ВАЗИФАИ НАВУ БАЛАНДТАРИ ЗАРИНА РАҲМОН – ДУХТАРИ ШАШУМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Зарина Раҳмон, духтари шашуми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва келини Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи ин ҷумҳурӣ, ба вазифаи наву баландтари муовини аввали раиси “Ориёнбонк”, дуюмин бонки аз ҳамаи бузурги кишвар таъйин шудааст. Зарина Раҳмон 30 сол дорад ва аз соли 2017 дар “Ориёнбонк”, ки раиси он тағояш Ҳасан Асадуллозода аст, ҳамчун муовини раис ифои вазифа мекард. Кай ба мақоми муовини аввали раиси “Ориёнбонк” таъйин шудани Зарина Раҳмон маълум нест, вале ин вазифа аз моҳи июни соли 2023, дар пайи рабудан ба сурати бераҳмона кушта шудани Шуҳрат Исматуллоев холӣ монда буд.
Ҳоло дар сомонаи расмии “Ориёнбонк” дар гӯшаи “Роҳбарият” номи Зарина Раҳмон ҳамчун муовини аввали раис дарҷ гардида, Одилшо Кабирову Раҷаббек Сулаймонбеков ҳамчун муовини раис, Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Илҳомҷон Раҷабов ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи муовини раис ва Мунтасир Ҳасанов ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи сармуҳосиби “Ориёнбонк” нишон дода шудаанд. Одилшо Кабиров бародари Шералӣ Кабир, вазири кунунии саноат ва фанноваринҳои навини Тоҷикистон ва яке аз афроди хеле наздик ба раиси “Ориёнбонк Ҳасан Асадуллозода буда, Маҳмадамин Маҳмадаминов то соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Созмони Милал буд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсараш Азизамоҳ Саъдуллоева, хоҳари раиси “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллозода, 9 фарзанд: 2 писар ва 7 духтар доранд. Чанд фарзанди Эмомалӣ Раҳмон дар вазифаҳои баланди давлатӣ кор мекунанд. Аз ҷумла Озода Раҳмон, духтари дуюмаш, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент, Рустами Эмомалӣ, писари калониаш, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ буда, Рухшонаи Эмомалӣ, духтари чорумаш сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир мебошад.
Зарина Раҳмон, духтари шашуми президенти Тоҷикистон, соли 1994 ба дунё омада, дар як коллеҷ дар Британияи Кабир таҳсил кардааст. Ӯ соли 2010 баъди хатми таҳсил ва бозгашт аз Британия як муддат дар телевизиони Тоҷикистон муҷрии барномаи “Ахбор” ба забони англисӣ буд ва чанд барномаи алоҳида пиромуни равоншиносӣ низ барои телевизион таҳия кард. Зарина Раҳмон соли 2013 ба Рамз Зуҳуров, писари калонии Бег Сабур издивоҷ кард.
Соли 2017 Зарина Раҳмонро дар “Ориёнбонк” ба кор гирифтанд ва якбора ҳамчун муовини раис. Ӯ он вақт ҳамагӣ 23 сол дошт.
Дар бораи духтари шашуми президент маълумоти аз ин бештар дастрас нест. Аксҳои ӯ низ дар ягон ҷо нашр нашудаанд ва ягона аксаш аз яке аз барномаҳои “Ахбор” ба забони англисӣ аз соли 2010 аст, ки Зарина Раҳмон он вақт ҳамагӣ 16 сол дошт.

Шуҳрат Исматуллоев, ки чандин сол муовини якуми раиси “Ориёнбонк” ва мушовири дасти рости Ҳасан Асадуллозода ба шумор мерафт, 23 июни соли 2023 аз назди манзилаш дар шаҳри Душанбе рабуда шуд. Ҷасади ӯро танҳо моҳи август аз дарёи Зарафшон пайдо карданд. Тафтишот ба хулосае омад, ки одамрабоён бар асоси “наводка”, яъне маълумоти додаи шарики тиҷоратии Исматуллоев Қамаруззамон Азизов, ки бо муовини аввали раиси “Ориёнбонк” тиҷорати муштараки хонасозӣ дошт, ӯро бо мақсади тасарруфи биткоинҳояш ба маблағи миллионҳо доллар рабудаанд, вале бонкдор ба шиканҷа тоб наоварда, ҷон додааст. Одамрабоён сипас ҷасади ӯро ба дарёи Зарафшон партофта фирор кардаанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи марти соли 2024 14 нафарро бо ҷурми даст доштан дар ин ҷиноят маҳкум ба зиндон кард. Аз ҷумла 5 нафар, бо шумули Қамаруззамон Азизов ва Дилшод Саидмуродов, мулаққаб ба “Дилшоди СБ” ва “Дилшоди Красавчик”, ки саркардаи одамрабоён шумурда мешавад, ба ҳабси умрбод маҳкум шуданд.
“Ориёнбонк” соли 1991 дар заминаи “Тоҷикпромстройбонк” таъсис ёфтааст. Ин бонк соли ояндаи 2025 100-солагиашро таҷлил мекунад, чунки таърихаш расман аз соли 1925, аз замони таъсиси Бонки тиҷоратии Осиёи Миёна (Среднеазиатский коммерческий банк) оғоз мегирад.
Баъди варшикаста шудани “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”, “Ориёнбонк” ба дуюмин бонки бузурги Тоҷикистон баъди бонки давлатии “Амонатбонк” табдил ёфт. Ҷамъи дороиҳои “Ориёнбонк” дар соли 2023 наздики 5,5 миллиард сомонӣ, ё тақрибан ним миллиард доллар баровард шуда, фоидаи софаш дар соли 2023 беш аз 315 миллион сомонӣ, ё беш аз 28 миллион долларро ташкил додааст.
