Хабарҳои кӯтоҳ

ЯК ЗАН ДАР ВАРЗОБ ШАВҲАРАШРО БО ЧАНД ЗАРБАИ КОРД ҚАСДИ КУШТАН КАРДААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 29 августи соли 2024

Сӯиқасд ба ҳаёти шавҳар аз ҷониби зани 33-сола

28-уми августи соли 2024, тахминан соати 12:00, зани 33-солаи сокини ноҳияи Варзоб дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаҳои оилавӣ бо шавҳараш марди 36-сола ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ якчанд маротиба ба қисмҳои ҳаётан муҳимаш задааст. 
Дар натиҷа, шавҳараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаридааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани марди 34-сола барои азонихудкунии маблағи корхона 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда дар асоси фармони роҳбарияти ЧДММ “Таҷеро” аз 1-уми октябри соли 2023 ба ҳайси намояндаи тиҷоратии департаменти фурӯш ба бренди “Нестле” ба кор қабул гардида, ҳамчун шахси ҷавобгари моддӣ ба ҳисоб рафта, бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ зимни фаъолияти кориаш бо мақсади азонихудкунӣ дар асоси борхатҳо аз амбори ҷамъият маҳсулоти хӯрокаи брендиро ба мағозаҳои хӯрокворӣ бурда расонида, маблағи маҳсулоти ҷамъоваринамудаашро зиёда аз 66 ҳазор сомонӣ ба хазинаи ҷамъияти мазкур насупорида, ба манфиати шахсии худаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барои маълумот: Дар як ҳафтаи охир ВКД Тоҷикистон алакай аз боздошти се намояндаи тиҷоратии ширкати Таҷэро” бо иттиҳоми тасарруфи пулҳои ин ширкат хабар дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button