Ҳодиса

БОЗДОШТИ 11 ХОНАНДАИ МАКТАБ ДАР ҲОЛАТИ МАСТӢ (2 АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки 11 хонандаи синфҳои 9, 10 ва 11-и мактаби миёнаи №56-и ноҳияи Синои пойтахти Тоҷмкистонро рӯзи 1 сентябри соли 2024 дар ҳолати мастӣ боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои милитсия, ин хонандагон рӯзи якшанбе, 1 сентябр, ки дар мактабҳои Тоҷикистон Рӯзи дониш ва оғози расмии соли нави таҳсил ҷашн гирифта мешуд, дар тарабхонаи “Роҳат” зиёфат ташкил карда, машруботи спиртӣ истеъмол кардаанд ва дар ҳамин ҳолати мастӣ ба дасти кормандони милитсия афтодаанд.

Маркази матбуоти милитсияи пойтахт гуфт, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба волидайни ин 11  хонандагон ва маъмурияти тарабхона протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Дар аксҳои нашркардаи милитсия дида мешавад, ки волидайни ин хонандагонро барои суҳбат бо мақомот дар толор ҷамъ овардаанд.

Худи ин хонандагон ва волидайни онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Ин ҳам маълум нест, ки дар тарабхона кӣ ба ноболиғон машрубот фурӯхтааст? Тибқи қонун, дар Тоҷикистон фурӯши ҳам машрубот ва ҳам сишору анвои дигари тамоку ба афроди зери синни 18 қатъиян манъ карда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button