КОРТИ БОНКИРО ДАР ВАТАН ТАҲИЯ КУНЕД, ДАР РОССИЯ ГИРЕД
Хизматрасонии нав барои шаҳрвандони Тоҷикистон: метавонед пешакӣ корти Сберро дар ташкилоти қарзӣ –шарики Сбер дар кишвари худ фармоиш диҳед ва баъдан онро дар идораи интихобшудаи хизматрасонии муштариёни Сбер дар Москва бигиред.
22 ноябри соли 2024, Москва
Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти ба Москва омаданро доранд, метавонанд фосилавӣ корти Сберро дар бонкҳои худ кушоянд. Барои ин ба бонки худ муроҷиат карда, метавонанд маҷмӯи минималии маълумотро дар бораи худ пешниҳод намоед ва интихоб кунед, ки дар кадом шӯъбаи Сбер дар Москва барои Шумо гирифтани корт қулай аст. Сбер ба бонки шарик оиди омода будани корт хабар медиҳад ва баъди он муштарӣ бояд танҳо ба идораи интихобшудаи Сбер ояд, раванди тасдиқро гузарад, шартномаи хизматрасонии бонкиро бандад, суратҳисоб кушояд ва кортро гирад.
СберКорт бартариятҳои зиёд дорад. Дар моҳи судури корт ва 3 моҳи баъди он барои хизматрасонии корт пардохт кардан лозим нест, сипас онро метавон минбаъд ҳам ройгон истифода бурд, агар ба маблағи аз 5 ҳазор рубл дар як моҳ харид намоед ё маошро ба корт гиред. Бо чунин корт метавонед дар банкоматҳо ва хазинаҳои Сбер то 300 ҳазор рубл дар як шабонарӯз бе комиссия гиред ва маблағро ба кишвари худ гузаронед (комиссия аз 1% зиёд намешавад).
Ҳамин тариқ, бо ташриф овардан ба идораи Сбер ҳамагӣ як маротиба, муштарӣ муҳимтарин хизматрасониҳои бонкиро бигирад: метавоне маблағи патенти кор дар Россияро супоред, ба наздикон маблағ гузаронед, амонат кушоед, маблағи нақд гиред ва ғайра.
Шарики аввалини Сбер дар ин лоиҳаи муҳими иҷтимоӣ ТАҚҲ “Матин” дар Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон, рӯйхати бонкҳо ва кишварҳо аллакай имсол васеъ карда мешавад.
Илова аз идора:
Суроғаи ҷойгиршавии ТАҚХ “Матин”: | Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Шарқ 84 |
Суроғаи почта: | Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, 735700, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Шарқ 84 |
Рақами тамос: | +992 44 630 25 80, +992 44 630 06 30, 7755 |
Суроғаи саҳифа дар Интернет, ки дар бораи онҳо маълумот аз ҷониби ҶДММ ТАҚХ «МАТИН» ифшо шудааст: | https://matin.tj |
Суроғаи почтаи электронӣ: | info@matin.tj |