ВидеоМуҳоҷирон

ХУДОИЯШРО ДОДА БУДАНД… МАҲСИДДИН БАЪДИ 40 СОЛИ ДАРБАДАРӢ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАД

Хешу табори як марди тоҷике, ки даҳҳо солро дар маҳбасҳои Русия гузаронда ахиран аз зиндони Новосибирск ба озодӣ баромад, ёфт шуданд ва ваъда додаанд, ки ӯро дар Тоҷикистон пешвоз гирифта,  ба хонаи падариаш хоҳанд бурд. Аммо онҳо мегӯянд, ки ин зодаи деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ на соли 1977, балки соли 1986, яъне 38 сол қабл ба Русия рафта буд.

Як ҷияни ин мард бо блогери шинохта Исмоил Тоҷик дар ин бора суҳбат кардааст.

Ба гуфтаи ҷиянаш, номи аслии амакаш Маҳсиддин Саидов аст, на Миралӣ Саидов. Миралӣ Саидов, ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати Исмоил Тоҷик, номи падари ӯст, ки дар Қурбоншаҳид зиндагӣ мекунад ва аз Маҳсиддин 6 сол хурдтар аст.

Ҷияни Маҳсиддин мегӯяд: “Амакам Маҳсиддин ном дошта, дар вақташ бо лақаби Маҳсиддини Сашка машҳур будааст.  Ман ӯро ягон бор надидаам, вале мегуфтанд, ки гуштини самбо машқ мекардааст ва аз бачаҳои зӯри замони худ ба шумор мерафтааст. Падарам мегуфт, ки Маҳсиддин соли 1986, вақте ки 22 сол дошт ва падари он вақт 16 сол доштааст, ба Русия рафта, баъди чанде барои одамкушӣ зиндон шудааст. Ӯ як дафъа соли 2010 аз зиндон баромад ва бо мо тамос гирифт. Аксҳояшро ҳам фиристода буд. Мо пешниҳодаш кардем, ки баргардад, вале гуфт, санадҳояшро бояд дуруст кунад. Бо ҳамин ғайб зад ва баъди 14 соли дигар, яъне соли 2024 пайдо шуд”.

Хешовандонаш дар бораи инки Маҳсиддини Сашка дар Русияро киро ва барои чӣ кушт?, маълумоте надоранд. Дар ин бора ҳам, ки соли 2010 ӯро дубора барои чӣ зиндонӣ карданд?, хешу табораш дар Восеъ хабаре надоштаанд.

Ҷиянаш мегӯяд: “Дар ин байн бобову момоямон ва аз ду додари амаки Маҳсиддин якеаш аз дунё рафтанд. Бобою момоям васият карда буданд, ки чунин як писар доранд ва вақте баргардад, нигоҳубинаш кунем. Мо ӯро ягон бор ба чашм надидаем, вале аз хуни мост ва, албатта, пешвозаш мегирему ба Қурбоншаҳид мебаремаш ва нигоҳубинаш мекунем. Инро ҳам бигӯям, ки дар ин байн чанд бор маъракаҳои оши худоияшро ҳам додем. Соли 2010, вақте бо мо тамос гирифту гуфтемаш, ки мо оши худоиятро алакай додем, ҷанҷоламон ҳам кард, ки чаро чунин кардед? Ҳамин як ё якуним моҳ пеш аз ҷамоат ба мо боз хабари мурдаашро оварданд. Бачаҳое, ки дар Новосибирск буданд, ҳама моргҳои онҷоро гаштанд, вале нишоне аз ӯ пайдо накарданд. Вале мо барои хотирҷамъӣ боз худоияшро додем. Ҳамин як ҳафта пеш гузарондем маъракаашро, ки дар канали Исмоил Тоҷик хабари зинда буданаш нашр шуд…”

Дар зери видео дар канали Исмоил Тоҷик як зан низ навиштааст, ки Маҳсиддин Саидов бародари калонии ӯст. “Асалому алейкум, бандаҳои Аллоҳ. Ман хоҳарашам, соли таваллудам 1980. Ман надидаамаш. Касе, ки ҳамин корро карда истодааст, Худо аз вай розӣ бошад. Ман бесаброна интизор…” Бисёриҳо ин хоҳарро ба муносибати баъди ин қадар сол ёфт шудани бародараш муборакбод гуфтаанд.

Дар ин муддате, ки Маҳсиддини Сашка дар маҳбас буд, дунё тағйир ёфт. Давлати СССР, ки ӯ дар даврони ҳамин давлат бори аввал зиндонӣ шуда буд, кайҳо боз аз байн рафтаву Тоҷикистон давлати мустақил гардид ва ба ҷои низоми шӯравиву сотсиалистӣ ва нақшаи бунёди коммунизм дар паҳнои Шӯравии собиқ низоми сармоядорӣ ва иқтисоди бозорӣ ҳукмфармо шуд.

Хешовандонаш мегӯянд, Маҳсиддин Саидов соли 1986 бо шиносномаи СССР ба Русия рафта буд.

Исмоил Тоҷик мегӯяд, ки ӯро аз маҳбас бо чанд варақи зарди бозмонда аз ҳамон даврони қадим ҷавоб додаанд. Бачаҳои тоҷики Новосибирск гуфтаанд, ки рӯзи душанбе, 2 сентябр Маҳсиддинро бо он варақҳои зарди дар дасташ буда ба консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск мебаранд, то ки барояш ақалан як санади бозгашт ба Ватан дуруст кунанд.

Баъди гирифтани чунин санад бачаҳо барои Маҳсиддин чиптаи парвоз харида, баъди қариб 40 соли дарбадарӣ ба Тоҷикистон равонаш мекунанд. Ба пеши хешу табораш, ки мегӯянд, бесаброна мунтазири баргаштани ӯянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button