ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН, ПАДАРИ 10 ФАРЗАНД ВА ДОНАНДАИ 10 ЗАБОН: АБДУЛҲАЙ ИМОНҚУЛОВ  МУФТИИ АЪЗАМИ ХАБАРОВСК ШУД

Абдулҳай Имонқулов, рӯҳонии 42-солаи зодаи Тоҷикистон муфтии аъзами Хабаровск таъйин шуд.    Дар ин бора рӯзи 26 августи соли 2024 хадамоти матбуоти Идораи мусулмонон, ё муфтиёти минтақаи Шарқи дури Русия хабар дод. Бино ба ин манбаъ, маҷлиси идораи мусулмонони ин минтақа Абдулҳай-ҳазратро рӯзи 10 август ба мақоми муфтии аъзами кишвари Хабаровск таъйин кард. Домулло Абдулҳай то кунун имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Хабаровск ва ёвари муфтии минтақаи Шарқи дур буд. Домулло Абдулҳай аз ӯзбекҳои зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия буда, 10 фарзанд дорад ва полиглот, яъне забондон буда, ба 10 забон (!) балад будааст. Ӯ дар Русия ҳам маълумоти олии динӣ ва ҳам маълумоти олии дунявӣ гирифтааст.

Кишвари Хабаровск яке аз бузургтарин вилоятҳои минтақаи Шарқи дури Русия ба шумор меравад.

Имонқулов Абдулҳай (номи расмиаш: Ҷумъаназар Худойназарович Имонқулов) соли 1982 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Падару модари ӯ аз қабилаи лақайҳо, як қабилаи ӯзбекзабонанд.

Имонқулов 6 сол дар Тоҷикистон улуми диниро омӯхта, баъди ба Русия кӯчиданаш дар инҷо ҳам маълумоти динӣ ва ҳам дунявии худро такмил додааст. Ӯ Донишкадаи федералии Шарқи дурро бо ихтисоси “забонҳои хитоӣ ва англисӣ”, Донишкадаи исломии Бошқирдистон ва мадрасаи шаҳри Буаи Тотористонро хатм карда, ҳоло таҳсили динии худро ба сурати ғоибона дар Академияи исломии шаҳри Булғори Тотористон идома дода истодааст.

Абдулҳай Имонқулов полиглот, яъне забондода буда, бино ба тарҷумаи ҳоли расмиаш, 10 забонро медонад: русӣ, арабӣ, ӯзбекӣ, тоҷикӣ, тоторӣ, қирғизӣ, туркӣ, озарӣ, хитоӣ ва англисӣ.

Абдулҳай Имонқулов таҷрибаи тӯлонии кор дар низоми муфтиёти Русияро дорад. Ӯ солҳои 2007-2014 имоми масҷиди шаҳри Уссурийски кишвари  Приморйе буда, сипас аз соли 2014 то 206 дар Маскав ва аз соли 2016 то 2020 ба ҳайси имоми масҷид дар вилояти Томски Русия кор кард. Соли 2021 Абдулҳай Имонқулов ба Шарқи дур баргашт ва моҳи апрели ҳамон сол имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Хабаровск ва ҳамзамон ёвари муфтии минтақаи Шарқи дур таъйин шуд.

Абдулҳай Имонқулов падари серфарзанд низ ҳаст. Ӯву ҳамсараш 10 фарзанд доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button