ЗОДРӮЗИ ГЕНЕРАЛ ШОҲРУХ САИДЗОДА – САРДОРИ МИЛИТСИЯИ ДУШАНБЕ, ДӮСТИ НАЗДИК ВА УЗВИ КАЛИДИИ КОМАНДАИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ
Генерал-майори милитсия Шоҳрух Абдуфаттоҳ Саидзода – сардори раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва президенти дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе рӯзи 30 август ба синни 38 расид. Генерали ҷавон, ки 7 соли охир раҳбарии раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистонро бар уҳда дошт, имсол зодрӯзашро дар мақоми баландтари сардори милитсияи пойтахт, шаҳри Душанбе таҷлил мекунад. Ӯ ба ин мақом тоза 7 июни соли 2024 таъйин шуд. Бовар меравад, ки ин мақоми охирин дар карйераи ӯ нест.
Шоҳрух Саидзодаро ба далели дӯстиаш бо шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва наздикиаш ба хонаводаи президент аз кадрҳои ояндадори ҳукумати имрӯза ном мебаранд. Нозирони умур аз ҳоло рақам мезананд, ки дар сурати интиқоли қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба писараш, Шоҳрух Саидзода метавонад як узви калидии ҳукумати ояндаи Рустами Эмомалӣ шавад. Интизори аксар ин аст, ки бо омадани ин намояндагон насли ҷавон, тағйироти ҷиддие дар Тоҷикистон ба гунае, ки дар Ӯзбекистон бо омадани Шавкат Мирзиёев шоҳидаш шудем, сурат хоҳад гирифт ва аз он вопасгароии ҷиноҳи иртиҷоии “ястребҳо”, ки чанд соли охир сози аввалро дар арши сиёсии Тоҷикистон онҳо менавохтанд, дар аҳди Рустаму командаи ӯ дигар асаре боқӣ нахоҳад монд.
Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи “СССР” дар зодрӯзи Шоҳрух Саидзода дар Фейсбук навишт:
“Шоҳрух Саидзода аз насли тиллоист! Насле, ки дар борааш мегуянд, “Золотое поколение”. Дар назари мо ин насл эркатулфорҳо, пулмастон ва афроди болотар аз қонун аст. Вале ин назари мо комилан хатост. Зеро аз соате Шоҳрух Саидзодаро мешносам, ӯ 1 ҷавони ғайюр, пурдониш, хирадманд, ҷавонмард, қонунпараст ва патриот аст. Шоҳрух амалан, дар рафтору гуфтору пиндори хеш собит кард, ки “Командаи Рустами Эмомалӣ” реалӣ ояндаи ин миллату ин давлатанд. Ҳар ҷое пояшро мегузорад, тартиб, низом, қонун ҳукмрон мегардад. Дар тӯли беш аз 20 сол 1 ҳарфи ноҷо на аз ӯ ва на дар бораи ӯ нашнидаам. Муҳимтар аз ин ҳама: ҷавонони пойтахт имрӯз ба ӯ эътимод доранд ва ба ӯ пайравӣ мекунанд.
Шахсан ман ба ин ҷавонон, ки намояндаи беҳтаринашон Шоҳрух аст, бовар дорам. Бовар дорам, ки ояндаи давлату миллат рахшон аст”.
Шоҳрух Саидзода бо онки ҳамагӣ 38 сол дорад, алакай дар арши сиёсии Тоҷикистон ҷойгоҳи баландеро соҳиб шудааст. Вале боз ҳам муҳим он нест, ки ӯ имрӯз чӣ ҷойгоҳ дорад? Муҳим он аст, ки ӯ дар оянда, дар сурати ба мақоми аввал омадани дӯсташ Рустами Эмомалӣ ба куҷо ва кадом мақом хоҳад расид?
Шоҳрух Саидзода 30 августи соли 1986 ба дунё омада, ҳанӯз дар айёми донишҷӯӣ ҳамроҳи Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанберо таъсис дод, ки инак шумораи аз ҳама бештари унвонҳои қаҳрамон ва барандаи Ҷому Шоҳҷоми футболи Тоҷикистонро ба даст оварда, амалан тими №1 дар футболи муосири тоҷик дониста мешавад.
Дар соли 2016 президенти “Истиқлол” Шоҳрух Саидзода ба таври ногаҳонӣ ба вазорати корҳои дохилӣ ба кор омад ва якбора муовини сардори раёсати кофтукови ҷиноӣ таъйин шуд. Моҳи апрели соли 2017 Саидзода иҷрокунандаи вазифаи сардори ин раёсат ва 12 декабри ҳамон сол расман сардори раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон таъйин шуд. 7 июни соли 2024, Шоҳрух Саидзода ба мақоми сардори милитсияи Душанбе таъйин шуд.
Шоҳрух Саидзода писари генерал Абдуфаттоҳи Ғоиб (Фаттоҳ Саидов), як узви қаблан хеле пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон аст. Падари ӯ солҳои тӯлонӣ дар мақомҳои баланди сардори Агентии мубориза бо коррупсия ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон кор кардааст. Абдуфаттоҳи Ғоиб моҳи январи соли 2018 аз раҳбарии Хадамоти гумрук рафт ва баъди он бар хилофи интизорот, ба далелҳои то ҳол норӯшан дигар ба ягон мансаби нав таъйин нашуд.
Нозирони умур инро ба ихтилофи байни кланҳои мухталиф дар арши сиёсии Тоҷикистон бастагӣ медиҳанд. Вале ин фарзия ҳам дар миён ҳаст, ки шояд Абдуфаттоҳи Ғоибро ба хотири ба мадди аввал баровардани карйераи писараш Шоҳрух ба ҳошия танг карданд. Чунин мавридҳои аз мансаб гузаштани падарон ба хотири фарзандони худ дар арши сиёсии Тоҷикистон кам нест. Аз ҷумла Матлубхон Давлатов мақоми муовини аввали сарвазирро барои ҷиянаш Давлаталии Саид холӣ кард. Давлаталӣ Саид имсол раиси вилояти Хатлон шуд.
Ё Абдулмаҷид Достиев аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Русия ба нафақа рафт ва писараш Фарҳод Салим ба дунбол сафири Тоҷикистон дар Амрико ва сипас муовини аввали вазири хориҷа таъйин шуд. Ҳамин тавр, соли 2017 Муҳаммадсаид Убайдуллоев мақоми шаҳрдори Душанберо ва моҳи апрели соли 2020 охирин мансаби расмиаш: раҳбарии Маҷлиси миллиро барои Рустами Эмомалӣ холӣ кард ва дигар барои карйераи фарзандонаш мухлисӣ мекунад, ки писари калониаш Ҷамолиддин Убайдуллоев сафири Тоҷикистон дар Фаронса асту писари дуюмаш Амирҷон то чанд моҳи пеш дар як мақоми баланд дар дастгоҳи президент кор мекард.
Бисёриҳо мутмаинанд, ки курсии сардори милитсияи пойтахт барои Шоҳрух Саидзода охирин қуллаи карйера нест. Гузашта аз ин, дар сурати амалӣ шудани сенарияи интиқоли қудрат аз падар ва писар ва ба мақоми президент омадани Рустами Эмомалӣ, Шоҳрух Саидзода метавонад ба як узви калидии ҳукумати ояндаи ӯ табдил биёбад.
Шоҳрух Саидзода аз наздиктарин дӯстони Рустами Эмомалӣ ба шумор рафта, ба гуфтаи бархе манобеъ, президент Эмомалӣ Раҳмон низ ӯро писархонд гирифтааст.
Шоҳрух Саидзода аз намояндагони ба истилоҳ “ҷиноҳи кабӯтарон” дар ҳукумати кунунӣ дониста мешавад. Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД таҳти роҳбарии ӯ шеваҳои, барои мисол, дар муқоиса бо УБОП, нармтари бархӯрд бо фаъолони оппозитсияро дунбол мекунад ва қаблан гуфта мешуд, ки як идда аз фаъолони созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи ҳизби наҳзати ислом (ҲНИТ) ва “Гуруҳи 24”, аз ҷумла муовини собиқи раҳбари “Гуруҳи 24” Собир Валиев, мазҳ бо миёнаравии зердастони Шоҳрух Саидзода ва кафолати шахсан худи ӯ бо ваъдаи афв ба Тоҷикистон баргаштанд.
Ӯро дар ҷумлаи номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми вазири корҳои дохилӣ дар сурати аз ин мақом рафтани Рамазон Раҳимзода ном мебаранд. Бархе манобеъ мегӯянд, дар ҳукумати ояндаи Рустами Эмомалӣ Шоҳрух Саидзода шояд роҳбарии Кумитаи давлатии амнияти миллиро, ки феълан умураш дар дасти Саймумин Ятимов аст, ба дасти худ бигирад.
ТАРҶУМАИ ҲОЛИ ШОҲРУХ САИДЗОДА
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Сардори Раёсат: Саидзода Шоҳрух – генерал-майори милитсия, 30-юми августи соли 1986 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии иқтисодӣ ва олии ҳуқуқшиносӣ. Ҳамзамон соли 2019 факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро хатм намудааст. Хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ: аз соли 2012.
Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Аз он ҷумла, ба вазифаи муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 19 апрели соли 2017 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 12 декабри соли 2017 ба вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, фаъолият намудааст.
7 июни соли 2024 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Шоҳрух ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъйин гардида, фаъолият намуда истодааст.
Мавсуф барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва нишон додани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо мукофоти давлатӣ – медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст.
Ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо ва бо нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ» қадрдонӣ гардидааст.
Саидзода Шоҳрух дар баробари фаъолияти хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ дар корҳои ҷамъиятии кишвар фаъолона иштирок намуда, дар рушду нумӯи соҳаи варзиш, аз он ҷумла футбол ва якҳарбаҳои шарқӣ саҳми назаррас мегузорад.