ВидеоҶомеа

АКСИЯ БАРОИ “АЙШУ ИШРАТИ МАҶОЗӢ”: ФИСҚУ ФУҶУР ДАР ҲУҶРАҲОИ “ИМО”

Мессенҷери ИМО ба як манбаи паҳншавии фисқу фуҷур ва таблиғоти зиддиахлоқӣ дар байни корбарони тоҷик табдил ёфтааст. Дар дохили ин мессенҷер ба истилоҳ  ҳуҷраҳое ташкил карда шудаанд, ки бидуни ягон шарму ибо дар байни мардум фоҳишагиву танфурӯшӣ ва дигар рафтори берун аз ахлоқро таблиғ карда, барои ҷалби муштариён занону духтарони тоҷикро ба чунин корҳои зиддиахлоқӣ ҷалб мекунанд.

Дар видеое, ки нусхааш ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, як корбари тоҷик чӣ гуна ба доми соҳибони  “Оиладорӣ” ном яке аз чунин ҳуҷраҳои бадахлоқӣ дар ИМО  афтодани занону духтарон ва ҳама фисқу фуҷури дар ин ҳуҷраҳо мавҷударо намоиш додааст. “Бомдод” ба далелҳои ахлоқӣ қисматҳоеро, ки пур аз дашному таҳқир ва суҳбатҳои фаҳш буд, аз ин навор бурида, танҳо қисматҳои қобили нашрашро боқӣ гузошт, вагарна аз шунидани гуфтугузорҳо дар дохили ҳуҷраи “Оиладорӣ” касро ваҳшат мегирад.

Дар ин ҳуҷраи “Оиладорӣ”, тавре аз видео бармеояд, ҳатто духтарони ноболиғ низ ба танфурӯшии маҷозӣ ҷалб карда мешаванд. Ҳангоми обуна шудан ҳар нафар метавонад бо ягон номи бардурӯғ худро сабти ном кунад ва табиист, ки ноболиғон низ метавонанд бидуни ягон монеа ворид шуда, обуна шаванд ва аз муштариён дар ивази пул барои корҳои фаҳш “фармоиш” бигиранд.

Аз ҷумла ин корбар нишон медиҳад, ки чӣ гуна ба як духтари эҳтимолан ноболиғ пул мегузаронад ва ӯ дар иваз розӣ мешавад, ки бо ин мард “суҳбати эротикӣ” кунад. Дар ивази пул, ба гуфтаи ин корбар, дар “Оиладорӣ” ва дигар ҳуҷраҳои фаҳши ИМО, занону духтарони тоҷикро ба анҷоми корҳои фаҳши дигар низ водор мекунанд.

“Дар ҳуҷраи”Оиладорӣ” барои секси маҷозӣ ҳатто “аксия” ҳам эълон кардаанд! Аксия 400 рубл! Арзон шудааст мегӯянд, 400 рубл гузарон ба фалон карта ва ман дар видео тамоми корро бароят мекунам, бидуни маҳдудияти вақт то қонеъ шуданат”, нақл мекунад ин корбар дар видео.

Ӯ ҳамин тавр, аз таҳқири якдигар дар заминаи маҳалгароӣ ва ҳамчунин кушода шудани ҳатто ҳуҷраҳои алоҳидаи ҳамҷинсгароёни тоҷик дар ИМО шикоят кард ва аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хост, то ба ин масъала таваҷҷуҳ кунанд ва дастандаркорони чунин саҳифаҳоро ошкор карда, ба ҷавобгарӣ бикашонанд.

“Ман то  ҷое ки метавонистам, бо инҳо мубориза бурдам. Дар ҳуҷраҳои пур аз фаҳшашон даромада, насиҳаташон мекардам, ки ин коре, ки шумо мекунед, зидди ахлоқи тоҷикист, накунед! Ё ба маъмури ҳуҷраи “Оиладорӣ” занг зада, пурсидам, ки оё ӯ розӣ ҳаст, ки зан ё хоҳари худаш дар ин ҳуҷра обуна шаваду дар иваз пул ин корҳои фаҳшро кунад? Вале ҳар боре, ки ман забон ба насиҳати онҳо мекушодам, маро аз ҳуҷраашон пок ва номамро блок мекарданд”, мегӯяд ин нафар.

Як зан мегӯяд, ки ӯ тасодуфан вориди ҳуҷраи “Оиладорӣ” шуд, чунки дар таблиғоташ сухан дар бораи баҳсу баррасии масоили оиладорӣ мерафт.

“Аввал суҳбатҳо муаддабона буданд, вале баъд пешниҳодам карданд, ки пулат мегузаронем, ҳамммом дарою синаатро луч кун. Гуфтамашон, ки мефаҳмед, чӣ мехоҳед? Ман се кӯдак дорам, шавҳарам дар Русия, дар мардикорист…” нақл кард ин зан.

 Муаллифи видео дар бораи фисқу фуҷур дар ҳуҷраи “Оиладорӣ” мегӯяд, ин масъала хеле ҷиддист ва мақомот бояд ба он машғул шаванд, чунки  идомаи фаъолияти чунин ҳуҷраҳои фаҳш мардуми моро ҳарчӣ бештар ба домани фасоди ахлоқӣ тела медиҳад ва шояд фардо ислоҳи ин кор дигар дер шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button