Дин ва боварҳо

САФАРИ АВВАЛИН ГУРӮҲИ ЗОИРОНИ ТОҶИК БА ҲАҶ (7 АКС)

Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон дар саҳифааш дар Фейсбук бо нашри чанд акс аз маросими гусели зоирон дар фурудгоҳи Душанбе хабар дод, ки санаи 25-уми майи соли 2024 гурӯҳи нахустини зоирони тоҷик барои ба ҷо овардани маносики Ҳаҷ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар карданд. Бо ин гурӯҳи нахустин 165 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” аз Душанбе ба шаҳри Ҷидда парвоз кардаанд. Аз Ҷидда то Маккаву Мадина зоирон роҳи худро бо автобусҳо идома медиҳанд.

Аввалин гурӯҳи зоирон дар мавсими имсолаи Ҳаҷро дар фурудгоҳи Душанбе раиси Кумитаи дину танзими ҳукумати Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ва сафири Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон гусел карда, ба зоирон туҳфаҳо супурдаанд.

Кумитаи дин қаблан нархи сафари Ҳаҷро 57 ҳазор сомонӣ, ё чизе бештар аз 5 ҳазор доллар муқаррар карда буд, ки назар ба соли гузашта 2 ҳазор сомонӣ, ё ягон 180 доллар арзонтар аст. Вале зоирон мегӯянд, бар иловаи нархи расмӣ аз онҳо пардохтҳои сарборие, чун обуна ба нашрияҳои расмӣ, ё кумак ба ягон ятимхона ё мактабро ҳам талаб мекунанд.

Сафари зоирони тоҷик ба Ҳаҷ имсол дар пасманзари як маъракаи густардаи таблиғотӣ бо танқиди сафари сокинон ба Ҳаҷ,  ташвиқи онҳоро барои ба ҷои Ҳаҷ ба корҳои хайрия бартарӣ додан ва дар доираи оила маҳдуд шудани маъракаҳои гуселу пешвозгирии ҳоҷиён оғоз ёфт.

Ҳаҷ яке аз фарзҳои дини Ислом буда, ҳадди ақал як бор зиёрати Ҳаҷ барои ҳар мусулмоне, ки қудрат ва тавоноияш, аз ҷумлаи қобилияти молиявиашро дорад, фарз мебошад.

Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба сафари Ҳаҷ мераванд. Арабистони Саудӣ имсол барои Тоҷикистон наздики 7 ҳазор ҳисса барои сафари Ҳаҷ ҷудо кардааст.

Ин ба истиснои ҳазорон нафарест, ки ҳар сол барои адои Ҳаҷҷи умра ё Ҳаҷҷи хурд ба Маккаю Мадина мераванд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи март дар мулоқот бо ходимони дин хабар дод, ки дар як соли охир 62 ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон Ҳаҷҷи умра карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ, ё наздики 110 миллион доллар сарф кардаанд. Ӯ аз сокинон хост, ки ба ҷои Ҳаҷҷи умра бештар ба амалҳои хайрия машғул шаванд.

Дар пайи ин суханони Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар як маъракаи густардаи таблиғоти зидди Ҳаҷ роҳандозӣ гардида, аз ҷумла дар матбуоти расмӣ нашри хабарҳо дар бораи шаҳрвандоне, ки пули Ҳаҷҷи худро барои сохтмони ягон пул ё роҳ ваё мактаб ё бунгоҳи тиббӣ дар деҳаашон сарф кардаанд, афзоиш ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон дар он суханрониаш ҳамчунин аз он интиқод карда буд, ки маросими гуселу пешвозгирии ҳоҷиён ба маъракаҳои хеле пурхарҷ табдил ёфтаанд ва гоҳо хароҷоти ин маъракаҳо хеле бештар аз хароҷоти сафари Маккаву Мадина шуда, оилаҳоро дар қарз ғарқ мекунад.

Ба дунбол, рӯзи 8 май Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон як баста тағйирот ба қонуни танзими ҷашну маросимро қабул кард, ки бар асоси он, тамоми маъракаҳои марбут ба гуселу пешвозгирии ҳоҷиён, аз ҷумла “Ҳоҷизиёрат” ва “Ҳоҷиталбон” сирф дар доираи аҳли оила маҳдуд карда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button