ЯК ҲАМВАТАНИ МО БАЪДИ 47 СОЛ (!!!) АЗ МАҲБАСИ РУСИЯ ОЗОД ШУДААСТ
Ҷамшед Саидалиев, як блогери тоҷик рӯзи 31 август дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси марди солхӯрдаеро нашр кард ва хабар дод, ки ин мард тоҷик аст ва баъди 47 соли дар зиндон адои ҳукм кардан ба тозагӣ аз маҳбаси Новосибирски Русия озод шудааст.
Гуфта мешавад, ин одам Саидов Миралӣ ном дошта, ба гуфтаи худаш, аз деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ будааст ва бори аввал 47 сол қабл, яъне соли 1977, ки ҳанӯз СССР побарҷо буду Тоҷикистон як қисми он буд, зиндонӣ шудааст.
Дар санаде, ки аз маҳбаси Новосибирск барояш додаанд, навишта шудааст, ки ӯ Саидов Миралӣ ном дошта, суроғааш деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеи Тоҷикистон аст.
Худи Саидов Миралӣ дар бораи дар Қурбоншаҳид то ҳол будани хешовандонаш ягон маълумот надоштааст. Ин ҳам маълум нест, ки ӯ чанд бор ва бо кадом ҷурмҳо зиндонӣ шудааст, ки 47 соли умраш, яъне аксари зиндагиаш дар паси панҷара гузаштааст?
Дар навор гуфта мешавад, ки бачаҳои тоҷики Новосибирск омодаанд, ки хароҷоти роҳи Саидов Миралиро пардохт карда, ӯро ба Ватан бифиристанд, вале хешовандони ӯро меҷӯянд, ки дар Ватан истиқболу роҳнамоӣ ва дар зодгоҳаш ҷобаҷояш кунанд.
Аз онҳое, ки ин нафарро мешиносанд, хоҳиш карда мешавад, ки тавассути ВатсАпп бо рақами +7 992 161 94 38 занг бизананд.
Дар майдони баҳси зери ин навор бисёриҳо аз он изҳори таассуф кардаанд, ки ин марди бечора қариб тамоми умрашро дар маҳбас сипарӣ кардааст. Бисёриҳо пурсидаанд, ки ӯ чӣ гуноҳе карда, ки ин қадар солро паси панҷара гузарондааст? Бархе ҳадс задаанд, ки ин мард шояд чанд маротиба гаштаву баргашта зиндонӣ шудааст, вагарна 47 сол ҳукми зиндон вуҷуд надорад. Дар давраи Шӯравӣ ҳукми ҳадди аксар 25 сол буд.
Яке аз корбарон бо номи Назарзода Ҳамид навиштааст, ки ӯ Саидов Миралиро шинохт. “Ҳамсояи ман мебошад. ба телефони ман занг занед, ман омада, мебарамаш”, навиштааст Ҳамид Назарзода.
Латофат Ибрагимова аз умри барҳадар рафтаи ин мард афсӯс хӯрда, навиштааст: “Оҳ дунёи бевафо… Одамият чӣ гуна гуноҳ кунад, ки ҷурмаш 47 сол дар зиндон шиштан шавад? Инхел шуданаш мумкин аст? Ҳайфи умр, ҳайфи ними умру зиндагии барбод рафтааш. Аз шунидани ин хабар ҷигарам пора шуд. Наход 47 сол дар зиндон бошиву аз худ хабар надиҳӣ ё касе аз наздикон кофтукобат накунанду суроғат накунанд? Бечора дар сину соли хеле ҷавон зиндонӣ шуда будааст. Ҳайф… Худованд сабратон диҳад”.