ВидеоМуҳоҷирон

УСТОДИ ТАЭКВОНДО ВА ОВОЗХОНИ РЭП: ДАР БОРАИ НАЗИРҶОН ТОШОВ ЧӢ МЕДОНЕМ?

Назирҷон Тошови 28-сола, яке аз 4 маҳбуси муттаҳам дар ошӯб ва гаравгонгирӣ дар маҳбаси №19 дар шаҳри Суровикинои вилояти Волгогради Русия кӣ буд?

Назирҷон зодаи шаҳри Турсунзода дар тақрибан 50-километрии ғарби Душанбе буда, ҳанӯз кӯдак буд, ки падару модараш ҷудо шуданд. Модари ӯ аз дунё гузаштааст ва падараш ҳоло дар Душанбе ба сар мебарад. Худи Назирҷон соли 2019 хонадор шуда, алакай соли 2021 бо як фарзанд аз ҳамсараш ҷудо шуд ва ҳамсари ӯ ҳоло бо як духтараш дар шаҳри Маскав кору зиндагӣ мекунад.

Бино ба иттилои ҷамъовардаи пойгоҳи хабарии MSK1.RU, Назирҷон 10 сол қабл, баробари расидан ба синни 18 ба ҷустуҷӯи кор ба Русия омад ва аввалҳо дар як хобгоҳ дар шаҳри Химки дар канори Маскав зиндагӣ мекардааст.

Ӯ он вақт дар сабки рэп тарона мехонд ва таронаҳояшро дар саҳифааш дар шабакаи “Вконтакте” нашр мекард.  Ӯ саҳифаашро дар ин шабака ба номи Nazir Usmonov кушода буд.

Ҳоло видеоҳои рэпсароии Назирҷон Тошов дар Интернет дигар нест, вале ба гуфтаи яке аз дӯстонаш, ӯ дар як таронааш аз ҷумла чунин сатрҳо дошт (мазмунан):

“Запомните, народ, я не урод,

Я обычный пацан, и пытаюсь делать вашу жизнь,

Чтобы о вас отзывались хорошо,

Не только в Нидерландах, но и в “Раше”…”

(“Ба ёд бигиред, ман бенамуд нестам,

Ман як бачаи оддиям, ки мехоҳам зиндагиатонро дуруст кунам.

То ки дар бораи шумо ҳама гапи хуб бизананд,

Чӣ дар Ҳолландия ва чӣ дар “Раша”…”)

Маълум нест, ки агар Назирҷон ба хондани рэп идома медод, оё зиндагиаш ба кадом самту сӯ мекашид, вале аз маълумоти ҷамъовардаи хабарнигорони рус бармеояд, ки ӯ дар чанд соли дар Русия қарор доштанаш чандин касбу корро таҷриба карда ва худро дар арсаҳои гуногун санҷидааст. Аз ҷумла дар “ВКонтакте” аксҳои Назирҷон ҳангоми машқи ММА дар толори хобгоҳ дар Химки низ дида мешаванд. Ӯ ҳамчунин ба сифати ҷои кори худ як корхонаи хурди тармими таҷҳизот дар Пензаро низ нишон додааст.

Соли 2017 як ҷавони хеле монанд ба Назирҷон Тошов дар гирдиҳамоии эътирозӣ дар назди сафорати Мянма дар Маскав дида мешавад. Он вақт чандин ҳазор аз мусулмонон дар назди ин сафорат ба зидди қатли омми мусалмонон аз қабилаи роҳинҷа аз ҷониби мақомоти Мянма ва бо талаби таъмини амнияти ин қабилаи мусулмони сокини Мянма эътироз карда буданд. Албатта, дар он гирдиҳамоӣ афроди расмӣ, аз ҷумла вакили Думаи давлатӣ аз Чеченистон Одам Делимхонов  ва муфтии қисмати осиёии Русия Нофиқуллоҳ Ашӯров низ иштирок доштанд.

Дар ниҳоят чархи тақдир Назирҷон Тошовро ба Волгоград овард.

Соли 2021 ӯро дар инҷо бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир дастгир ва то соли 2029 зиндонӣ карданд. Дар ҳукми додгоҳи ноҳияи Городишеи гуфта мешуд, ки Тошов бо мошинаш ҳероин мебурд ва дар зери дарахтон дар ҷангал дар “закладка”-ҳо, яъне ҷойҳои махфии нишонагузоришуда барои харидорон пинҳон мекард.  Бино ба гузориши MSK1.RU, Тошов баъди боздошташ бо тафтишот ҳамкорӣ карда, бо дастури мақомот ба мукотиба бо раҳбари қочоқбарон идома дода, барои боздошти  шарикони нашъафурӯшаш мусоидат кардааст.

Сомонаи Антимафия бо истинод ба маводи парвандаи Тошов навишт, ки ин зодаи Тоҷикистон гӯё ба хотири кандани қарзҳояш ба фурӯши маводи мухаддир маҷбур шудааст.

Ӯ дар баёноташ гуфтааст, вақте ки касе аз ёру дӯстон ва хешу табор қарзаш надод, дар ВатсАпп нафаре бо номи Исроил бо ӯ тамос гирифт ва пешниҳодаш кард, ки дар ивази 70 ҳазор рубл ҳамчун “наркокурйер” барои вай кор кунад.

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - 428x406_1_9d1afa67bb5f31a8f262a5022d84f24d@428x406_0xMNe7iLUw_0572875515512138260.jpg.webp

Фотография Назирчона Тошова в колонииИсточник: Поздняков 3.0 / T.me

Тошов як мошини тамғаи “Hyundai Solaris”-ро ба иҷора гирифта, маводи мухаддирро дар дохили “обшивка” пинҳон кардааст ва ба роҳ баромадааст, то маводи мухаддирро дар “закладка” ҷобаҷо кунад. Вале дар роҳ кормандони ДПС мошини ӯро манъ ва дохилашро кофтукоб карда, маводи мухаддирро ёфтаанд ва ба Тошов пешниҳод кардаанд, ки барои фош кардани шариконаш ҳамкорӣ кунад. Тошов ба ин розӣ шуда, дар як ҷои нишондодаи кормандони пулис “кукла”, яъне бастаи маводи мухаддири дурӯғинро гузоштааст ва  тавассути идомаи мукотиба бо Исроил одамони ӯро ба ҳамин макон рост ба доми пулис роҳнамоӣ кардааст. Дар натиҷа, дар ҷои “закладка” пулис боз ду қочоқбарро дастгир кардааст.

Ҳарчанд адвокатҳои онҳо талош мекарданд, ин амалиётро ҳамчун иғвои мақомот  ва Тошовро ҳамкори пулис ба қалам диҳанд, вале дар ниҳоят додгоҳ ҳарсеро дар қочоқи маводи мухаддир гунаҳкор шинохт ва равонаи зиндон кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button