НОМАИ ХАЙРБОДӢ
Хонандагони азизи сомонаи “Бомдод” ва тамошобинони гиромии канали “Бомдод ТВ”!
Имрӯз бо камоли таассуф мехоҳам ба самъи якояки шумо бирасонам, ки ба сабаби вазъи саломатӣ ва пеш омадани зарурати табобати тӯлонӣ маҷбур шудаам, ки аз журналистика канор биравам ва ба ин далел, идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” кори худро ба поён мерасонад.
Дар тӯли беш аз 30 соли фаъолият дар журналистикаи тоҷик даврони пуршӯреро паси сар кардам:
- кор ба ҳайси хабарнигор дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ва ҳафтаномаи мустақили “Чароғи рӯз”-и Додоҷони Атовулло – ду нашрияи пурсарусадо ва пурхонандаи аввалҳои солҳои 90,
- дарбадариҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки байни Тоҷикистону Туркманистону Русияву Туркия ва чандин кишвари дигар гузашт ва дар ин байн ду маротиба (моҳи майи соли 1995 дар Тоҷикистон ва моҳи октябри ҳамон сол дар Маскав) зиндонӣ ҳам шудам,
- 15 соли кор дар бахши тоҷикии радиои Озодӣ, ки якуним соли аввалаш дар дафтари Душанбе ва боқӣ дар қароргоҳи марказии ин радио дар шаҳри Прага гузашт, ва
- Қариб 8 соли фаъолияти пуршӯр дар ду пойгоҳи хабарии мустақили “Ахбор” ва “Бомдод”.
Ҳаққи қазоват ба Шумост, ки “Ахбор” ва “Бомдод” чӣ нақше аз худ дар журналистикаи муосири тоҷик ба ҷо гузоштанд, вале шахсан барои худи ман ҳар лаҳзаву ҳар соати кори тақрибан бидуни танаффус ва шабонарӯзӣ дар ин ду пойгоҳи хабарӣ фаромӯшношуданӣ ва моломоли часпу талошу мубориза барои ҳақиқат ва ҳаққи гуфтани сухани ҳақ, дифоъ аз мазлум(он) дар баробари золим(он), ошкор кардани фасоду коррупсия ва дигар камбудиҳои рӯзгор дар Ватани азизи мо ва атрофи он буд ва умедворам, ки аз иҷрои рисолати журналистӣ дар ин муддат баромада бошам.
Албатта, ин роҳ роҳе осону ҳамвор ва бидуни мониаву садду мушкил набуд, на ҳама аз онки мо камбудиҳои ҷомиаро ошкор мекардем, хушу розӣ буданд, бархе айбро дар оина медиданд ва ба тарафи мо санг меандохтанд бо чунин “далел”, ки “пешрафтҳои Ватанро намебинанд” ё ин ки ”амри хоҷагони худро иҷро мекунанд” ва “ба осиёби душманон об мерезанд”.
Дар яке аз ниҳодҳои қудратӣ ҳатто як шуъбаи махсуси иборат аз чанд корманд ташкил карда буданд, ки дар тӯли чандин сол аз ҳисоби ташкили маъракаи сиёҳкунӣ ба зидди “Ахбор” ва сипас “Бомдод” ва кормандони он маош мехӯрданд. Ҳоло, ки канор меравам, боз дилам каме ба ин чанд корманд месӯзад, ки аз маошашон мемонанд.
Дар ҳар сурат, хулосаам аз ин ҳама солҳои кори журналистӣ ин шуд ки, мутаассифона:
Асри ман донандаи асрор нест,
Юсуфи ман баҳри ин бозор нест.
Имрӯз ман ва ҳамкоронам бо сари баланд тарки майдон мекунем. Матлабҳои нашршуда дар сомонаҳои “Ахбор” ва “Бомдод” миллионҳо хонанда доштанд, канали “Бомдод ТВ” дар Ютуб қариб 200 ҳазор обуначӣ дорад ва видеоҳояш то имрӯз 162 миллион тамошобин ҷамъ овардаанд.
Танҳо дар як моҳи охир шумораи обуначиҳои “Бомдод ТВ” қариб 3 ҳазор нафар афзуда, видеоҳои мо 4,2 миллион тамошобин доштаанд.
Ва ин комёбии танҳо аҳли идораи “Бомдод” нест. Ин натиҷаи алоқа ва муҳаббати якояки шумо, хонандагон ва тамошобинони азизи мост, ки вақти гаронбаҳои худро дареғ надошта, ба сомонаву канали мо ҳар рӯз содиқона сар мезанед. Сипос аз якояки Шумо!
Ва сипос ба якояки кормандони гиромии “Бомдод”, ки ба сурати хастагинопазир ин ҳама сол дар канори ман буданд ва бо садоқат ва сарсупурдагӣ барои хонандагону тамошобинони азизи мо хидмат карданд! Коре, ки шумо анҷом додед, дар воқеъ сутуданист!
Албатта, хеле сахт аст баъди ин қадар сол канор рафтан аз пешаи дӯстдошта ва аз мухлисони гиромии худ. Вале ҳар инсон бояд вақти рафтанашро бидонад. Мутаассифона, фишори беморӣ ва зарурати табобати он дигар маҷоли бо тамоми нирӯ барои Шумо хидмат карданро бароям намедиҳад ва ба ҳамин сабаб, тасмим гирифтам, ки биравам.
Агар дар ин миён касеро беасос ранҷондам, ё ба ҳалли мушкилаш ба кадом далел расида натавонистам, ё касе барои ман шуда, дучори мушкил шуд, аз якоякатон узр мепурсам.
Ва бори дигар ба ҳамаатон барои ин ҳама ихлос ва муҳаббате, ки дар ин ҳама сол ба мо намоиш додед, изҳори сипос мекунам. Ҳам ба ҳамкорон ва ҳам ба якояки хонандагону тамошобинони мо!
Худованд ҳамеша нигаҳбонатон бод!
Бо арзи эҳтиром,
Мирзои Салимпур,
муассис ва сардабири сомонаҳои “Ахбор” ва “Бомдод”
Бале устод Салимпур. Дигар ба саломатии худ нигах кунед. Шумо барои ахли худатон хеле зарур хастед. Барои халки мо оббиериву кузашикани як маром аст.
Бо ин хабар ва ин номаат, ки канорагирӣ аз рисолати касбиатро маънидод мекунад, Мирзоҷони азиз, мардуми бағоят бисёреро, ки алоқамандӣ ба маҳорату истеъдоди нодири рӯзноманигориву қаламкашиатро ҷузъи буду бош донистаанд, ғамгину маъюс кардӣ. Яке аз ҳамин афродам. Вобаста ба арзишҳои милливу инсонӣ, то рӯзе ҷон дар баданам ҳаст, мояи ифтихорам мемонӣ. Се омиле таскинам медиҳад: нерӯву рисолати инсониат, ки мояи ҳамин ифтихор аст, бо туву бо мо боқист. Ва, сипас, умедам ба беҳдошти саломатиат. Ва ниҳоят, азбас меъёрҳое, ки сармашқи зиндагият буданду, боварӣ дорам, чунин хоҳанд монд, волову осмонианд, яъне тадбиранд аз ҳама гуна дилшикастагиву навмедӣ. Ба он маънӣ, ки хусумату қадрношиносиву амали дигари зиштро, ки муқобилат раво диданду рӯзгоратро мушкил ва ҳатто талх карданд, боиси дунёбезориву мамониати тансиҳатиат набояд бишаванд.
Шифои оҷилу комил ва рӯзгори осудаву муносиберо бароят орзӯ дорам.
Бо ин хабар ва ин номаат, ки канорагирӣ аз рисолати касбиатро маънидод мекунад, Мирзоҷони азиз, мардуми бағоят бисёреро, ки алоқамандӣ ба маҳорату истеъдоди нодири рӯзноманигориву қаламкашиатро ҷузъи буду бош донистаанд, ғамгину маъюс кардӣ. Яке аз ҳамин афродам. Вобаста ба арзишҳои милливу инсонӣ, то рӯзе ҷон дар баданам ҳаст, мояи ифтихорам мемонӣ. Се омиле таскинам медиҳад: нерӯву рисолати инсониат, ки мояи ҳамин ифтихор аст, бо туву бо мо боқист. Ва, сипас, умедам ба беҳдошти саломатиат. Ва ниҳоят, азбас меъёрҳое, ки сармашқи зиндагият буданду, боварӣ дорам, чунин хоҳанд монд, волову осмонианд, яъне тадбиранд аз ҳама гуна дилшикастагиву навмедӣ. Ба он маънӣ, ки хусумату қадрношиносиву амали дигари зишт, ки дигарон равоят диданду рӯзгоратро мушкил ва ҳатто талх карданд, боиси дунёбезориву мамониати тансиҳатиат набояд бишаванд.
Шифои оҷилу комил ва рӯзгори осудаву муносиберо бароят орзӯ дорам.