САРКОКУЛ – ДЕҲАЕ, КИ 70 СОЛ БОЗ НИРӮИ БАРҚ НАДОРАД (ВИДЕО)
Деҳаи Саркокул бо онки аз маркази ҷамоати Чӯбеки ноҳияи Ҳамадонӣ дар фосилаи ҳамагӣ 8 километр ва аз маркази ноҳия, шаҳраки Москва дар фосилаи 15 километр ҷойгир шудааст, беш аз 70 сол боз нирӯи барқ надорад. Ба гуфтаи сокинонаш, дар ин муддат давлати Шӯравӣ дар инҷо побарҷо шуду фурӯ пошид ва аз истиқлол ба даст овардани Тоҷикистон ҳам инак 33 сол гузашт, вале ҳеҷ нест, ки яке аз оддитарин неъматҳои зиндагии муосир, яъне барқ то ба Саркокул қадам ранҷа кунад.
Дар Саркокул тақрибан 40 хоҷагӣ ба сар мебаранд. Деҳа об дорад, вале на барқ дораду на бунгоҳи тиббӣ. Мактаби деҳаи Саркокул танҳо то синфи 4 аст ва баъди он сокинон бояд фарзандонашонро ба маркази ҷамоат ё ноҳия ваё деҳаҳои дигаре, ки мактаби миёна доранд, бубаранд. Мутаассифона, на ҳамаи сокинони Саркокул ин имконро доранд ва дар натиҷа, аксари фарзандони ин деҳа бесавод ва аз мактабу дониш бебаҳра мемонанд.
Сокинон мегӯянд, ҳар сол ба онҳо ваъдаи то деҳаашон кашондани нирӯи барқро медиҳанд ва онҳо солҳо боз мунтазири чунин хушхабар ҳастанд, вале ҳайҳот! Ин орзуи мардум ҳеҷ нест, ки ҷомаи амал бипӯшад. Ва он ҳам дар ҳоле, ки барои мисол, аз деҳаи Киёнчашма, ки барқ дорад, то Саркокул ҳамагӣ 3 километр роҳ аст.
Бисёре аз сокинон аз бебарқӣ ба ҷон омада, аз Саркокул ба маконҳои ободтар мекӯчанд. Онҳое, ки имкони кӯчиданро надоранд, рӯ ба раҳми масъулони “Барқи Тоҷик” ва шабакаҳои барқ нишастаанд, ки оё кай то ба Саркокули онҳо ҳам хатти нирӯи барқро хоҳанд кашонд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба ҷуз аз Саркокул чандин деҳаи дигар, аз ҷумла Нуғай, Тутбулоқ ва Марғоб низ барқ надоранд.
Бино ба иттилои сардори Шабакаҳои барқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Ҷовидон Нуров, ки нашрияи “Садои мардум” соли 2021 нашр карда буд, 44 деҳа дар ин ноҳия аз барқи доимӣ танқисӣ мекашанд. “Ба маънои он ки барқ доранду аммо симчӯбҳое, ки аз тариқи он барқ дода мешаванд, фарсуда шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд”, гуфтааст Нуров.
Бино ба иттилои Шабакаҳои тақсимоти барқи минтақаи Кӯлоб, дар ноҳияи Балҷувон 29 деҳа, дар ноҳияи Фархор 22 деҳа, дар ноҳияи Шамсидддини Шоҳин (собиқ Шӯробод) 20 деҳа ва дар Мӯъминобод 19 деҳа ва дар Темурмалик 8 деҳа барқи доимӣ надоштаанд. Дар умум дар 7 ноҳияи собиқ вилояти Кӯлоб 93 деҳа аз нирӯи барқ, яке аз оддитарин неъматҳои зиндагии муосир комилан маҳрум буда, даҳҳо деҳаи дигар азоби камбарқӣ мекашанд.