ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЗАНОЗАНИИ ХУНИНИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ОЗАРӢ ДАР ТАРАБХОНАИ “ТӮППӢ” ДАР МАРКАЗИ ПЕТЕРБУРГ

Соати тақрибан сеи шаби 24 августи соли 2024, дар тарабхонаи ӯзбекии ”Doppi” (”Тӯппӣ”, яъне “Тоқӣ”) дар гулгашти Красние зори дар наздикии соҳили дарёи Нева дар маркази таърихии шаҳри Санкт-Петербурги Русия ду гуруҳи муҳоҷирон аз Тоҷикистону Озарбойҷон аз гиребони якдигар гирифтаанд. Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла ”Фонтанка” ва 78.ru, дар ҷараёни ин муноҷиша  ду нафар –   як ҷавони 25-солаи тоҷик  ва як марди 38-солаи озарӣ – захми корд хӯрдаанд. Бо иттиҳоми расондани осеби вазнин ба саломатӣ пулис як ҷавони 26-солаи зодаи Озарбойҷонро дастгир кардааст.

Бино ба хабарҳо, шаби шанбе 24 август, дар тарабхонаи “Тӯппӣ” нафақат ошпазҳояш дар ошхона, балки муштариёни он низ маҳорати истифода аз кордро ба намоиш гузоштаанд.

 Он шаб дар ин тарабхона ду гуруҳ дар ду мизи алоҳида истироҳат доштанд: ду марди зодаи Озарбойҷон ҳамроҳи як духтари сокини Петербург зодрӯзи кадомеро ҷашн мегирифтанду дар мизи дигар ҷамъе аз зодагони Тоҷикистон гирди ҳам омада буданд. Ҳар сари чанд вақт муштариҳо барои сигоркашӣ берун мерафтанд. Ё дар вақти сигоркашӣ ваё ҳангоми тановули ғизову машрубот байни онҳо чизе гузашт, ки наздикиҳои соати сеи шаб, якуним соат қабл аз баста шудани тарабхона муштариён аз сари ҳарду миз бархоста, ба берун баромаданд. Масъулони тарабхона мегӯянд, дар берун чӣ гузашт, онҳо надидаанд, вале аввал садои доду фарёдро шунидаанд ва сипас як ҷавони тоҷики оғӯштаи хун бо рӯдаҳои овезон ҳамроҳи дӯстонаш ба тарабхона баргашта, аз онҳо хостаанд, то ба “Ёрии таъҷилӣ” занг зананд.

Дар занозанӣ аз он тараф низ як нафар ҷароҳат бардоштааст, вале захмии дуюмро ҳамроҳонаш ба мошини худ бор карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд.

Пулис баъди чанде мошини онҳоро манъ карда, як марди 38-солаи зодаи Озарбойҷонро, ки аз шикамаш корд хӯрда буд, ба бемористон интиқол додаанд. Ҳамроҳи 26-солаи ӯ бо гумони расондани осеби вазнин ба саломатӣ дастгир шудааст. Бовар меравад, ки ҳамин ҷавони озарӣ дар ҷараёни занозанӣ даст ба корд бурдааст ва ҳам як ҷавони тоҷик ва ҳам ба эҳтимоли ғолиб тасодуфан дӯсти худро зам захмӣ кардааст.

Вазъи марди озарӣ миёнаи вазнин арзёбӣ мешавад, вале вазъи ҷавони тоҷикро вазнин арзёбӣ мекунанд ва ӯро дар шуъбаи реаниматсия хобондаанд. Бино ба иттилои “Фонтанка” ин ҷавон аз қисмати дасту шонаҳо ва шикамаш ҷароҳат бардошта, ҳамчунин дучори эвентратсия (аз қисмати шикофи ҷароҳати шикам ба берун фурӯ рехтани рӯдаҳо) шудааст.

Мақомоти Русия дар пайи афзоиши занозаниҳои гуруҳӣ байни муҳоҷирон инак чанд сол боз муҳоҷиронеро, ки дар чунин занозаниҳо иштирок мекунанд, бидуни қайду шарт ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ ва роҳи бозгашти онҳо ба Русияро барои чандин сол, гоҳо ҳатто ба муҳлати то 40 сол комилан мебанданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button