ЯК ТОҶИКРО БО ВИРУСИ ВИЧ БА РУСИЯ РОҲ НАДОДАНД. АМИН БА ДОДГОҲ РАФТ, ВАЛЕ ДОДГОҲ ҲАМ ТАРАФАШРО НАГИРИФТ…

Додгоҳи ноҳияи Куйбишеви шаҳри Санкт-Петербурги Русия қарори Роспотребнадзор дар мавриди ба фурудгоҳи Пулково роҳ надодани Амин К. ном шаҳрванди Тоҷикистонро ба далели гирифтори вируси ВИЧ, ангезандаи бемории қаттоли СПИД буданаш дуруст шуморид. Дар ин бора рӯзи 27 августи соли 2024 Телеграм-канали “Объединенная пресс-служба судов Санкт-Петербурга” (“Хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои Санкт-Петербург”) хабар дод.
Амин К. дар даъвояш ба додгоҳ гуфта буд, ки ӯ дар вақташ дар Русия гирифтори вирус шуд ва ба ин далел будубоши ӯ дар ин кишвар ғайримақбул дониста шуд, вале бемории ӯ хатарнок набуда, ӯ сари вақт табобат гирифта истодааст ва омода аст, ки тамоми чораҳои муқарраршуда ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии ин вирусро риоя кунад, вале аз басти хешовандони наздикаш, аз ҷумла падару модар ва бародараш шаҳрвандони Русияанд ва дар Петербург зиндагӣ доранд, аз ҳаққи аёдати наздиконаш маҳрум кардани вай табъизомез буда, ҳуқуқашро поймол мекунад ва монеи зиндагии ӯ бо аҳли хонаводааш мешавад.
Амин К. навиштааст, дар бораи ин ки ӯ ҳаққи сафар ба Русияро надорад, рӯзи 27 июли соли 2023 вақте хабар ёфт, ки дар фурудгоҳи Душанбе мехост ба ҳавопаймои роҳии Петербург савор шавад.
Бар асоси маводи парванда, 8 ноябри соли 2017, вақте ки Амин лар Петербург ба сар мебурд, дар бадани ӯ вуҷуди вируси ВИЧ, ангезандаи бемории қаттоли СПИД ошкор карда шуд. 5 июни соли 2018 дар мавриди номақбул будани будубоши ӯ дар қаламрави Русия ба далели дар баданаш вуҷуд доштани бемории барои ҷомиа хатарнок қарор қабул карда шуд. Идораи Роспотребнадзор ба суроғаи Амин дар Санкт-Петербург номаи расмӣ дар ин бора фиристодааст, вале азбаски Аминро дар он суроға наёфтаанд, нома ба Роспотребнадзор баргашта омадааст.
Бино ба иттилои Маркази пешгирӣ аз СПИди шаҳри Конибодом, Амин аз 10 майти соли 2018 дар ин идора дар қайди диспансерӣ қарор дошта, табобати антиретровирусӣ мегирад ва ба ин далел ӯ аз лиҳози эпидемиологӣ хатар надорад.
Мақомоти Русия дар ҳолатҳои истисноӣ ба афроди гирифтори вируси ВИЧ дар сурати дар Русия зиндагӣ кардани хешовандони наздикашон ҳаққи зиндагӣ дар Русияро медиҳанд. Аммо додгоҳ гуфт, бо вуҷуди дар Русия ба сар бурдани падару модар ва бародараш қарори қабулшуда дар мавриди номақбул донистани будубоши Амин дар қаламрави Русия зидди қонун нест, чунки ҳамсар ва фарзандони ӯ ҳама, ба мисли худи Амин шаҳррвандони хориҷианд.
Додгоҳ гуфт, гирифторӣ ба вируси ВИЧ як бемории умрбод аст ва шахси гирифтори ин вирус ҳама вақт метавонад манбаи паҳншавии ин вирус шавад. Гуфта шудааст, ки ҳарчанд табобати антиретровирусӣ танҳо зиёд шудани вирусро манъ карда, ӯро аз марг нигоҳ медорад, вале хатари ин вирусро пурра аз байн намебарад. Додгоҳи ноҳияи Куйбишев ба ин далел даъвои Аминро рад кард ва ба ӯ иҷозати сафар ба Русияро надод.
Дар Тоҷикистон аз соли 1991 то декабри соли 2023 дар умум наздики 16 ҳазор нафари гирифтори вируси ВИЧ сабти ном шуда, аз ин шумор беш аз 4300 нафараш алакай вафот кардаанд. Беш аз 10 ҳазори гирифторон мардон ва наздики 6 ҳазораш занон ва беш аз 1000 нафараш, мутаассифона, ноболиғони то синни 18 будаанд. Танҳо дар 5 соли охир қариб 5500 нафари дигар гирифтори вируси ВИЧ шудаанд, ки 22%, ё беш аз 1000 нафари онҳо муҳоҷиронанд.
Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, тақрибан ҳар нафари сеюми гирифтори вируси ВИЧ дар ҷумҳурӣ муҳоҷиронанд, ки аксараш дар замони дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштанашон сироят ёфтаанд. Агар дар соли 2019 танҳо 17%, яъне ҳар гирифтори шашуми ВИЧ аз ҳисоби муҳоҷирон буд, ҳоло саҳми муҳоҷирон қариб ду маротиба афзуда, дар байни лашкари рӯ ба афзоиши гирифторорони вируси ВИЧ ба 32,5% расидааст.