ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

ҲУШДОР БА СОКИНОН: КАСЕ ПЕШИ ФОЛБИНУ ҶОДУГАР РАФТ, ДАР ВКД РӮЙХАТ КАРДА МЕШАВАД!

ВКД Тоҷикистон рӯзи 27 августи соли 2024 бо нашри як иттилоияи алоҳида шаҳрвандоне, ки  “ба фолбинону ҷодугарон ва сеҳру ҷодуи онҳо боварӣ доранд”, ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд онҳоеро, ки ба назди фолбинону ҷодугарон мераванд ва “барои амалӣ намудани амалҳои ҷинояткоронаи онҳо маблағ дода, ба гуфтаи онҳо боварӣ намуда истодаанд”, низ ба шуъбаҳои милитсия  даъват карда, ба ҷавобгарӣ мекашонанд ва аз ҷумла нисбат ба онҳо “мавод тартиб дода шуда, дар махзанҳои ВКД бо расмҳояшон гузошта мешаванд”. ВКД гуфт, тайи як моҳи охир алакай беш аз 150 муштарии фолбинҳову ҷодугарҳоро дар ин ниҳод ба қайд гирифта, нисбат ба онҳо “чораҳои қонунӣ андешида шуда истодааст”.

Аммо ВКД шарҳ надодааст, ки муштариёни фолбинҳову ҷодугарҳоро бар асоси кадом банди қонун ба ҷавобгарӣ мекашонанд?

ВКД чанд моҳ пеш ҳушдор дода буд, ки рӯйхатти сиёҳи фолбинҳову ҷодугарҳо ва муллоҳои ҷинбарорро тартиб хоҳад дод.

Ҳушдори ВКД ба сурати зайл аст:

Ҳушдор ба нафароне, ки ба фолбинону ҷодугарон ва сеҳру ҷодуи онҳо боварӣ доранд

Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои оперативӣ – профилактикӣ маълум гардид, ки баъзе шаҳрвандон ба сеҳру ҷоду бовар намуда, ба назди фолбинону ҷодугарон рафта, барои амалӣ намудани амалҳои ҷинояткоронаи онҳо маблағ дода, ба гуфтаи онҳо боварӣ намуда истодаанд.
Танҳо дар як моҳи охир зиёда аз 150 нафар чунин ашхос ба қайди Вазорати корҳои дохилӣ ворид гашта, нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида шуда истодааст.
Бинобар ин, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд барои пешгирии чунин қонуншиканиҳо тамоми шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинону ҷодугарон мераванд, онҳо низ ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ даъват гардида, мавод тартиб дода шуда, дар махзанҳои ВКД бо расмҳояшон гузошта мешаванд.

ВКД Тоҷикистон фолбиниву ҷодугарӣ ва аъмоли дигаре, ба мисли бахткушоиву ҷинбарорӣ ваё қайтарма ё гарму хунук карданро “мардумфиребӣ” ва “қаллобӣ” мешуморад ва  аз моҳи феврали соли 2024 ба ин сӯ дар ҷумҳурӣ як маъракаи густарда барои ошкор сохтани фолбинҳову ҷодугарҳоро ба роҳ мондааст.

Милитсияи Душанбе ахиран хабар дод, ки танҳо дар пойтахт 141 нафареро, ки ба фолбинию ҷодугарӣ машғуланд, ошкор сохта, ба ҷавобгарӣ кашондаанд. Дар саросари ҷумҳурӣ шумораи чунин афроди барои фолбинию ҷодугарӣ дастгиршуда ҳудуди 500 нафар рақам зада мешавад.

То кунун барои машғул шудан ба фолбинию ҷодугарӣ дар Тоҷикистон ҳамчун ҷазо танҳо ҷарима пешбинӣ шуда буд, вале моҳи июни соли 2024 ба қонунгузорӣ тағйироте ворид карда шуд, ки бар асоси он, фолбинҳову ҷодугарҳоро метавонанд зиндонӣ ҳам кунанд.

ВКД ҳамчунин эълон кард, ки мақомот ҳамчунин дар пайи таҳияи рӯйхатти ягонаи афроде шудаанд, ки аз ҳисоби фолбинӣ, сеҳру ҷоду, навиштани тӯмору таштоб ва дигар роҳҳои, ба ақидаи мақомот, “мардумфиребӣ” рӯз мебаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button