ШАШ МАҲБУС КОРМАНДОНИ СИЗОИ ШАҲРИ РОСТОВРО ГАРАВГОН ГИРИФТААНД (ВИДЕО)
Субҳи барвақти 16 июни соли 2024 шаш маҳбус ду корманди боздоштгоҳи №1 (СИЗО-1)-и дар шаҳри Ростови лаби Дон дар ҷануби Русия – сардори шуъбаи фаврии ин муассиса ва як зиндонбонро гаравгон гирифтанд. Гаравгонгирони мусаллаҳ бо корд ва “заточка” дар видео талаб гузоштанд, ки ба онҳо мошину силоҳ ва имкони хуруҷ аз боздоштгоҳ ва аз Русияро бидиҳанд. Дар ин сурат онҳо ваъда додаанд, ки гаравгонҳоро озод мекунанд.
Дар видео яке аз гаравгонирон, ки марди ҷавоне бо риши дароз аст, таҳдид мекунад, ки онҳо зинда таслим шуданӣ нестанд. Дар паҳлуи ӯ як ҷавони дигари қадаш паст бо мӯи сар ва риши рангаш зард парчами сиёҳии созмони террористии ДОИШ дар даст намудор мешавад.
Бо бонги изтироб нирӯҳои пулиси Росгвардия, аз ҷумла нирӯҳои ОМОН, ҳамчунин нирӯҳои вижаи ФСИН, хадамоти зиндонҳои Русияро ба ҷои ҳодиса сафарбар кардаанд ва гирду атрофи бинои боздоштгоҳ ва кӯчаҳои атрофи он алакай печонида шудаанд.
Телеграм-канали “База” бо такя ба манобеи худ номи ҳамаи 6 гаравгонгирро нашр кард. Ҳамаи онҳо зодагони ҷумҳурии Ингуштистони Русия будаанд ва аксаран барои ҷиноятҳои марбут ба терроризм зиндонӣ шуда, дар арафаи интиқолашон ба маҳбасҳо қарор доштаанд. Дар ин боздоштгоҳи Ростов асосан онҳоеро нигоҳ медоранд, ки ба терроризм айбдор мешаванд ва парвандаҳояшонро додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубии Русия, ки қароргоҳаш дар Ростов аст, баррасӣ мекунад.
Ба иттилои “База”, гаравгонгирон инҳоянд:
1) Сайфудинов М.Ш (моддаи 161, қисми 2, моддаи 162 Кодекси ҷиноятии Русия)
2) Тситскиев А.М (моддаи 205.5, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Русия)
3) Камнеев Д.В (моддаи 288.2, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Русия)
4) Гиреев Т.М (моддаи 205.5, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Русия)
5) Акиев Ш.А (моддаи 205.5, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Русия)
6) собиқ донишҷӯи 22-солаи Академияи тиббии шаҳри Астрахан Малик Гандалоев.
Гандалоев моҳи марти соли 2023 дар як ҷангал дар Ингушистон ҳамроҳи бародар ва як дӯсташ дастгир шуда буд. Аз наздикии маҳалли боздошти онҳо дар ҷангале дар атрофи деҳаи Алхасти аз як пинҳонгоҳ бомби худсохт, маводи тарканда ва хӯрокворӣ пайдо карда буданд ва Гандалоев ва Ҳамадовро бо ҷурми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи тарканда маҳкум ба зиндон карданд.
Гиреев, Акиев ва Тситскиев бошанд моҳи декабри соли 2023 бо ҷурми узвият дар ДОИШ ва омодагӣ ба ҳамла ба бинои Додгоҳи олии ҷумҳурии Қарачаю Черкес мутаносибан дуи аввал ба 18 сол ва Тситскиев ба 18 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуда буданд.
Ба иттилои “База”, нақшаи гаравгонгирӣ дар СИЗОи Ростов чанд моҳ боз омода мешуд ва дар ин муддат тавонистанд барои ин 6 нафар аз берун силоҳу васоили алоқа ва ҳатто байрақҳои сиёҳи ДОИШро дароварда, ба дасташон бидиҳанд. Бино ба иттилои муқаддамотӣ, ин 6 нафар дар ҳуҷраҳои гуногуни боздоштгоҳ нигоҳ дошта мешуданд, вале ин монеъ нашудааст, ки онҳо нақшаи ҳамларо бикашанд ва амалӣ кунанд.
Субҳи барвақти 16 июни соли 2024 Гиреев, Акиев ва Тситскиев панҷараи оҳанини тирезаи ҳуҷраашонро зада шикаста, ба берун баромаданд ва сипас вориди қисми навбатдорӣ шуда, сардори шуъбаи фаврӣ ва як зиндонбонро асир гирифтанд. Сипас ба онҳо се шарики дигарашон ҳамроҳ шудаанд.