ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҶомеа

7 РӮЗ ҲАБСИ ЛАЙЛО ВА ШАБНАМ БАРОИ АВБОШӢ ДАР ҲОЛАТИ САРХУШӢ АЗ ИСТЕЪМОЛИ “КРИСТАЛЛ”

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 28 августи соли 2024 дар бораи боздошт ва 7-шабонарӯзӣ ҳабс шудании ду духтари ҷавони 20-сола Лайло Сафарзода ва Шабнам Саидзода барои вайрон кардани тартиботи ҷамъӣ дар ҳолати сархушӣ аз истеъмоли маводи мухаддири навъи “Метаамфитамин” (кристал) хабар дод.

Яке аз ин духтарони сархуш блогер бо тахаллуси Лайлои Маҳмуд будааст, ки дар Инстаграм қариб 16 ҳазор обуначӣ доштааст.

Маркази матбуоти милитсияи Душанбе мегӯяд: “Мақомоти милитсияи пойтахт бо мақсади пешгирии истеъмол ва паҳншавии воситаҳои нашъадор дар ҳудуди шаҳри Душанбе муборизаи беамон мебард. Мутаассифона чуноне таҳлилҳо нишон медиҳанд, вақтҳои охир баъзе аз ҷавонписарон ва ҷавондухтарон ба истеъмоли ин маводи заҳрогин майл намудаанд”.

Аз ҷумла, меафзояд милитсияи пойтахти Тоҷикистон, “зимни баргузории як амалиёти санҷишӣ шаҳрвандон Сафарзода Лайло ва Саидзода Шабнам сокинони 20-солаи шаҳри Душанбе, ки ба вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ машғул буданд, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд. Зимни ташхис муайян карда шуд, ки номбурдагон аз истеъмоли воситаҳои нашъадори навъи “Метаамфитамин” (кристал), дар ҳолати сархушӣ қарор доранд”.

Бино ба иттилои милитсия, нисбат ба  Лайло Сафарзода ва Шабнам Саидзода маводи зарурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби додгоҳ нисбат ба ҳарду ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ татбиқ карда шуд.

Тафсилоти дигари қазия нашр нашудааст.

Рӯшан нест, ки ин ду духтар дар ҳолати сархушӣ аз истеъмоли маводи мухаддир тартиботи ҷамъиятиро кай, дар куҷо ва ба кадом шаклу сурат вайрон кардаанд?

Дар ин бора ҳам, ки ин духтарон кристаллҳои меаамфитаминро аз куҷо ба даст овардаанд?, дар гузориш чизе гуфта нашудааст. Ин навъи маводи мухаддир вақтҳои охир дар назди клубҳои шабона ва дискотекаҳо фурӯхта мешавад. Бештари харидорони ин маводи заҳрогин ба ном “ҷавонони тиллоӣ”, аз ҷумла фарзандони мансабдорони баландпоя мебошанд.

Лайлои Маҳмуд (Лайло Сафарзода) дар саҳифааш дар Инстаграм асосан аксу видеоҳо мегузорад. Ӯ дар ин аксу видеоҳо бо либосҳои гуногун, аз ҷумла бо либоси миллии чакан, зоҳир шуда, дар наворҳо дар ҳавои таронаҳои дигарон лаб меҷунбонад. Дар умум муҳтавои аксу видеоҳои Лайлои Маҳмуд ҷавобгӯи чорчӯби меъёрҳои ахлоқии қабулшуда ба назар менамоянд. Ба фарқ аз рафтораш, ки ба ақидаи милитсия, ҳамроҳи Шабнам Саидзода ҳарду “ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ машғул будаанд”.

Дар бораи шахсияти муттаҳами дуюм дар ин парванда Шабнам Саидзода то ин соат маълумоти мушаххасе ҳанӯз ба даст наомадааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button