”  дар рақобатҳо бо дастаи ӯзбекистонии АГМК (Олмалиқ)  ва дастаи “Ал-Шабоб-ал-Аҳлӣ” аз Имороти Муттаҳидаи Араб дигар танҳо 3 имтиёз кофист, ки ба даври баъдии ҳаштякниҳоии Лигаи чемпионҳои AFC-2021  роҳ биёбад. Дастаҳои довталаб дар Лигаи чемпионҳои Осиё дар 10 гуруҳ дар ду минтақаи Шарқ ва Ғарб ( дар ҳар кадомаш – 5 гуруҳ) тақсим шудаанд. Ба даври ҳаштяниҳоӣ ғолибони ин 10 гуруҳ ва 6 дастаи соҳиби ҷои дуюм, ки натиҷаи аз дигарон беҳтар ба даст овардаанд, роҳ дода мешаванд.

Ёдовар мешавем,  дар даври якуми Лигаи чемпионҳои АФК-2021 дар чоргонаи «А» чемпиони Тоҷикистон бозиашро бо дастаи “Ал-Шабоб-ал-Аҳлӣ” аз Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби мусовӣ (0:0) анҷом дода, дар даври дуюм бар финалисти Ҷоми Ӯзбекистон – дастаи АГМК (Олмалиқ) бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. “Истиқлол” дар даври сеюм бори аввал маззаи шикастро чашид ва бозиашро ба “Ал-Ҳилол” бо натиҷаи 1:3 бохт. Вале чемпиони Тоҷикистон тавонист дар даври чорум ниқорашро аз ин даста бигирад ва он ҳам бо пирӯзии бузург бо ҳисоби 4:1.

“Истиқлол” –и Душанбе дар поёни соли 2007 таъсис ёфта, алакай соли 2010 тавонист якбора се ҷоизаи асосии футболи Тоҷикистон – ҳам унвони қаҳрамонӣ, ҳам Ҷом ва ҷам Шоҳҷоми футболи ин кишварро ба даст биорад. Дар таърихи кӯтоҳаш “Истиқлол” алакай 9 маротиба чемпиони Тоҷикистон шуда, 8 маротиба Ҷоми футболи ин кишвар ва 10 маротиба Шоҳҷомро ба даст овардааст.

“Истиқлол” –и Душанберо 13 сол пеш як гуруҳи ҷавонон ба раҳбарии Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон  ва дӯсташ Шоҳрух Саидзода таъсис дода буданд. Рустами Эмомалӣ, ки ҳоло шаҳрдори Душанбе, раиси Маҷлиси миллӣ ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон аст, дар оғоз худаш ҳам дар хатти ҳуҷуми “Истиқлол” бозӣ мекард. Подполковник Шоҳрух Саидзода, сардори раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон, то кунун президенти бошгоҳи “Истиқлол” мебошад.

Tajikistan Football Federation

ЛИГА ЧЕМПИОНОВ АФК-2021: «ИСТИКЛОЛ» РАЗГРОМИЛ «АЛЬ-ХИЛАЛ» СО СЧЕТОМ 4:1!!!

Чемпион Таджикистана душанбинский «Истиклол» разгромил клуб «Аль-Хилал» из Саудовской Аравии со счетом 4:1 в четвертом туре группового этапа Лиги чемпионов АФК-2021 в квартете «А».

Дубли Манучехра Джалилова и Манучехра Сафарова принесли три очка душанбинскому клубу. Благодаря этой победе чемпион Таджикистана, набрав семь очков, вышел на первое место в группе «А».

Лига чемпионов АФК-2021

Группа «А». 4-й тур

«ИСТИКЛОЛ» (ТАДЖИКИСТАН) – «Аль-Хилал» (Саудовская Аравия) – 4:1

Голы: Бафетимби Гомис, 24 (0:1). Манучехр Джалилов, 39 (1:1). Манучехр Джалилов, 44 (2:1). Манучехр Сафаров, 49 (3:1). Манучехр Сафаров, 52 (4:1).

«Истиклол» (Таджикистан): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мищенко, Зоир Джурабоев, Манучехр Сафаров, Ахтам Назаров, Нуриддин Давронов (Хуршед Джураев, 90+2), Шахром Сулаймонов, Алишер Джалилов (Рёма Нома, 79), Рустам Соиров (Вахдат Ханонов, 90+2), Манучехр Джалилов.

Tajikistan Football Federation

 

ЭТО ПРОСТО БОМБА 💣«ИСТИКЛОЛ» РАЗГРОМИЛ «АЛЬ-ХИЛАЛ» ИЗ САУДОВСКОЙ АРАВИИ СО СЧЁТОМ 4:1!!! 👏👏👏👍👍👍🇹🇯🇹🇯🇹🇯

Tajikistan Football Federation 

Гол-шедевр в исполнении Манучехра Сафарова!

Tajikistan Football Federation · 

Раздевалка «Истиклола» после крупной победы над «Аль-Хилалом» – 4:1 в Лиге чемпионов АФК-2021! Точикистон Ба Пешшшшшш

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button