АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ ЯК ЧӮПОН ВА ҚАРИБ 200 САР ЧОРВО БАР АСАРИ РАЪДУ БАРҚ ДАР САНГВОР
Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодддаи Тоҷикистон бо нашри як акс аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки дар ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара), воқеъ дар водии Рашт дар шарқи ҷумҳурӣ, бар асари раъду барқ як чӯпон аз ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл)-и вилояти Хатлон ҷони худро аз даст дода, ҳудуди 200 сар чорвои хурд низ қурбони офати табиӣ шудаанд. Ин ҳодисаи нохуш 13 июни соли 2024, шабона, дар як чарогоҳи тобистонаи воқеъ дар шаҳраки Қарашӯра, ҳаммарз бо ноҳияи Лахш (баландии 3500-3700 метр), ҳангоми боришоти шадид рух додааст.
Гуфта мешавад, ки 3 чӯпон шабона дар ҷойи аз қабл таъйиншуда хайма задаанд ва ба хайма панели батареяи хуршедиро васл кардаанд. Вале ҳатто ҳангоми тӯфони шадиду борони сахт панелро аз хайма дур накарданд ва маҳз ҳамин батареяи офтобӣ сабаби расиши барқ шудааст.
Ҳарсе чӯпон бар асари раъду барқ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, вале мутаассифона, яке аз онҳо ҷони худро аз даст додааст. Раъду барқ ҳамчунин ҳудуди 200 сар чорвои майдаро ба ҳалокат расондааст.
Бо дарёфти хабар кормандони шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Лахш ба ҷойи ҳодиса шитофта, ҷасади чӯпони ҳалокшударо аз кӯҳ пойин оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо арзи таслият ба хонаводаи ин марди ҷонбохта дар ҳодисаи ахир, як бори дигар хотиррасон мекунад, ки сокинон бояд дар ин гуна ҳолатҳо хеле эҳтиёткор бошанд.
Кумита хотиррасон мекунад, ки беҳтарин роҳи таъмини амният дар ҳоло раъдубарқ дар хона мондан аст. Вале агар шумо дар дашт бошед ё кӯҳу камар ва хатари раъду барқро эҳсос кардед ва савораед, аз хару аспатон поин шавед, дар паноҳгоҳе худро паноҳ диҳед.
Дар ин гуна ҳолатҳо чораҳои бехатариро ҷиддан риоя намоед:
– дар дохили хона ҳама гуна асбобҳои барқиро хомӯш кунед;
– дар назди тирезаҳо ва дарҳои боз наистед, ба хатҳои қубурҳои обгузар даст нарасонед;
– бояд тирезаҳои хона ва дарҳоро бипӯшед, то ин барқи курашакл ба он наафтад.
АГАР ДАР КӮЧА ВА Ё ГУЛГАШТҲО БОШЕД:
– зери дарахтони қоматбаланд паноҳ набаред, беҳтараш аз онҳо ба масофаи бехатар дуртар равед (аз 30 то 40 метр). Эҳтимоли расидани раъду барқ дар як дарахти хос ба таври мустақим бо баландии он мутаносиб аст. Хатар боз он вақт бештар мешавад, ки дар наздикии он дарахте бошад, ки аллакай аз раъду барқ зарар дидааст;
– агар дар кӯча бошед, зуд дар мағозае ё сохтмони дигаре худро паноҳ диҳед, ин гуна биноҳо назар ба истгоҳҳо бештар барои ҳимоя боэътимодтаранд;
– дӯстдорони моҳидорӣ бояд дар ҳоли раъду барқ фавран даст аз кор боздоранд ва зуд аз соҳили рӯдхонаву канал дур шаванд;
– беҳтараш ҳангоми раъду барқ агар дар кӯча бошед, телефони ҳамроҳи худро хомӯш кунед.
Бояд хотиррасон кард, ки дар асл барқ метавонад то даҳ километр дуртар аз ҷое, ки борон меборад, шакл гирад. Бинобар ин, шумо набояд шитоб кунед ва фавран пас аз борон аз паноҳгоҳ берун шавед – то даме ки раъд шунида мешавад, хатари зарбаи он боқӣ мемонад.
Барои муайян кардани дурии барқ, шумо бояд вақтро байни дурахши рӯшноӣ ва гулдуроси минбаъдаи раъд ҳисоб кунед. Суръати паҳншавии садо дар ҳаво тақрибан баробар ба 344 м/с мебошад, яъне дар 3 сония садо такрибан 1 км масофаро тай мекунад. Агар вақти барқ то садои раъд тадриҷан кам шавад, он гоҳ маълум мешавад, ки барқ ба шумо наздик мешавад ва шумо бояд паногоҳ ҷӯед. Агар раъд фаврӣ садо зад, пас бидонед, ки шумо зери як абри раъду барқ ҳастед.
Агар дидед, ки одамеро барқ зад, натарсед ва ба ӯ наздик шавед, ёрии аввалияи тиббӣ расонед. Ҷисми инсон қодир нест, ки қувваи барқи расидаро дар худ нигоҳ дорад. Як маслиҳати гумроҳкунандае вуҷуд дорад, ки гӯё шахси барқзадаро бояд чанд дақиқа зери хок кард. Ин ақидаи иштибоҳист ва пояҳои илмӣ надорад.
АГАР ШУМО ИН КОРРО АНҶОМ ДИҲЕД ВА НАФАРИ БАРҚЗАДАРО ЗЕРИ ХОК КУНЕД, ВАЗЪИ БАРҚЗАДАРО БАДТАР ВА МАРГИ ӮРО МЕТЕЗОНЕД. ҲАРГИЗ БА ЧУНИН КОР ДАСТ НАЗАНЕД!