ВидеоИқтисод

ЧАРХАИ ЧОРУМИ НИРӮГОҲИ НОРАК БАЪДИ ТАҶДИД БА КОР ДАРОМАД. ОЁ ЛИМИТ САБУКТАР МЕШАВАД?

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 августи соли 2024 дар ҷараёни сафари кориаш ба шаҳри Норак дар маросими баъди таҷдид дубора мавриди истифода қарор додани чархаи чоруми нирӯгоҳи бузургтарини ҷумҳурӣ иштирок кард.

Корҳои таҷдиду навсозии неругоҳи обии “Норак” соли 2019 оғоз гардида, барои анҷоми ин лоиҳа 35 миллиону 193 ҳазор евро равона карда шуд.

Иқтидори тавлиди гидроагрегати чоруми неругоҳ баъди навсозӣ дар як шабонарӯз ба 8 миллиону 266 ҳазору 519 кВт/соат неруи барқ мерасад.

Айни ҳол марҳилаи якуми корҳои навсозӣ дар неругоҳ идома дошта, дар доираи он таҷдиди 3 гидроагрегати дигари неругоҳ, таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасони он, ивазнамоии 27 крани борбардор, навсозии 3 ҳалқаи барқии комплекси зеризаминӣ, ивази лифтҳо, таъмири дарбандҳои бефи поён, таҷдиди дарбандҳои куравӣ, навсозии стансияҳои насосии неругоҳ, таҷдиди системаи идора ва назорат ба анҷом расонида шуда, дар маҷмуъ неругоҳи Норак тақрибан мавриди навсозии куллӣ қарор хоҳад гирифт.

То имрӯз дар доираи лоиҳа ба ғайр аз пурра навсозӣ гардидани ду гидроагрегати неругоҳ ҳамзамон дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220 ва 500 кВ (киловолт) ба дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ иваз карда шудааст.

Ҳоло дар нирӯгоҳи Норак корҳои омодагӣ барои навсозии чархаи навбатӣ бо ҷалби кормандону мутахассисони ширкати “Андритс” ва зерпурдратчии он ширкати “ТоҷикСГЭМ” идома дорад.

Чархаи якуми неругоҳи Норак баъд аз навсозӣ 24 октябри соли 2022 мавриди истифода қарор дода шуда буд ва ҳоло бо иқтидори 375 МВт фаъолият дорад.

Соли 2019 барои марҳалаи якуми бозсозии нирӯгоҳи Норак тақрибан 350 миллион доллар ҷудо карда шуд, ки аз ин маблағ 225,7 миллионашро Бонки ҷаҳонӣ, 60 миллионашро Бонки осиёии сармоягузориҳои инфраструктурӣ ва 40 миллионашро Бонки рушди АвроОсиё ироа карданд. Марҳалаи якуми бозсозӣ, ки аз ҷумла бозсозии 3 чархаи нирӯгоҳро фаро мегирифт, бояд то соли 2013 анҷом дода мешуд, вале каме тӯл кашид.

Бонки ҷаҳонӣ барои марҳалаи дуюми бозсозии Норак, ки бояд аз соли 2024 то 2028 давом ёфта, бозсозии 6 чархаи боқимондаи нирӯгоҳро дар бар бигирад, 65 миллион доллар ҷудо кардааст.

Нирӯгоҳи Норак бо сарбанди баландиаш 300 метр, 9 чарха ва иқтидори тавлиди 3 ҳазор мегаватт нирӯи барқ дар як сол бузургтарин манбаи таъмини нирӯи барқи Тоҷикистон ба шумор меравад.

Баъди таҷдид ба кор даровардани чархаи чоруми ин нирӯгоҳ мардумро дар Тоҷикистон каме умедвор кард, ки шояд дар зимистони имсола лимити барқ сабуктар карда шавад. Аммо вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъазода дар нишасти хабарии ахираш гуфта буд, лимити барқ дар ҷумҳурӣ то замони бунёди нирӯгоҳи Роғун боқӣ мемонад. Ӯ аз ин рӯ ба мардум машварат дод, ки барои зимистони имсола ҳам ангиштро ҳадалимкон захира кунанд.

Ёдовар мешавем, сокинони Тоҷикистон, ки баъди ба кор андохта шудани ду чархаи нирӯгоҳи Роғун нисбатан аз азоби бебарқӣ осуда шуда буданд, дар фасли ахири сармо ба як лимити барои дастикам 7 соли охир бесобиқа, ки камокон то моҳи апрел идома ёфт, рӯбарӯ шуданд.

Оғози сафари корӣ ба шаҳри Норак ва ба кор даровардани чархаи чоруми неругоҳи обии “Норак” 30.08.2024

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button