МуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ФАҲМОНДАДЕҲӢ БА МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР ВИЛОЯТИ АМУРИ РУСИЯ

Абдувоҳид Ҷабборпур, шоири муҳоҷири тоҷик дар Фейсбук хабар дод, ки рӯзи 4 сентябри соли 2024  дар хобгоҳи муҳоҷирони тоҷику ӯзбек дар шаҳри Свободное дар вилояти Амур дар минтақаи Шарқи дури Русия бо раҳбарии ӯ  машварату фаҳмондадеҳӣ баргузор шуд.

Мавзӯи ин мулоқот роҳҳои ҷилавгирӣ аз эҳтимоли фирефта шудану ба доми гурӯҳҳои ифротӣ  гирифтор шудани муҳоҷирон будааст.

Ҷабборпур гуфт, ният дорад, ки бо муҳоҷирони дигар дар вилояти Амур низ чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор кунад, то ки эшон ба доми гурӯҳҳои ифротӣ наафтанд.

Ин корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирон дар ҳолест, ки гароиши муҳоҷирон ба таблиғоти воизони гуруҳҳои ифротӣ мояи нигаронии мақомоти ҳам Русия ва ҳам кишварҳои асосии муҳоҷирфирист, бавижа Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон шудааст. Бовар меравад, ки аксари зодагони Осиёи Марказӣ маҳз дар замони дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанашон ба доми таблиғоти гуруҳҳои ифротӣ меафтанд.

Қарори маълум, гуруҳҳои тундрав дар саросари ҷаҳон рӯи муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳамчун як қишри осепазир зиёд ҳисоб мекунанд ва бар инанд, ки муҳоҷирон як туъмаи осон барои даъвати он ба сӯи ба ном “ҷиҳод” мебошанд.

Нигарониҳо аз эҳтимоли ба доми гуруҳҳои тундрав афтодани муҳоҷирон дар пайи ҳамлаи хунини террористии моҳи марти соли 2024 дар канори Маскав, ки 145 кушта ба ҷо гузошт, афзоиш ёфт. То кунун номи 17 нафари муттаҳам ба даст доштан дар ин ҳамла нашр шудааст, ки мутаассифона, 16 нафари онҳо зодагони Тоҷикистонанд.

Ин ҳамла боиси хеле шадидтарин шудани муносибати мақомоти Русия нисбат ба муҳоҷирони тоҷик шуд ва дар нимаи аввали соли ҷорӣ аз Русия 17 ҳазор тоҷикро ихроҷ карданд. Барои муқоиса, дар тӯли тамоми соли 2023 аз Русия ҳамагӣ 11 ҳазор тоҷик ихроҷ шуда буд.

Ихроҷи ҳар муҳоҷири тоҷик аз Русия ба маънои аз як манбаи муҳими таъмини рӯзгораш маҳрум шудани дастикам як хонавода дар Тоҷикистон аст.

Ба ин далел, аз муҳоҷирон хоста мешавад, ки ба таблиғоти ягон гуруҳ дода нашаванд ва дар давраи дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанашон дар фикри азизони дар Ватан мондаи худ ва таъмини рӯзии онҳо бошанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button