ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

МАРГИ ФОҶИАВИИ ДУ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ҶОИ КОРАШОН ДАР ПЕТЕРБУРГ ВА ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАД

Субҳи 30 августи соли 2024, ҳангоми тармими боми хонаи №126 дар соҳили дарёи Фонтанка дар ноҳияи Адмиралтейский дар маркази таърихии шаҳри Санкт-Петербурги Русия як коргари 25-сола аз Тоҷикистон аз бом ба замин афтода, дар ҳамон ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Бино ба иттилои пойгоҳи хабарии “Фонтанка”,  ҷароҳатҳои бардоштаи коргар маргбор буд ва ҷавони тоҷики соли таваллудаш 1999 ҳанӯз то омадани “Ёрии таъҷилӣ” ҷон бохтааст.

Хонандагони “Фонтанка” навиштаанд, ки ҳодиса соати нӯҳи субҳи ҷумъа, 30 август рух дод. “Мардикор аз бом афтод, бе ягон доду фарёд…”, — навиштааст як шоҳиди ҳодиса.

Бино ба маълумоти аввалия, коргари тоҷик дар болои бом бе банди бехатарӣ кор мекард.

Сомонаи MR7.ru  навиштааст, ки бинои №126 дар соҳили Фонтанка бинои таърихӣ буда, дар феҳрасти ёдгориҳои меъмории тоза кашфшуда бо номи Хонаи Л. А. Витовский — Хонаи иҷоравии В. Г. ва О. М. Чубаковҳо ҷой дода шудааст. Сохтмони ин бино бар асоси лоиҳаи меъмори маъруфи он даврон Иосиф Долгинов   сурат гирифта, солҳои 1912-1913  ба анҷом расонда шудааст.

Аз соли  1894 то 1908 бино ба муҳандиси ҳарбӣ вполковник Леонид Витовский тааллуқ дошта, аз соли 1913 онро шаҳрванди пушт ба пушт ифтихории Петербург Виктор Чубаков ва ҳамсараш Олга харида, манзилҳои ин биноро дар ивази пул ба хоҳишмандон ба иҷора медоданд. Албатта, то инқилоби Октябр ва рӯи кор омадани давлати Шӯравӣ, ки моликияти хусусиро аз байн бурд.

Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи дигари маҳаллии 47news.ru бо такя ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ки шоми 29 августи соли 2024 як шаҳрванди 50-солаи Тоҷикистон ҳангоми сохтани саройи пӯшида барои қуттиҳои ахлот дар деҳаи Сяргии ноҳияи Всеволожски вилояти Ленинград аз зарбаи барқ ба ҳалокат расидааст.

Ин расона менависад:  “Наздикии сооати 7 шоми 29 август ба пулис дар бораи дар кӯчаи Леснаяи деҳаи Сярги ёфт шудани ҷасади як муҳоҷири 50-сола аз Тоҷикистон хабар расид. Ин мард ҳанӯз то омадани “Ёрии таъҷилӣ” ҷон додааст. Иллати эҳтимоли маргаш ҷароҳат аз зарбаи нирӯи барқ гуфта мешавад. Шоҳидон хабар доданд, ки дар ҷои ҳодиса бо фармоиши ҷамъияти боғдорӣ дар болои қуттиҳои ахлот саройи пӯшида месохтанд. Бино ба иттилои муқаддамотие, ки ба дасти пулис расидааст, ин корҳои сохтмонӣ бо сокинони маҳаллӣ ҳамоҳанг нашуда буд”.

Деҳаи Сярги дар фосилаи тақрибан 23-километрии шимолушарқ аз маркази Петербург ва дар фосилаи 10 километр аз канораҳои шимолии ин шаҳр ҷойгир шуда, аз Сярги то Мурино 16 километр роҳ аст.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Пулҳое, ки аз Русия ва асосан бо шарофати муҳоҷирон ба Тоҷикистон фиристода мешаванд, як манбаи асосии даромади аксари хонаводаҳои тоҷик ва ҳам як омили муҳими чархонандаи аробаи тиҷорат ва иқтисоди ин кишвар дониста мешавад.

Вале ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд. Ба ҳисоби миёна ҳар рӯзи муҳоҷират ҷони то 3 муҳоҷири тоҷикро мегирад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button