БАНГ ЗАДА БУД: БОЗДОШТИ РОНАНДАИ “ЛЕКСУС” БО РАҚАМИ “КРУТОЙ”-И 77 00 ДАР ҲОЛАТИ МАСТӢ
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 28 августи соли 2024 дар бораи боздошти роннадаи мошини “Лексус” бо рақамҳои ба таъбири маъруф, “крутой”-и 77 00 дар ҳолати мастӣ хабар дод. Мақомоти милитсия бар инанд, ки Муҳаммадзоир Исоев аз истеъмоли маводи мухаддир сархуш шуда буд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти милитсияи Душанбе, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахти Тоҷикистон Исоев Муҳаммадзоир Мираҳимович, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Лeксус-450», рақамҳои қайли давлатиаш 77 00 UO 10 дастгир карда шуд.
“Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда аз истеъмоли воситаҳои нашъадор дар ҳолати сархушӣ қарор дорад. Исоев М. дар чунин ҳолат дидаву дониста ҷони худ ва атрофиёнро зери хатар гузошта, воситаи нақлиётро идора мекард”, – таъкид шудааст дар гузориши милитсия.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба Исоев Муҳаммадзоир тибқи талаботи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд.
Моддаи 332 барои идора кардани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ, инчунин вогузоштани идораи воситаҳои нақлиёт ба шахсе, ки дар ҳолати мастӣ қарор дорад, ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробари 21 ҳазору 600 сомонӣ, ё қариб 2 ҳазор доллар) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 солро пешбинӣ мекунад.
Дар ин авохир милитсияи пойтахти Тоҷикистон шумори зиёди ронандагон, аз ҷумла дастикам 3 ронандаи занро барои рондани мошин дар ҳолати мастӣ боздошт кард. Қариб ҳамаи онҳо ба муҳлати 5 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум карда шуда, аксараш ба маблағи 21 ҳазору 600 смонӣ, ё қариб 2 ҳазор доллар ҷарима баста шуданд. Дар бораи чанд ҳолати то 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудани ронандагони маст низ гузориш шуда буд.
Мақомоти Тоҷикистон бар инанд, ки ронандагони маст ба ҳаёту саломатии ҳам худ ва ҳам дигарон хатар эҷод мекунанд ва сабабгони аксари садамаҳои марговар низ онҳоеянд, ки дар ҳолати мастӣ пушти фармони мошин менишинанд.