СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ЯК РӮЗ ДАР РАШТУ ЛЕВАКАНТ ВА СПИТАМЕН
ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 27 августи соли 2024 дар роҳҳои ҷумҳурӣ се садамаи марговар рух дода, боиси ҳалокати се нафар, аз ҷумла як кӯдаки ҳафтсола, ва ҷароҳат бардоштани як кӯдаки нӯҳсола шудааст.
Аз ҷумла рӯзи 27-уми августи соли 2024, тахминан соати 13:00, ронандаи мошини тамғаи “Ҳундай-Портер”, Қурбонов Маҳмадзоир, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ба қафо ҳаракат намудан дар роҳи деҳаи Қазноқи ноҳияи мазкур, хурдсол Маҷнунов Усмон Сорбонович, соли таваллудаш 2017, сокини ҳамин ноҳияро, ки аз қафои мошини зикргардида дошта будааст, пахш менамояд. Дар натиҷа, хурдсол Маҷнунов У.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Субҳи 27-уми августи соли 2024, тахминан соати 09:00, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Шукрулои Давлат, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди шаҳри Левакант аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Ятимов Раҳматулло, соли таваллудаш 2015, сокини шаҳри мазкурро бо қисмати қафои автомашина пахш намуда, ба симчӯб бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофираш Назарова Мушкинисо Назаровна, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Данғара, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ноболиғ Ятимов Р. ҷароҳатҳои гунонуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ва боз ҳам 27-уми августи соли 2024, тахминан соати 14:40, ронандаи электроскутер Ҳамробоев Тошмат, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар ҳолати мастӣ дар кӯчаи марказии ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи скутери барқиаш набаромада, ба мошини тамғаи «Мерседес-Бенс Спринтер», таҳти идораи Юсупов Дилмурод, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи мазкур, ки дар роҳи худ ҳаракат мекард, бархӯрдааст. Дар натиҷа, Ҳамробоев Т. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Тафсилоти дигари ин се садама нашр нашудааст. ВКД гуфт, оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот илома дорад.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2024 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 539 садама 236 нафар ҷон бохта, 570 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Барои муқоиса, ёдовар мешавем, ки дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд. Муттаасифона, даҳҳо тан аз қурбониёни ин садамаҳо ноболиғонанд.