Хабарҳои кӯтоҳҲодисаҲуқуқи инсон

СЕ ҶИНОЯТКОР ХУДРО БАРДУРӮҒ КОРМАНДИ МИЛИТСИЯ НИШОН ДОДА, АЗ ЯК СОКИНИ ПОЙТАХТ 10 ҲАЗОР ДОЛЛАР ТАЛАБ КАРДААНД

Раёсати ВКД дар ш. Душанбе 2 сентябри соли 2024 дар бораи боздошти се нафаре хабар дод, ки худро бардурӯғ кормандони милитсия муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон маблағҳои бузург тамаъ мекардаанд. Онҳо аз ҷумла як ҷавони сокини пойтахти Тоҷикистонро бардурӯғ бо таҳдиди кушодани парванда ба зиддаш тарсонда, аз вай 10 ҳазор доллар тамаъ кардаанд.

Маркази матбуоти милитсияи пойтахт хабар дод, ки кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ шаҳрвандон:

  1.  Амонзода Сулаймон, соли таваллудаш 1987,
  2. Назаров Нуралӣ соли таваллудаш 1986 ва
  3. Саймаҳмадов Вафо соли таваллудаш 1980-ро дастгир карданд.

Дастгиршудаҳо ё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи милитсия, “номбурдагон худро ҳамчун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, бо ҳар баҳона аз шаҳрвандон маблағҳои калони пулӣ талаб карда мегирифтаанд. Аз ҷумла, онҳо аз як нафар ҷавони сокини пойтахт бо далелҳои сохта, барои аз ҷавобгарӣ озод намудан 10 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда, ҳангоми гирифтани 4 ҳазору 900 доллар кормандони милитсия онҳоро дастгир карданд”.

Тафсилоти дигари парванда нашр нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир, Сулаймон Амонзода, Нуралӣ Назаров ва Вафо Саймаймаҳмадов ҳарсе дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад. Ба ин се нафар тибқи моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои тамаъҷӯӣ аз 5 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

 Аз шаҳрвандоне, ки аз ин дастгиршудагон ҷабр дидаанд, низ хоҳиш карда мешавад, ки тавассути рақами: (+992 37) 221 00 57  ба мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button