ВарзишМинтақа ва ҷаҳон

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ ТУРКИЯ ДАРМОНД ВА БА ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН РАФТА НАТАВОНИСТ

Сунат (Суннатулло) Абдуллоев, паҳлавони ҷавони тоҷик, ки мебоист дар чемпионати гуштини ҷаҳон байни паҳлавонони ҷавони то синни 20 дар навъи гуштини юнонию румӣ дар Испания иштирок мекард, дар ними роҳ дар Туркия дар фурудгоҳ дармондааст. Мақомоти Туркия чиптаи бозгашт надоштани гуштингири ҷавони тоҷикро баҳона карда, ба ӯ иҷозати парвоз ба Испанияро надодаанд ва Сунат Абдуллоев инак 2 рӯз боз дар фурудгоҳи Туркия дармондааст.

Дар ин бора рӯзи 4 сентябри соли 2024 канали “tajikistan_wrestling” дар Инстаграм ва мухлиси фаъоли варзиши тоҷик Фаррух Набиев дар Фейсбук хабар доданд.

Қаблан эълон шуда буд, ки аз 2 то 8 сентябри соли 2024 дар шаҳри Понтеведраи Испания чемпионати ҷаҳонии гуштин барои ҷавонони то синни 20 доир мешавад ва дар ин чемпионат Тоҷикистонро танҳо як варзишгар: Сунат Абдуллоев дар вазни 67 кг дар мусобиқоти гӯштини юнонию румӣ намояндагӣ мекунад. Ҳарифи Сунат Абдуллоев дар даври аввал низ алакай муайян шуда буд ва ӯ бояд рӯзи 3 сентябр бо Тим Патрик Бергфалказ Шветсия қувваозмоӣ мекард. Ба далели ба мусобиқа ҳозир нашудани паҳлавони тоҷик пирӯзиро доварон ба рақиби ӯ Бергфалк доданд.

Фаррух Набиев акси паёмҳои Сунат Абдуллоевро низ нашр кардааст. Ӯ менависад, ки 2 рӯз боз дар Туркия дармондааст ва ӯро ҳатто иҷозат надодаанд, ки баргашта ба Самарқанд биравад.

“Дуюм рӯз аст, ки дар Туркия маҳкам ҳастам. Билети парвози бозгашт надорӣ гуфта баҳона карданд. Агар шавад, шояд пагоҳ пас равонам мекунанд. Ранги гов маҳкамамон карданд, берунро намебинӣ. Дар инҷо антенна ҳам нест. Имконияти алоқа ҳам надорам. Аз як эронӣ телефонашро гирифтам ва ба алоқа баромадам…” – навиштааст паҳлавонбачаи тоҷик, ки дар пайи ба даст овардани медал дар чемпионати Осиё ба чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифта буд.

Дар Федератсияи гуштини Тоҷикистон ба сомонаи варзишии Sports.tj тасдиқ кардаанд, ки Сунат Абдуллоев инак 2 рӯз боз дар фурудгоҳ дармонда, имкони тарки қаламрави Туркияро надорад.

“Мо ба ин кор машғулем”, – гуфтаанд дар Федератсия ва ёдовар шудаанд, ки соли гузашта низ Сунат Абдуллоев ба далели мушкили дарёфти виза дар чемпионати ҷаҳон дар Италия иштирок карда натавонист.

Мухлисони варзиш менависанд, ин бори аввал нест, ки паҳлавонони тоҷике, ки ба намояндагӣ аз Федератсияи гуштини Тоҷикистон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ мераванд, асосан ба сабаби маблағгузорӣ нашудан дучори мушкил мешаванд.

Аз ҷумла маҳз ба сабаби набуди маблағгузорӣ тими мунтахаби гуштини юнонию румии Тоҷикистон натавонист дар мусобиқот барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Порис, ки дар шаҳри Истанбули Туркия доир мешуд, иштирок кунад. Ин боис шуд, ки ягон нафар аз Тоҷикистон дар Олимпиадаи Порис дар ин навъи гуштин иштирок накард.

Он вақт узви тими Тоҷикистон Фирӯз Мирзораҷабов дар Инстаграм навишт: “Нарафтанамон хуб шуд. Аз ин мусобиқа ҳам қарздор мешудем мисли чемпионати Осиё”. Аслам Азизов, узви дигари тими миллӣ афзуда буд: “Инро худамон медонему Худо…”

Мухлисон менависанд, мутаассифона, паҳлавонҳое, ки дар мусобиқаҳои байналмилалии гуштини юнонию румӣ аз номи Тоҷикистон иштирок мекунанд, аксаран бо пули худашон ба ин мусобиқаҳо мераванд ва дар масъалаи дарёфти виза низ кумак намегиранд. Дар натиҷа, барои муқоиса, аз Федератсияи гуштини ҷудо (дзюдо), ки паҳлавононро хуб сарпарастӣ мекунад, 7 паҳлавони тоҷик  Олимпиадаи Порис роҳхат гирифт ва 2 нафари онҳо (Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов) сазовори нишонҳои биринҷии олимпӣ шуданд.

Аз Федератсияи гуштини Тоҷикистон бошад танҳо як нафар: Виктор Рассадин дар Олимпиадаи Порис дар гуштини тарзи озод иштирок кард. Вале лозим ба зикр аст, ки Рассадин зодаи ҷумҳурии Ёқутистони Русия буда, танҳо ба далели таҳти таҳримот қарор гирифтани Русия аз номи Тоҷикистон ба Олимпиада рафт, вагарна рабте ба Тоҷикистон надорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button