ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ЗАНОЗАНИИ ДУХТАРОНИ СИНФИ 8 ДАР МАКТАБИ №51

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 31 майи соли 2024 дар бораи як ҳолати занозании духтарони синфи 8 дар мактаби миёнаи №51 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ба ҷавобгарӣ кашондани падару модари 5 хонандаи ин мактаб дар пайи ин занозанӣ хабар дод.

Бино ба гузориши маркази матбуоти РВКД пойтахт, аз ҷониби кормандони он муроҷиати электронии як зани сокини шаҳри Душанбе оид ба мавриди латукӯб қарор гирифтани фарзанди ноболиғаш дар дохили мактаби миёнаи №51 ноҳияи Фирдавсӣ мавриди санҷиши ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Милитсия гуфт, тафтиш нишон дод, ки дар ин ҳодиса ҳарду тараф гунаҳкор будаанд.

“Дар натиҷаи пурсиши шоҳидони ҳодиса ва санҷиши навори камераҳои назоратии дохили муассиса, муайян карда шуд, ки санаи 31-уми майи соли ҷорӣ, тақрибан соати 9:35, ҳангоми танаффус, хонандагон – духтарони синфи 8 дар саҳни бинои мактаб аз шухӣ ба муноқиша гузашта, бо якдигар даст ба гиребон шудаанд. Санҷиши ҳодисаи мазкур собит сохт, ки дар вайрон намудани тартибот ва сар задани муноқиша байни хонандагон, ҳар ду ҷониб мусоидат намудаанд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Дар бораи ин ки оё чӣ сабаби аз гиребони ҳамдигар гирифтани духтарони мактабхон шуд?, дар гузориш чизе гуфта нашудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати панҷ нафар волидайни ноболиғон тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба додгоҳ ирсол карда шуданд. Ба онҳо барои хунукназарӣ дар тарбияи фарзандон ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 216 то 360 сомонӣ) таҳдид мекунад.

Ҳамзамон, ҷиҳати нокифоя ба роҳ мондани назорати хонандагон, ки боиси муноқиша дар дохили муассисаи таълимӣ гардидааст, бо роҳбарият ва нафарони масъули муассисаи таълимии мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.

Аммо ин нукта норӯшан боқӣ монд, ки агар муноқиша дар дохили мактаб рух дода бошад, пас чаро на маъмурияти мактаби №51, балки падару модаронро ҷазо додаанд? Падару модарон, ки , ки дар хона ё кор буданд ва аз ончӣ ки дар дохили мактаб мегузарад, хабар надоштанд…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button