ЯК ПАДАР ДАР КОНИБОДОМ АЗ 4 ФАРЗАНДАШ АЛИМЕНТ ТАЛАБ КАРДААСТ

Додгоҳи шаҳри Конибодом чор писари мардеро муваззаф кардааст, ки ба падари хеш ҳар моҳ алимент ва ё маблағ барои парасторӣ пардохт кунанд.
Оятулло Раҳматзода, сардори раёсати Хадамоти иҷрои вилояти Суғд рӯзи 28 августи соли 2024 дар мусоҳиба бо “Азия Плюс” аз ин сокини шаҳри Конибодом А.М. ном бурда, гуфт, ки ӯ тавассути додгоҳ аз чор фарзандаш алимент хостааст.
“Ин писарон солҳои оххир падарро парасторӣ намекардаанд. Ин падар ҳам бо иллати пиронсолӣ наметавонад зиндагияшро мустақилона пеш барад. Бо ин далел, ӯ аз болои чаҳор писараш ба додгоҳи шаҳри Конибодом шикоят бурдааст”, – гуфтааст Оятулло Раҳматзода.
Ба иттилои Раҳматзода, додгоҳ талаби ин мардро қонеъ карда, писаронро муваззаф сохтааст, ки ба падарашон ҳар яке ҳар моҳ 150 сомонӣ, ҷамъ 600 сомонӣ алимент пардохт кунанд.
Дар умум, афзуд Оятулло Раҳматзода, раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд дар давоми соли ҷорӣ 7 қарори додгоҳро дар мавриди рӯёнидани алимент аз ҳисоби фарзандон ба манфиати падару модар ва ё бобову бибии онҳо амалӣ сохтдааст.
Чунин омор дар солҳои қабл расонаӣ намешуд ва сабаби инро Оятулло Раҳматзода ба урфу одати тоҷикон рабт медиҳад.
Маъмулан алимент ба маънои пуле дониста мешавад, ки баъди аз ҳам ҷудо шудани зану шавҳар асосан шавҳар бояд барои нигоҳубини фарзандони муштаракашон ба ҳамсари собиқи худ пардохт мекунад. Аммо мавридҳое низ ҳаст, ки додгоҳҳо фарзандонро барои пардохти алимент ба падару модар ва ҳатто бобою бибиашон муваззаф мекунанд. Дар ҳолатҳои ҷудогона ҳамсари собиқ низ метавонад аз шавҳари пешинаш барои таъмини худ алимент талаб кунад.
Мавридҳои ангуштшуморе низ ҳаст, ки шавҳар аз завҷаи худ алимент талаб мекунад, вале чунин ҳолатҳо хеле нодир ва ками дар каманд.
Хадамоти иҷрои ҳукумати Тоҷикистон ахиран дар ҳисоботаш гуфта буд, ки феълан беш аз 400 нафар барои саркашӣ аз пардохти алимент таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд. Дар нимаи аввали соли 2024 ба зидди онҳое, ки аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд, 128 парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, барои напардохтани алимент ҳамчун ҷазо ҷарима ва то 3 сол ҳукми зиндон пешбинӣ шудааст.