ВидеоҚиссаҳои муҳоҷиронМуҳоҷиронҲодиса

ПОЁНИ ИШҚИ ДОНИШҶӮИ ТОҶИК ВА МУАЛЛИМАИ ДОНИШГОҲ: ЯКЕ ДАР ЗЕРИ ХОК, ДУЮМӢ – ДАР ЗИНДОН… (7 АКС)

Ориф Менглибоев, донишҷӯи 28-солаи соли чоруми риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Вологдаи Русия дар қатли устоди 36-солаи ин донишгоҳ Таисия Тулина айбдор мешавад. Бино ба иттилои дарёфтӣ, байни онҳо муносибатҳои ошиқона будааст ва гӯё рашк сабаби муноқиша ва куштори муаллима аз сӯи донишҷӯи дӯстдоштааш шудааст.

Куштор рӯзи 7 июни соли 2024 дар манзили Тулина дар кӯчаи маршал Коневи шаҳри Вологда рух додааст. Бино ба фарзияи хадамоти матбуоти раёсати тафтишоти вилояти Вологда, “сокини 28-солаи Вологда дар заминаи хусумати шахсии бавуҷудомада тасмим гирифт, ки зани шиносашро, ки қаблан бо ӯ робитаҳои наздик дошт, бикушад. Рӯзи 7 июни соли 2024 мард ба хонаи он зан дар кӯчаи Коневи шаҳри Вологда омад. Дар онҷо ӯ зани 36-соларо буғӣ карда, ба ахзои ҳаётан муҳими бадани вай чанд зарбаи корд зад”.

Дар иттилоияи расмӣ дар бораи сабаби муноқишаи байни донишҷӯ ва устоди донишгоҳ чизе ба ҷуз аз “хусумати шахсии бавуҷудомада” гуфта нашудааст, вале баъди куштани Таисия Тулина Менглибоев кӯшиш кардааст, ки худашро ҳам бикушад, вале ноком шудааст.

Ӯро бо захми корд дар қафаси сина аввал дар бемористони маъмулӣ бистарӣ карда, баъди онки додгоҳ қарори ҳабси пешакиашро баровард, ба беморхонаи маҳбас интиқол додаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми якуми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Бар асоси ин банди қонун ба Ориф Менглибоев аз 6 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Муаллимаро рӯзи 11 июн ба хок супурданд. Аз Таисия Тулина ду фарҳанд, ки яке 12 сол ва яке ҳамагӣ 7 моҳ доранд, ятим монданд.

Таисия Михайловна Тулина  дотсенти кафедраи менеҷменти инноватсионӣ ва идоракунии лоиҳаҳо дар Донишкадаи идоракунӣ, иқтисод ва ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Вологда буд ва яке аз устодони беҳтарини ин мактаби олӣ ба шумор мерафт. Ӯ соли 2021 ба даври ниманиҳоии озмуни “Лигаи лекторони Русия” роҳ ёфта, соли 2022 рисолаи илмиашро ҳимоя кард ва сазовори унвони номзади илмҳои иқтисод шуда буд.

Ориф Менглибоев низ аз ҷумлаи донишҷӯёни фаъол ва пешқадами Донишгоҳи Вологда дониста мешуд. Ӯ ҳатто раиси Иттиҳодияи донишҷӯёни хориҷии ин донишгоҳ буд ва дар расонаҳо дар бораи хубиҳои таҳсил дар Русия доим мусоҳиба медод.

Аз ҷумла 7 ноябри соли 2023, дуруст 7 моҳ қабл аз куштани Таисия Тулина, Ориф Менглибоев дар мусоҳиба бо ТВ Вологда қисса карда буд, ки ӯ ҳангоми таҳсил дар инҷо ишқи худро пайдо кард ва акнун мехоҳад бо ӯ издивоҷ кунад:

“Вақте ки ман дар Ватанам зиндагӣ доштам, бисёр мешунидам, ки духтарони аз ҳама зебо дар Русияанд. Ман инро зиёд ҷиддӣ намегирифтам. Вале вақте ба ин ҷо омадам, ба ин боварӣ ҳосил кардам. Ман дар ин ҷо ба як духтар дил бохтам. Ӯ барои ман аз ҳама зебост ва ман мехоҳам ба ӯ издивоҷ кунам”.

Достони ишқи кӯтоҳ ва ба чунин сурати талху фоҷиавӣ  ба поён расидаи ишқи Орифу Таисияро яке аз расонаҳои маҳаллӣ дар чанд ҷумла чунин қиссаву хулоса кардааст:

“Ин зан ду фарзанд дошт, вале чунин иттифоқ уфтод, ки ӯ дар донишгоҳ бо як донишҷӯи тоҷик шинос шуд. Ин донишҷӯ низ дар донишгоҳ обрӯманд буд. Ҷиддиву бомулоҳиза буд ва ба русӣ низ хуб ҳарф мезад. Дар чорабиниҳои донишгоҳ дар мавзӯи таҳкими дӯстии байни миллатҳо ин донишҷӯ ба расонаҳои маҳаллӣ ҳамеша аз он нақл мекард, ки аз зиндагӣ дар Русия  хушаш меояд.
Байни муаллимаву донишҷӯи муҳоҷир ишқ сар шуд. Албатта, ин боиси ба вуҷуд омадани овозаҳо дар донишгоҳ шуд, вале дар умум касе онҳоро маҳкум намекард. Чунки ҳарду баркамол буданд. Муаллима 36 сол дошт, он донишҷӯ 28 сол ва имрӯз ё пагоҳ таҳсилро ҳам ба поён меовард. Аммо ин ишқ дар ниҳоят бо фоҷиа анҷомид. Дар хонаи муаллима дар кӯчаи маршал Конев байни ошиқон ҷанҷол бархост. Фарзияе ҳаст, ки донишҷӯи муҳоҷир Таисияро ба хиёнат гумонбар карда, бо ӯ ҷанҷол орост ва дар авҷи ин ҷанҷол ӯро кушт. Вақте фаҳмид, ки чӣ кор кардааст, худро ҳам куштанӣ шуд, вале муваффақ нашуд…”

Ниҳояти талху фоҷиабори ин достони ишқ ин шуд, ки Таисия Тулина дар зери хок хуфтаву ду кӯдакаш ятим монд ва ошиқи ӯ, ки дар ниҳоят қотилаш шуд, бо захми корд дар қафаси синааш дар бемористони маҳбас хобидааст ва ба ӯ солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад…

Вологда  шаҳрест бо 311 ҳазор аҳолӣ дар шимоли қисмати аврупоии Русия, воқеъ дар 450-километрии шимоли Маскав ва 650-километрии шарқи Санкт-Петербург.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button