ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ 8 МУҲОҶИР АЗ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ЯК САДАМА ДАР РУСИЯ (ВИДЕО+АКС)

Рӯзи 1 сентябри соли 2024 дар як садамаи даҳшатбор дар ҳудуди вилояти Нижний Новгороди Русия бар асари бо суръати баланд ба садди байни ду хатти шоҳроҳ (отбойник) бархӯрдани минивэни тамғаи “Hyundai Grand Starex”  8 нафар ба ҳалокат расида, дастикам 5 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.  Садама  рӯзи якшанбе соати 11:00 ба вақти Маскав дар километри 357-уми шоҳроҳи федералии М-12 “Восток”дар ҳудуди ноҳияи Навашино дар ҷанубуғарби вилояти Нижний Новгород рух додааст. Гуфта мешавад, ҳамаи қурбониёни ин садама муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистонанд, ки аз марзи Қазоқистон ба тарафи Маскав равон буданд.

Вазорати тандурустии вилояти Нижний Новгород гуфт: “Бино ба маълумоти аввалия, дар садама дар шоҳроҳи федералӣ 13 нафар осеб дида, 8 тани онҳо ба ҳалокат расидаанд”.

Ин ниҳод хабар дод, ки дар ҷои ҳодиса бригадаҳои “Ёрии таъҷилӣ” аз Навашино, Викси ва Кулебак дастбакор шуда, барои ба бемористони интиқол додани захмиён ду чархболи тиббиро низ ҷалб кардаанд.

Додситонии вилоят гуфт, сабаби садамаи пурқурбонӣ дар Навашиноро таҳқиқ мекунад.

Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ронандаи “Hyundai Grand Starex”  , шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон, ки муҳоҷиронро аз марзи Қазоқистон ба тарафи Маскав мебурд, дар ҳудуди Навашино аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба  отбойник (садди байни ду хатти шоҳроҳ) бархӯрдааст. Ба эҳтимоли ғолиб,  суръати “Старекс” хеле баланд буд, чунки бар асари садама қисматҳои ин мошин ба масофаи даҳҳо метр паҳну парешон шуда буд.

Ба сабаби садамаи пурқурбонӣ ҳаракат дар километри 357-уми шоҳроҳи М-12 “Восток” ба самти Маскав муваққатан боздошта шуд.

Шоҳроҳи М-12 дар ин қисмате, ки садама рух дод, тоза моҳи сентябри соли 2023 боз шуда буд. Минтақаи Навашино аз гӯшаҳои дурафтодаи вилояти Нижний Новгород ба шумор рафта, дар канораҳои ҷанубуғарбии ин вилоят ҷойгир шудааст.

Муҳоҷироне, ки дар Русия кор мекунанд, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷику ӯзбек, маҷбуранд ҳар сари чанд вақт марзи ин кишварро убур карда, дубора баргарданд, то ки будубош ва фаъолияти кории худро дар Русия дигарбора аз сари хат аз сифр оғоз кунанд. Муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин мақсад аксар вақт аз марзи Русия бо Қазоқистон истифода мебаранд. Мутаассифона, аз роҳҳое, ки ба сӯи ин марз мебаранд, дар бораи ба садамаҳои марговар дучор шудани муҳоҷирон хабарҳои зиёд ба даст мерасанд.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button