Коррупсия

ИН АЛАКАЙ ДУЮМАШ! БОЗ ЯК КОРМАНДИ АНДОЗИ ШАҲРИ ВАҲДАТРО ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА ҚАПИДАНД

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14 июни соли 2024 аз ошкор шудани боз як ҳолати гирифтани пора аз тарафи корманди Нозироти андози шаҳри Ваҳдат ва ҳамчунин аз боздошти корманди муассисаи давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ваҳдат бо иттиҳоми қаллобӣ хабар дод. Дар ҳафтаи ҷорӣ Агентӣ инак аз боздошти 2 корманди андози Ваҳдат барои гирифтани пора хабар дод.

Маркази матбуоти агентӣ гуфт, дар ҷараёнигузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Саидзода К.Б. аз 16 феврали соли 2022 то инҷониб дар вазифаи мутахассиси шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеии Нозироти андози шаҳри Ваҳдат кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш “қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт моҳи апрели соли 2024 аз шаҳрванд А.Р. барои омода карда додани маълумотнома оиди қарздор набудани падараш аз андози замин маблағи 4000 сомониро ба сифати пора талаб карда гирифтааст”.

Ғайр аз ин, гуфта мешавад, дар иттилоияи нашршуда, “Саидзода К.Б. кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, худи ҳамон вақт дар ҳамшарикӣ бо сардори шуъбаи ҳуқуқ ва кадри КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ваҳдат Рабизода Т.А. аз шаҳрванд А.Р. барои омода намудани як қатор ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи ҳуқуқи истифодабарии замин маблағи 7200 сомонӣ талаб намуданд, ки дар натиҷа Саидзода К.Б. ва Рабизода Т.А. зимни гирифтани ин миқдор маблағ аз шаҳрванд А.Р. дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз тарафи кормандони Агентӣ дастгир карда шуданд”.

Дар робита ба ҳолати мазкур нисбат ба Саидзода К.Б. бар асоси моддаҳои 319, қисми 1 ва 36, қисмҳои 3 ва 5 – 247, қисми 2, бандҳои “в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора ва қаллобӣ ва нисбат ба Рабизода Т.А. бар асоси моддаи 247, қисми 2,  бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парванда баъди анҷоми тафтиши пешакӣ алакай барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст.

Худи дастгиршудагон Саидзода ва Рабизода ваё наздикон ё адвокатҳои онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд. Ба онҳо ҷаримаи вазнин ё чанд соли зиндон таҳдид мекунад.

Бахусус ҷазо барои гирифтани пора вазнин буда, ба Саидзода бар асоси қисми якуми моддаи 319 ҳамчун ҷазо ҷаримаи ҳангуфт  ба андозаи аз 3 ҳазору 650 то  9 ҳазору 125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 262 ҳазору 900 сомонӣ то 657 ҳазор сомонӣ ваё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол таҳдид мекунад.

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  қаблан, рӯзи 11 июни соли 2024 аз ошкор шудани як ҳолати гирифтани пора аз сӯи корманди нозироти андози шаҳри Ваҳдат хабар дода буд.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Агентӣ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Ҳабибов З.К. аз 3 октябри соли 2023 то кунун дар вазифаи мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродии шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андози шаҳри Ваҳдат кору фаъолият намуда, ҳамчун шахси мансабдор дар давраи фаъолияти кориаш ба ҷинояти гирифтани пора даст задааст.

Маркази матбуоти Агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Чунончӣ, Ҳабибов З.К. зимни фаъолияти хизматиаш қасди ба даст овардани фоидаи муфтро назди худ пеша намуда, давоми моҳи марти соли 2024 аз шаҳрванд С.С. барои тартиб додани санади муқоисавӣ ва мусоидат кардан ҷиҳати қатъ намудани фаъолияти соҳибкории хешовандаш Ҳ.А., ки иҷрои амали мазкур ба доираи ваколати мансабиаш дохил мешуд, маблағи 10 000 сомониро ба сифати пора талаб карда гирифт, ки дар натиҷа аз тарафи кормандони Агентӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуд”.

Дар робита ба ҳолати мазкур нисбат ба Ҳабибов З.К. бар асоси моддаи 319, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардид. Худи Ҳабибов З.К. ваё адвокати ӯ ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Идораҳои андоз дар Тоҷикистон дар ҷумлаи ниҳодҳои фасодзадаи давлатӣ ном бурда мешаванд. Ҳар сари чанд вақт дар бораи боздошти чандин корманди андоз бо иттиҳоми гирифтани пора ва дигар ҷиноятҳои коррупсионӣ хабарҳо ба даст мерасанд. Вале таҳлилгарон мегӯянд,  ки мақомоти Тоҷикистон асосан  худро ба шикори моҳичаҳои хурди дарёи андозро андармон карда,  барои шикорҳои наҳангҳои бузурги ин дарё, ки аксараш дар радаҳои болоии ҳукумат пуштибонҳо ва ҳомиёни пурнуфуз доранд, ҷуръат намекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ду навъ гул дар Тоҷикистон худрӯй аст: яке гули лола, дигаре “гул”-и коррупсия!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button