Ҳодиса

ВИДЕО АЗ ДОДГОҲ: НОМИ БОЗ 5 МУТТАҲАМИ ҲАМЛАИ “КРОКУС” ЭЪЛОН ШУД. ҲАМААШ – АЗ ТОҶИКИСТОН

Номи боз 5 нафари муттаҳам дар парвандаи пурсарусадои ҳамлаи террористӣ дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, пойтахти Русия эълон шуд. Телеграм-канали расмии хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои шаҳри Маскав хабар дод, ки рӯзи 29 августи соли 2024 додгоҳи ноҳияи Басманнийи пойтахти Русия замони ҳабси 5 муттаҳами дигар дар ҳамлаи “Крокус”-ро тамдид кард. Инҳо:

✅Гадоев Шаҳромҷон Насимович;

✅Исмоилов Зубайдулло Авайдуллоевич;

✅Солиев Мустақим Абдуманонович;

✅Солиев Умедҷон Абдуманонович;

✅Ҳамидов Ҳусейн Абдурасулович мебошанд.

Муҳлати ҳабси ҳар кадоми онҳо то 3 моҳи дигар, дақиқан то 1 декабри соли 2024 тамдид карда шуд. Ин 5 зодаи Тоҷикистон аз миёнаи моҳи май дар боздошт қарор доштаанд.

Дар бораи шахсияти онҳо маълумоти зиёде дар даст нест. Ин ҳам рӯшан нест, ки онҳо мушаххасан дар ҳамлаи “Крокус” чӣ нақш доштаанд?  Аз ному насаби дуи онҳо – Солиев Мустақим ва Солиев Умедҷон – бармеояд, ки ҳарду акаву додаранд.

Умедҷон Солиев, соли таваллудаш 1998, зодаи шаҳри Душанбе аз моҳи марти соли 2024 аз сӯи ВКД Русия таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифта будааст. Дар бораи бародари ӯ Мустақим, кай ва дар куҷо боздошт шудану ва мушаххасан ба чӣ айбдор шудани ҳарду бародар ягон маълумот нест.

Ин 5 нафар бар асоси 5 банди Кодекси ҷиноятии Русия (қисми дуюми моддаи 205.5, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 205, қисми чорум моддаи 222 ва қисми сеюми моддаи 223.1) ба ҷиноятҳои сангине, чун сӯиқасд ба анҷоми ҳамлаи террористӣ, ташкили фаъолияти созмони террористӣ, ғайриқонунӣ ба даст овардани силоҳ ва ғайриқонунӣ тайёр кардани маводи тарканда айбдор мешаванд. Парвандаҳои ин 5 нафарро бо парвандаи пурсарусадои ҳамлаи террористии “Крокус” як кардаанд.

Худи ин 5 тоҷики дастгиршуда ё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, онҳо бо созмони террористии “Вилояти Хуросон”, ки пойгоҳҳои асосиаш дар Афғонистон ҷойгир шудаанд ва онро “шуъбаи шарқии ДОИШ” низ меноманд, иртибот доранд. Ин созмони террористии ҳам дар Русияву ҳам дар Тоҷикистон мамнӯъ масъулияти ҳамлаи террористии шоми 22 марти соли 2024 дар шаҳри Красногорск, хунинтарин ҳамлаи террористии 20 соли охир дар Русияро ба дӯш гирифт.

Он шом 4 ҳамлагари мусаллаҳ вориди толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” шуда, издиҳоми тамошобинони ба консерти гуруҳи мусиқии роки “Пикник” омадаро хунсардона тирборон карданд. Дар натиҷа, 145 кас, аз ҷумла 6 кӯдак кушта шуд. 42 нафари онҳо бевосита бо дасти ҳамлагарон ва беш аз 100 нафари боқимонда бар асари дуди сӯхтор, ки баъди ҳамла дар “Крокус” сар зад, ҷони худро аз даст доданд.

Қаблан ҳамин додгоҳи ноҳияи Басманний муҳлати ҳабси 12 муттаҳами дигар дар ҳамлаи террористӣ дар канори Маскавро барои 3 моҳ, яъне то 22 ноябри соли ҷорӣ тамдид кард. 11 нафари онҳо, аз ҷумлаи ҳамаи 4 нафаре, ки тафтишот омилони аслии ҳамлаи “Крокус” мешуморад, зодагони Тоҷикистонанд. Танҳо як муттаҳам зодаи Қирғизистон буда, барои ба ҳамлагарони оянда ба иҷора додани манзилаш дар вилояти Маскав пояш ба ин парвандаи террористӣ гирифтор шудаааст.

Инки аз 17 муттаҳами номашон то имрӯ маълумшудаи ҳамлаи хунини “Крокус” 16 нафараш аз Тоҷикистон будаанд, зарбаи сахте ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия зад.

Русия суннатан як бозори асосии кор барои садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, фақиртарин кишвари собиқ СССР ба шумор меравад. Баъди ҳамлаи “Крокус” тафтиши шаҳрвандони тоҷики синнашон аз 14 то 59 дар марзҳои чӣ заминӣ ва чӣ дар фурудгоҳҳои Русия хеле шадид шуд ва муҳоҷирон мегӯянд, ки ба далели тафтиши телефонҳояшон то чандин соат ва гоҳо ҳатто чанд рӯз дар хатти марз дармемонанд. Муҳоҷирони машкук, бахусус онҳорое, ки риш доранд, ё дар телефонҳояшон мавридҳои сар задани онҳо ба сомонаҳои машкукро ошкор мекунанд, аз ҳамон хатти марз бидуни чуну чаро ба Тоҷикистон пас мефиристанд.

Мавҷи ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия имсол хеле афзоиш ёфта, дар 6 моҳ беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ихроҷ шудаанд. Барои муқоиса, дар тӯли тамоми соли 2023, аз Русия 11 ҳазор муҳоҷири тоҷик ихроҷ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button