ТАФСИЛОТИ ПАРВАНДАИ 5 МУТТАҲАМИ НАВ ДАР ҲАМЛАИ “КРОКУС”: ДАР ДОҒИСТОН КОР МЕКАРДАНД, БА ТЕРРОРИСТҲО СИЛОҲ ФИРИСТОДААНД
Дар бораи 5 муттаҳами нав дар парвандаи пурсарусадои ҳамлаи террористии “Крокус Сити Ҳолл” бархе тафсилот маълум шудааст. Бархе манобеъ ҳамаи онҳоро зодагони Тоҷикистон меноманд, вале хабаргузории русии ТАСС бо такя ба манобеи худ танҳо се нафари онҳоро аз Тоҷикистон гуфт. Номи ин 5 нафар рӯзи 29 август, вақте маълум шуд, ки додгоҳи ноҳияи Басманнийи пойтахти Русия замони онҳоро то 3 моҳи дигар, то 1 декабри соли 2024 тамдид кард.
Нашрияи русии “КоммерсантЪ” рӯзи 30 август хабар дод, ки ин 5 нафар:
✅Гадоев Шаҳромҷон Насимович;
✅Исмоилов Зубайдулло Авайдуллоевич;
✅Солиев Мустақим Абдуманонович;
✅Солиев Умедҷон Абдуманонович;
✅Ҳамидов Ҳусейн Абдурасулович 31 марти соли 2024 дар ҷараёни амалиёти вижае дар ҷумҳурии Доғистон дастгир шуданд. Ин 5 нафар дар сохтмонҳои шаҳрҳои Махачқалъа ва Каспийск ба чидани кафел машғул будаанд. Онҳоро ба фиристодани силоҳ ба террористҳое, ки шоми 22 март ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, пойтахти Русия ҳамла карданд, айбдор мекунанд. Бовар меравад, ки ҳамлагаронро бо тиру силоҳ ва пул маҳз аз Доғистон таъмин кардаанд.
“КоммерсантЪ” ҳамон вақт хабар дода буд, ки додгоҳи Махачқалъа ин афродро бори нахуст дар аввали моҳи апрел ба ҳабс гирифт ва рӯзи 1 июн муҳлати ҳабсашонро тамдид кард. Аз ҷумла ҳукми ҳабси Шаҳромҷон Гадоев (соли таваллудаш 2000) ва Мустақим Солиев (соли таваллудаш 2003) рӯзи 3 апрел содир шуд ва тавре баъдан Зарема Мамаева, сухангӯи Додгоҳи олии Доғистон хабар дод, додгоҳи ноҳияи Совети шаҳри Махачқалъа рӯзи 4 апрел Зубайдулло Исмоилов, Умедҷон Солиев ва Ҳусейна Ҳамидовро низ то 1 июн ба ҳабс гирифт. 4 нафари онҳо ба терроризм ва муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва якеи дигар танҳо ба терроризм айбдор мешуданд.
Бино ба маводи парванда, ин афрод ба саффаи созмони террористии байналмилалӣ пайваста, моҳи феврали соли 2024 дуи онҳо силоҳу маводи тарканда ба даст оварда, дар манзилашон дар шаҳри Каспийск пинҳон кардаанд.
Маркази матбуоти ФСБ рӯзи 1 апрел хабар дод, ки “4 хориҷии дар Доғистон дастгиршуда узви шуъбаи террористӣ буда, мустақиман дар таъмини пулу силоҳ барои омилони ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Cити Холл” иштирок карда, ҳамчунин ба анҷоми ҳамлаи террористӣ дар як макони пуриздиҳом дар шаҳри Каспийск тайёрӣ медиданд”.
Манбаи “КоммерсантЪ” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфта буд, ки ин афрод мехостанд бомбаро дар боғи Ғалаба ваё дар соҳили баҳри Каспий тарконда, сипас тарки Русия кунанд.
Аз ному насаби дуи онҳо – Солиев Мустақим ва Солиев Умедҷон – бармеояд, ки ҳарду акаву додаранд. Умедҷон Солиев, соли таваллудаш 1998, зодаи шаҳри Душанбе аз моҳи марти соли 2024, билофосила баъди ҳамлаи “Крокус” аз сӯи ВКД Русия таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифта будааст. Дар бораи бародари ӯ Мустақим ягон маълумот нест.
Аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон гуфтаанд, ки Умедҷон Солиев ба эҳтимоли ғолиб шаҳрванди Русия шудааст, чунки хеле боз дар Душанбе зиндагӣ намекунад. Дар Душанбе ҳамчунин гуфтаанд, ки ҳеҷ кадом аз ин 5 муттаҳами ахир аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ қарор надошт.
Ин 5 нафар бар асоси 5 банди Кодекси ҷиноятии Русия (қисми дуюми моддаи 205.5, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 205, қисми чорум моддаи 222 ва қисми сеюми моддаи 223.1) ба ҷиноятҳои сангине, чун сӯиқасд ба анҷоми ҳамлаи террористӣ, ташкили фаъолияти созмони террористӣ, ғайриқонунӣ ба даст овардани силоҳ ва ғайриқонунӣ тайёр кардани маводи тарканда айбдор мешаванд. Парвандаҳои онҳоро бо парвандаи ҳамлаи террористии “Крокус” як кардаанд.
Худи ин 5 тоҷики дастгиршуда ё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, онҳо бо созмони террористии “Вилояти Хуросон”, ки пойгоҳҳои асосиаш дар Афғонистон ҷойгир шудаанд ва онро “шуъбаи шарқии ДОИШ” низ меноманд, иртибот доранд. Ин созмони террористии ҳам дар Русияву ҳам дар Тоҷикистон мамнӯъ масъулияти ҳамлаи террористии шоми 22 марти соли 2024 дар шаҳри Красногорск, хунинтарин ҳамлаи террористии 20 соли охир дар Русияро ба дӯш гирифт.
Он шом 4 ҳамлагари мусаллаҳ вориди толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” шуда, издиҳоми тамошобинони ба консерти гуруҳи мусиқии роки “Пикник” омадаро хунсардона тирборон карданд. Дар натиҷа, 145 кас, аз ҷумла 6 кӯдак кушта шуд. 42 нафари онҳо бевосита бо дасти ҳамлагарон ва беш аз 100 нафари боқимонда бар асари дуди сӯхтор, ки баъди ҳамла дар “Крокус” сар зад, ҷони худро аз даст доданд.
Қаблан ҳамин додгоҳи ноҳияи Басманний муҳлати ҳабси 12 муттаҳами дигар дар ҳамлаи террористӣ дар канори Маскавро барои 3 моҳ, яъне то 22 ноябри соли ҷорӣ тамдид кард. 11 нафари онҳо, аз ҷумлаи ҳамаи 4 нафаре, ки тафтишот омилони аслии ҳамлаи “Крокус” мешуморад, зодагони Тоҷикистонанд. Танҳо як муттаҳам зодаи Қирғизистон буда, барои ба ҳамлагарони оянда ба иҷора додани манзилаш дар вилояти Маскав пояш ба ин парвандаи террористӣ гирифтор шудаааст.
Инки аз 17 муттаҳами номашон то имрӯ маълумшудаи ҳамлаи хунини “Крокус” 16 нафараш аз Тоҷикистон будаанд, зарбаи сахте ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия зад.
Русия суннатан як бозори асосии кор барои садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, фақиртарин кишвари собиқ СССР ба шумор меравад. Баъди ҳамлаи “Крокус” тафтиши шаҳрвандони тоҷики синнашон аз 14 то 59 дар марзҳои чӣ заминӣ ва чӣ дар фурудгоҳҳои Русия хеле шадид шуд ва муҳоҷирон мегӯянд, ки ба далели тафтиши телефонҳояшон то чандин соат ва гоҳо ҳатто чанд рӯз дар хатти марз дармемонанд. Муҳоҷирони машкук, бахусус онҳорое, ки риш доранд, ё дар телефонҳояшон мавридҳои сар задани онҳо ба сомонаҳои машкукро ошкор мекунанд, аз ҳамон хатти марз бидуни чуну чаро ба Тоҷикистон пас мефиристанд.
Мавҷи ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия имсол хеле афзоиш ёфта, дар 6 моҳ беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ихроҷ шудаанд. Барои муқоиса, дар тӯли тамоми соли 2023, аз Русия 11 ҳазор муҳоҷири тоҷик ихроҷ шуда буд.