Минтақа ва ҷаҳонНомаҳо ба президентСиёсатТоҷикистон

ЯНГАГАРОӢ ДАР РАДИОИ ЗАНУ ШӮ АЮБОВҲО: МУДИРИ МИНТАҚА ВА ПРЕЗИДЕНТИ РАДИО БА КУҶО НИГОҲ МЕКУНАНД?

Ба Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Стивен Капус

Ба мудири барномаҳои Осиёи Марказии ин радио Ҳамид Исмоилов

Аз оғози амалиёти артиши Украина дар вилояти Курски Русия инак қариб як моҳ гузашт. Артиши Украина дар ин муддат алакай қариб 100 нуқтаи аҳолинишинро дар дохили қаламрави Русия дар масоҳати беш аз 1300 метри мураббаъ зери назорати худ даровард ва ҳоло ҳатто худи мақомоти Русия низ эътироф мекунанд, ки дар ин як ё ду моҳи наздик тавони аз Курск баровардани нирӯҳои украиниро надоранд.

Ин воқеиятҳоест, ки ҳама ҷаҳон хабар дорад. Аммо на хонандагони бахши тоҷикии радиои Озодӣ.  Дар шароите, ки бахши тоҷикии радиои Озодӣ бояд як алтернативаи аз ҳама қавӣ дар муқобили сели пропагандаи Русия дар бораи ҷанги Украина шавад,  ҳатто дар ин 20 рӯзи пешрафтҳои Украина дар ҷанг дар сомонаи тоҷикии Озодӣ дар бораи ҳаводиси Курск ба истиснои чанд хабари хурду резаи аз бахши хабарии радио тарҷумашуда дигар танҳо 2 гузориш нашр шудааст ва он ҳам дар бораи мушкилоти мавҷуда дар роҳи аз манотиқи ҷангзадаи Курск кӯчондани сокинон.

Дар бораи инки артиши Украина чӣ қадар дар Курск пешравӣ кард ва харитаи ҷанги Русияву Украинаро ҷиддан тағйир дод, бахши тоҷикии радиои Озодӣ то ҳол чизе нанавиштааст.

Шояд мудири бахши тоҷикии радиои Озодӣ Салим Аюбов ҳамчун афсари собиқи ГРУ, ки дар солҳои ишғоли Афғонистон дар ин ниҳоди ҷосусии Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст,  ҳамчунон дар хидмати хоҷагони собиқаш қарор дораду намехоҳад, ки бо хабари аз даст рафтани 100 деҳаву шаҳраки Курск табъи хоҷагонашро нофор кунад. Хусусан дар ҳоле ки чанд моҳе пеш дар Фейсбук ӯро рӯирост муттаҳам карданд, ки то ҳол барои ниҳодҳои ҷосусии Русия кор мекунад ва ӯ то ҳол ин иттиҳомро расман рад накардааст.

Вале барои Русия ҷосусӣ кардан ё накардани Салим Аюбовро ба виҷдони худаш ҳавола мекунем, чунки сабаби барои инъикоси рӯйдодҳои Украина ҳавсала накардан ё вақт наёфтани бахши тоҷикии  радиои Озодӣ шояд дигар бошад: Камбуди нирӯ!

Радиои Озодӣ ҳамеша ба камбуди нирӯ дучор буд, зеро, муттаассифона, дар таркиби он аз коргар дида, афроди муфтхӯр зиёд буданд. Якеаш худи ҳамин мудири кунунӣ Аюбов, ки ягон 20 соли охир ҳеҷ фаъолияти журналистӣ надошт ва барои анҷоми корҳои дигаре, ба мисли ҷосусӣ ба мудирони вақти бахшу минтақа, ки рабте ба рисолати журналистӣ ва ба рисолати радио надоштанд, маош мегирифт. Ҳоло бошад бар иловаи он ҳама муфтхӯрҳое, ки Аюбов асосан бар асоси асли қабилагароӣ аз ҳисоби ҳамшаҳриҳои худ дар атрофаш ҷамъ овардаву аз ҳисоби радио муфт маошашон медиҳад, боз ҳар рӯз камаш ду корманди радиои Озодӣ муваззафанд, ки ба ҷои Бадалбӣ Аюбова, ҳамсари мудири бахши тоҷикии радиои Озодӣ Салим Аюбов, ки низ бо шеваҳои коррупсионӣ ва ошнобозӣ дар бахши “Мигрант.Медиа” кораш гирифтаанд, мақола нависанд.

Ду моҳи аввали тобистон, ки кормандон ба рухсатӣ мерафтанд ва коргаре намонд, ки ба ҷои янга кор кунад,  барои ба ҷои ҳамсари мудир кор кардан ҳатто аз Душанбе як хабарнигорро ба Прага оварданд, ки бечора ҳар рӯз пиромуни мавзӯъҳои муҳоҷират ба одамони гуногун занг мезад, мусоҳиба мегирифт, мақола менавишт ва сипас ин мақола нашр мешуд. Аммо ба номи … Бадалбӣ Аюбова, дақиқтараш бо тахаллуси ӯ: Гулбаҳори Муродӣ.

Номи он хабарнигорро барои иззати нафсаш намегирам, вале тайи ду моҳи дар Прага буданаш дасти янга, ба қавле, “гул кард. Дар ду моҳи июну июл бо имзои ӯ дар сомонаи Озодӣ 11 мақола нашр шуд ва ин дар ҳолест, ки дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ янга ҳамагӣ 5 мақола доштааст. Яъне дар ин ҳама муддат радио барои ҳар мақола ба ҳамсари Аюбов чандҳазордолларӣ пардохт мекардааст. Чанд ҳазор доллар! Барои як мақола!

Дар таҷрибаи бархе нашриётҳо истифода аз ба ном “ғуломони адабӣ” вуҷуд дорад. Вақте ки як адиб маъруф мешаваду хонандаи зиёд пайдо мекунад, нашриёт то дами гарм боқӣ мондани бозори фурӯши китобҳои ӯ, чанд адиби дигарро киро мекунад, ки ба ҷои он адиби маъруфшуда повесту романҳои нав бинависанд. Аммо ин таҷриба асосан дар таълифу нашри повесту романҳои ба истилоҳ сабук, бештар дар жанрҳои романҳои ишқӣ ё детективӣ истифода мешавад, на барои таълифи адабиёти ҷиддӣ.

Дар журналистика истифодаи “ғулом” ба ҷои хабарнигори нотавон нафақат қобили қабул нест, балки фиребу қаллобӣ  ва ба таъбири ҳуқуқдонҳо, тасарруфи маблағҳои боваркардашуда бо сӯиистифода аз мансаб ба манфиати шахсист. Яъне ҳамон коррупсия, ки радио бар асоси рисолаташ бояд бо ин падида муборизаи беамон барад, вале худаш бо “шарофат”-и менеҷерҳои баднафсе, мисли Аюбов, дар он ғарқ шудааст.

Ин ҳам аслан қобили фаҳм нест, ки агар ҳамон коргаре, ки аз Душанбе оварданд, то ба ҷои Бадалбӣ Аюбова кор кунад, тавони анҷоми ин корро дорад, пас чаро худи ӯро ба кор намегиранд? Худашро бигиред ба кор, ки бо азми бештар кор кунад, тамом! Чӣ даркор мисли қаллобон гӯл задани мардум?

Ва аммо воқеияти ҳол имрӯз чунин аст, ки кор кардан ба ҷои янга, ки онро дар дохили бахши тоҷикӣ бо лаҳни дипломатитар “кумак ба бахши “Мигрант.Медиа” меноманд, ба як меъёри асосии фаъолияти кории кормандони бахши тоҷикӣ табдил ёфтааст. Дар арзёбиҳои солона ба ҳар коргар пеш аз ҳама аз рӯи ҳамин баҳо медиҳанд, ки то кадом андоза ба “Мигрант.Медиа” кумак расонд, дақиқтараш ба ҷои янга кор кард? Онҳое, ки ба ҷои янга кор накарданд, табиист ки аз ҳама имтиёзҳо, ба мисли ҷоизаву пешбарӣ ба маоши баландтар маҳрум мешаванд ва баракс онҳое, ки ба ҷои янга кор мекунанд, метавонанд то ҳадде ба имтиёзҳо умед банданд.

Кор ба ҷое расида, ки ахиран дар яке аз ҷаласаҳои бахш коргарон аз мудир Аюбов илтиҷо кардаанд, ки имкон бидиҳад, то фақат якеи онҳо дар давоми рӯз ба “Мигрант.Медиа” кумак кунад, яъне ба ҷои ду кас фақат як кас ба ҷои янга кор кунад, чунки амалан ба иҷрои корҳои худи радиои Озодӣ нарасида истодаанд. Аюбов, қарори маълум, ин пешниҳодро ҳамчун ҳамла ба манфиатҳои оилавии худ қабул карда, хеле озурда шудааст.

Паҳлуи дигари қазия ҷанги манфиатҳост. Янга метавонад бидуни ягон ибо ба бахши тоҷикӣ омада, мавзӯъҳои доғ дар бораи  муҳоҷиронро моли худ кунад ва амр бидиҳад ба ҳама, ки ин “ман ба ин мавзӯъ машғул мешавам, дигар касе нагирад!”  Вале азбаски ҳамчун журналист заифи заиф аст, дар ниҳоят бисёре аз он мавзӯъҳои аз тарафи янга “ғасбшуда” ҳамон хел пайгириношуда боқӣ монда, кӯҳна шуда мераванд.

Таҳқиқи худи ин моҷарои ба кор гирифтани завҷаи Салим Аюбов, ки ба сари худ як амали зидди ахлоқи пазируфтаи Радиои Озодӣ ва мухолиф бо арзишҳои ин расонаи муътабар аст, боз саропо як афёра, яъне қаллобӣ будани ин корро ҳам ба намоиш мегузорад.

Инҷо чанд талаберо, ки дар эълони озмуни ҷои кори Бадалбӣ Аюбова дар сомонаи расмии радиои Озодӣ ба забони англисӣ нашр шуда буд, меорам ва мехоҳам аз онҳое, ки аз ҳама шарту талаботи ин озмун чашм пӯшида, завҷаи Аюбовро ба кор гирифтанд, бипурсам, ки оё ӯ бҳадди ақал ба як талаби ин ҷои кор ҷавоб медод?

Талаби аввал: Беш аз 5 соли таҷрибаи кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ.  Бадалбӣ Аюбова дар кадом шабакаҳо саҳифа ва чанд пайрав (подписчик) дошт? Агар блогер буд (тавре ки шавҳараш иддао дорад), пас видеоҳояш дар куҷо нашр шудаанду чанд тамошобин ҷамъ овардаанд, ки касе хабар надорад? Ба ҷуз аз як саҳифаи фейкӣ дар Фейбук ба номи Бону Муродова ва он ҳам бо ҳамагӣ 50 ило 60 пайрав ин хонум ягон фаъолияти дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ надошт ва касе блогереро бо чунин ном ё чеҳра надидаасту намешиносад.

Аҷаб боз он аст, ки баъди ба кор гирифта шуданаш ва он ҳам баъди қариб як сол Бадалбӣ Аюбова маҳз аз ҳамин саҳифаи фейкӣ ба номи Бону Муродова як эълонча навишт, ки ӯ хабарнигори бахши “Мигрант.Медиа” асту агар касе дар бораи муҳоҷирон хабаре ёфт, ба ӯ бифиристанд. Магар барои кормандони радиои Озодӣ истифода аз саҳифаҳои фейкӣ барои ин радио иҷозат дода мешавад?

Талаби дуюм: Беш аз 5 соли таҷрибаи кор дар журналистикаи рақамӣ дар расонаи хабарӣ. Ман аз онҳое, ки ӯро ба кор гирифтанд, пурсиданиам: Завҷаи Салим Аюбов кай ва дар кадом расонаи хабарӣ 5 сол не, ақалан як моҳ ҳамчун журналист кор кардааст ва гузашта аз он, дар куҷо таҷрибаи журналистикаи рақамӣ андӯхтааст? Чунин таҷриба ҳатто як соат надошт!

Талаби сеюм: Дар аввали солҳои 90 дар ҳақиқат ягон ду сол дар Маскав зиндагӣ кардааст, инро инкор намекунам. Вале вазъи муҳоҷирон дар Русияи имрӯз аз он вазъе, ки дар солҳои 90 доштанд, комилан фарқ мекунад.

Талаби чорум: Собиқаи менеҷерӣ дар гузашта. Янга чанд сол ба ҳайси техник кор карда буд, вале вазифааш танҳо ҷо ба ҷо кардани гузоришҳо ва пахши тугмаи пахши гузоришҳо буд.  Тугмапахшкунӣ ин раҳбарӣ ба одамон нест ва тугмапахшкуниро, албатта, наметавон ҳамчун собиқа ё таҷрибаи раҳбарӣ ба қалам дод.

Яъне аз 4 талабе, ки пеши довталабон гузошта шуда буд, собиқаи кории янга танҳо ба якеаш нимкора ҷавоб медод ва ба се талаби дигараш комилан ҷавобгӯ набуд.

Пас, агар инҷо коррупсия ва ошнобозӣ дар байн набошад, чӣ омиле боис шудааст, ки як зани шасту панҷсоларо ҳамчун “навниҳоли боғи журналистикаи рақамӣ” ба кор бигиранд? Ва он ҳам дар ҳоле ки радио кӯшиш карда истодааст, журналистони солманди худро ҷавоб дода, ба ҷои онҳо ҷавононро ба кор бигирад?

Мутаассифона, бидуни ягон шарм ва тамоми талаботи озмуни радиоро поймол карда, ба кор гирифтани завҷаи мудири бахши тоҷикӣ баёнгари танҳо як падида аст: дар раҳбарии барномаҳои Осиёи Марказӣ реша давондани коррупсия ва ошнобозӣ.

Як сол қабл сомонаи “Бомдод” ин моҷарои ҳамсари худашро ба кор гирифтани Салим Аюбовро матраҳ карда буд. Баъди нашри он мақола Салим Аюбов мисли як авбоши шӯрапушт ҷанҷол бардошта, нисбат ба сардабири “Бомдод” хеле ҳарфҳои носазову таҳқиромез гуфт, вале ягон далели дар мақола овардашударо рад карда натавонист.

Идораи “Бомдод” умедвор буд, ки масъулони радиои Озодӣ масъаларо ҷиддӣ мегиранд ва Аюбов ҳам барои роҳ додан ба коррупсия ва ошнобозӣ дар ба кор гирифтани занаш ва ҳам барои шӯрапуштӣ нисбат ба сардабири “Бомдод”, ки барои корманди як расонаи ғарбӣ аслан зебанда нест, балки мояи шармандагист, ба ҷазо кашонда мешавад.

Аммо ҳайҳот!

Натиҷа ин шуд, ки Ҳамид Исмоилов, мудири барномаҳои Осиёи Марказӣ дар радиои Озодӣ бо истифода аз нуфузи худ ин моҷароро хобонд ва ба Салим Аюбов роҳи гурез аз ҷавобгариро нишон дода, машвараташ дод, ки … то фаромӯш шудани қазия чанд моҳ ба чашми кафили вақти президенти радио Ҷеф Гедмин нанамояд.

Ва Салим Аюбов  тамоми 6 моҳе, ки Гедмин кафили мақоми президент буд, аз ӯ мегурехт ва ҳатто ба маҷлисҳо намерафт, ки ба чашми президент нанамояд. Ба ин сабаб, Аюбов, мухлиси ашаддии аксгириҳои селфи буд, натавонист бо Гедмин то поёни президентиаш ҳатто як акси муштарак бигираду дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ноз бигузорад.

Ҳамид Исмоилов

Ва аммо мо инҷо аз ҷаноби Исмоилов пурсиданием, ки:

Вақте ки ҳама далелҳо дар мавриди ба коррупсия роҳ додани Салим Аюбов ва сардабири як нашрияи мустақилро беадабона дашном доданаш исбот шуданд, бо кадом рӯ шумо ин ҷинояти ӯро пинҳон кардед? Магар дар Кодекси ахлоқии радио муҷозоте бо чунин шакл: “як муддат дар чашми президент нанамо!” ҳаст? Ё магар мудири минтақа ҳақ дорад, ки ба ҷои муҷозоти зердасташ барои амали номатлубаш ба ӯ роҳи гурез аз ҷавобгариро худаш ёд бидиҳад?

Мо, албатта, мефаҳмем, ки дар  колхозҳое, ки дар даврони Шӯравӣ шумо дар муҳити он ба воя расидед, ҷиноятҳои коррупсионии зердастонашро пинҳон кардани раисон, барои мисол,  коҳу кунҷораи гӯсолаҳоро дуздидани гӯсолабонро пинҳон кардани мудири ферма ё раиси колхоз як амри роиҷу маъмул буд. Вале он мудири ферма ё раиси колхоз дар сурате ҷинояти зердасташро пинҳон мекард, ки агар худаш ҳам дар он ҷиноят қӯш бошад.

Ва суоли мо аз шахси Шумо ин аст, ки оё Шумо низ дар ин амалҳои коррупсионии Аюбов қӯш будед, ки ӯро аз ҷавобгарӣ халос кардед ва ҳатто роҳи фирор аз ҷавобгариро машвараташ ҳам додед, ки “як муддат ба чашми президент нанамо”?

Ё ҳамон тавре ки Аюбов дар ҳама ҷо лоф мезанад, Шумо аз вай забонкӯтоҳу муттаҳамед ва ӯ Шуморо бо кадом як сабт ё санади дар дасташ буда шантаж мекунад?

Як сол пеш моҷарои бо сӯиистифода аз мансаб зани худашро бидуни ягон таҷрибаи журналистӣ ҳамчун журналист дар як расонаи байналмилалӣ ба кор гирифтани Салим Аюбов дар байни корбарони тоҷик сару садои зиёд ба по кард ва вокуниши зиёд ҳам ба бор овард.

Он вақт Салим Аюбов ба бархе гунаҳкорона “далел” овардааст, ки оилаи онҳо гӯё ба пул эҳтиёҷ дошт ва ӯ маҷбур шуд, ки ин корро кунад. Ба қавли тоҷикҳо, рӯяшро сиёҳ накунад! Ин зану шавҳар алакай аз радио ҳарду таги 9 ҳазор доллар ҳар моҳ маош мегирифтанд ва ин танҳо нафси бад ва ғарази ба 10-12 ҳазор доллар расондани ҳаҷми маоши моҳонаи оилаашон буд, ки Аюбов ин пӯсти шармандагиро ба рӯ бикашад ва занашро ба кор бигирад.

Ин ҳам дурӯғ аст, ки зани ӯ ҷои ягон тоҷикро танг накардааст. Ин ҷои коре, ки инак якуним сол боз маошаш муфт ба ҷайби Аюбовҳо медарояд, сирф барои хабарнигорони тоҷик эълон шуда буд ва агар баднафсии Аюбовҳо намебуд, як оилаи дигари тоҷик метавонист соҳиби ҷои кор ва манбаи даромад шавад.

Ва инҷо бармехезад масъалаи инсоф. Инсонҳо, бахусус онҳое, ки дар сари вазифаанд, бояд меъёри инсофро риоя кунанд ва нафси худро лаҷом бизананд. Вагар ҳар хасаке вақте ба корхонаҳаке раис шаваду фақат зану бачаву духтару домоду  дигар хешу табору ҳамшаҳриҳояшро ба кор бигирад, инсоф аз решааш қоқ мешавад. Ва ин айнан бузургтарин гуноҳест, ки Аюбов ва ҳамсараш бо нафси бади худ муртакиб шудаанд ва ин гуноҳест нобахшиданӣ. Бахусус дар ҳоле ки ин беинсофӣ аз тарафи ду нафаре, ки худро дар ҳама ҷо равшанфикр, тоҷикпараст ва Ватанпараст муаррифӣ мекунанд, содир шудааст.

Инсоф дар ин қазия чӣ гуна мебуд? Ба назарои мо, агар дар қалби ҳамсари ҷанобашон дар синни 65 якбора ва ончунон шавқу завқи журналист шудан ҷӯш зада бошаду Аюбов ба ҳунармандии занаш, тавре ки иддао мекунад, ин қадар мутмаин бошад, ӯ  метавонист аз ҳисоби худ каме маблағгузорӣ карда, дар Интернет барои занаш ягон блог ё ҳатто сомона кушояд, то ҳама ҳунарашро нишон бидиҳад. Ва агар барои сомона ё блог пул харҷ кардан намехост, метавонист дар хонаашон барои завҷааш ҳадди ақал як газетаи деворӣ ташкил карда, ҳар бегоҳ шумораи нави он газетаи девориро мутолиа мекарду баҳо медод ва агар ҳамсараш ягон мақолаи хуб менавишт, ягон қандак ё ягон сабзак аз ҷайби худаш мукофоташ ҳам медод.

Чаро бояд нози хонуми ҷанобашон аз ҳисоби Конгресси Амрико ва ҳар моҳ бо баҳои чанд ҳазор доллар пардохта шавад? Хусусан дар ҳоле ки хонумашон аз лиҳози журналистӣ шояд ҷавобгӯи сатҳи ҳамон газетаи деворист, на як расонаи муътабари байналмилалӣ, ба мисли радиои Озодӣ!

Бубинед, моҳи апрел Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон виза ҷорӣ кард ва муҳоҷирони тоҷикро аз имкони кор дар ин кишвар, ки ба тадриҷ ба як алтернативаи бозори кори Русия табдил ёфта истода буд, маҳрум кард.  Хабарнигори шабакаи “Настоящее Время” Жибек Бегалиева ба Туркия рафту беҳтарин видеобарномаро дар бораи сарнавишти муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар омода кард. Жибек зодаи Қирғизистон аст, вале рафту мавзӯи муҳоҷирони тоҷикро пайгирӣ кард.

Офаринаш! Вале ин мавзӯе буд, ки бояд янга бо дасту пову дандонаш мечаспиду мегирифт ва мерафту гузориш мекард. Ӯ нарафт. Чаро? Ба ҳама маълум аст: аз дасти худаш чизе намеомад, бо ӯ  ҳамроҳ кардану ба Туркия будани ду корманди радиои Озодӣ, ки якеаш ба ҷои янга қаҳрамон биҷӯяду мусоҳиба бигирад ва якеи дигар сенарияву матн нависад, имкон надошт.

Аз ин рӯ, инҷо ба ҷои гузориши янга гузориши шоҳкори Жибекро аз Истанбул тамошо кунед ва бори дигар офаринаш бигӯед, ки як духтари қирғиз рафту аз сарнавишти тоҷикҳо гузориш дод!

Ҷаноби Ҳамид Исмоилов!

Чашм пӯшидани Шумо ба аъмоли Аюбов воқеан суолҳову гумонҳои зиёдеро халқ мекунад. Чунки Шумо инро ҳам хуб медонед, ки ба кор гирифтани занаш танҳо аъмоли коррупсиониву ошнобозии Аюбов дар мақоми мудири бахши тоҷикӣ нест.

Инҷо бояд як мурури таърихӣ бикунем. Дар солҳои 90 Тоҷикистон ҷанги хунини шаҳрвандиро  паси сар гузошт, ки як сабаби умдааш маҳалгароӣ ва қабилагароӣ буд. Ҳамагӣ 5 сол пеш, дар соли 2019 мудири қаблии бахши тоҷикӣ Соҷида Ҷаъфарова ва мудири барномаҳои Осиёи Марказӣ Аббоси Ҷаводиро аз радио маҳз барои дар бахши тоҷикӣ аз ҷониби Ҷаъфарова реша давондани маҳалгароӣ ва қабилагароӣ ронда буданд.

Аюбовро низ ҳамон вақт барои он ба мақоми мудири  бахши тоҷикӣ нишонданд, ки ин марази маҳалгароиву қабилагароиро дар радиои Озодӣ решакан кунад.

Аммо бо омадани Аюбов дар радиои Озодӣ фақат як чиз тағйир ёфт: Агар Ҷахфарова фақат барои сангисафедиҳои худаш роҳ мекушоду сангисиёҳиро баракс танг мекард, Аюбов барои ҳамшаҳриҳои сангисиёҳии худ майдони ҷавонлон кушоду сангисафедиҳоро танг кардан гирифт. Сангисафедиҳои Ҷаъфарова, ба ҳар сурат, аз як вилоят буданд,  Аюбов сиёсати қабилагароияшро дар чордевори як ноҳияи зодгоҳи худ маҳдуд кард ва натиҷа ин шуд, ки ҳоло ҳам мудир, ҳам сардабир, ҳам боқӣ мақомҳои калидии радиои Озодӣ  ва ҳамчунин тамоми имтиёзҳои мавҷуда барои коргарон ҳама дар дасти ҳамшаҳриҳои Салим Аюбов афтодааст.

Ба ин далел аст, ки “Бомдод” радиои Озодиро хеле вақт боз “радиои зану шӯ Аюбовҳо” ном мебарад. Ва то замоне ки вазъ тағйир наёбад, чунин ном бурда хоҳад шуд.

Ва боз ҳам суоле халқ мешавад дар ин лобало, ки оё ин радио ягон соҳиб дорад? Мудири барномаҳои Осиёи Марказӣ Ҳамид Исмоилов ба куҷо нигоҳ мекунад? Ё ин қабилагароиҳои Аюбов, ки ҳоло аз марзи бахши тоҷикии радиои Озодӣ ҳам убур кардаву ба сиёсати кадрии бахши “Мигрант.Медиа” ҳам реша давондааст, низ давоми ҳамон масали  фисқу фасоди гӯсолабони фермаашро пинҳон кардани раиси аз он гӯсолабон муттаҳами колхози “Осиёи Марказӣ” аст?

Ба ҳар сурат, шарму инсоф ҳам чизи хуб аст, порае чанд аз ин ду матоъ дар ҷомаи радиои Озодӣ бояд бошад. Вагарна ин “колхоз” аз “колхоз”-ҳое, ки мо дар Осиёи Марказӣ дорем, бо чӣ фарқ мекунад? Фақат бо номи мудири фермаву гӯсолабонҳояш?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Чаро ном ба ном намеоред?
    Ки Аюбов ва чанд масчоҳӣ
    Мирзонабӣ Холиқзод
    Салим Аюбов
    Сироҷиддин Толибов
    Муллораҷаб
    Бадалбӣ зани Аюбов ки аз кӯчаи рӯзноманигорӣ нагузашта

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button