ЗАМИНЛАРЗАИ ПАНҶБАЛЛӢ ДАР НАЗДИКИИ ХОРУҒ

Рӯзи 27 августи соли 2024, соати 12:29 ба вақти маҳаллӣ дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарҳи Тоҷикистон, дар наздикии марз бо Афғонистон, як заминларзаи иқтидораш тибқи ҷадвали Рихтер, 5 балл рух додааст. Дар ин бораи марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ, аз ҷумла Маркази зилзиланигории Аврупо ва ҳавзаи баҳри Миёназамин, хабар доданд.
Бино ба иттилои зилзиланигорон, маркази заминларза дар умқи 114 километри замин, дар 24-километрии шимоли шаҳри Хоруғ – маркази маъмурии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир шуда буд.
Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази ин зилзила 32 километр шимолу шарқи шаҳри Хоруғ буд. Қувваи заминларза дар марказаш 5 балл ва дар шаҳри Хоруғ 3-4 баллро ташкил дод. Дар бораи талафоти ҷониву хисороти дигар гузориш нарасидааст.
Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 5 зилзила, дар як моҳи охир 20 заминларза ва дар як соли охир 230 заминларзаро сабт кардааст.
Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон ва дар марз бо Афғонистон рух медиҳанд.
