ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ ҲИСОР АЗ ҲИССИЁТИ РАШКУ ХУСУМАТ ҲАМСАРИ СОБИҚАШРО КУШТААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 27 августи соли 2024

Куштори собиқ ҳамсар аз ҳиссиёти рашк 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда нимашаби 26-уми августи соли 2024, тахминан соати 00:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Наврӯзи шаҳри Душанбе қарор доштанаш, аз ҳиссиёти рашку хусумати оилавӣ бо собиқ ҳамсараш зани 37-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, бе ягон асос  ӯро лату кӯб карда, бо корд якчанд маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳимаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар  ҷойи ҳодиса ба ҳалокат  расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани марди 29-сола бо ҷурми қаллобӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пошкенти ноҳияи Зафаробод ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 16-уми августи соли 2024 дар ҳудуди  молбозори ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод, бо роҳи фиреб ба боварии марди 46-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ 1 сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 16 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ҳамчун насия гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button