ВидеоМуҳоҷирон

НАЗАРАЛӢ СУЛТОНОВ БА ҲАБС ГИРИФТА ШУД, ПАДАРАШРО АЗ РУСИЯ ИХРОҶ МЕКУНАНД (ВИДЕО)

Рӯзи 27 августи соли 2024 додгоҳи ноҳияи Троитски шаҳри Маскав Султонов Назаралӣ Бозорович, нафари муттаҳам дар ҳамлаи хунин ба зану шавҳари солхӯрда дар Новая Москваро барои як моҳу 29 рӯз, яъне то 20 октябри соли 2024 ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Султонов, ки 38 сол дорад, бар асоси  қисми дуюми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия ба одамкушӣ бо бераҳмии махсус ва бар асоси қисми сеюми моддаи 30 ҷа қисми дуюми моддаи 105 ба қасди куштани ду нафар айбдор мешавад. Ӯ дар пайи қатли полковники нирӯҳои ҳавоӣ Виктор Селезнёв дар деҳаи Яртсево дар Новая Москва дастгир шуд.

Ҳамроҳи Назаралӣ Султонов падари ӯро ҳам боздошт карда, ҳукми ихроҷаш аз Русияро бароварданд.

Ҳамин додгоҳи ноҳияи Троитск рӯзи 21 август шаҳрванди Тоҷикистон Султонов Бозор Алихоновичро тибқи қисми 3.1 моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия дар вайрон кардани қоидаҳои будубош дар ин кишвар гунаҳкор шинохта, 5 ҳазор рубл ҷарима баст ва ба ихроҷ аз қаламрави Русия маҳкум кард. Бо қарори додгоҳ, Бозор Султонов то рӯзи ихроҷаш аз Русия дар боздоштгоҳи хориҷиён (ба эҳтимоли ғолиб, дар Сахарово) нигоҳ дошта хоҳад шуд.

Ҷасади ба хун оғӯшта ва алакай беҷони полковники мустаъфии 84-сола Виктор Селезнёвро шоми 19 августи соли 2024 дар ҳудуди ҷамъияти боғдории “Полёт” дар деҳаи Яртсевои ноҳияи  Красная Пахра пайдо карданд. Ҳамсари 82-солаи ӯро бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон бурданд ва ба табибон муяссар шуд, ки ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Баъди чанд соат ҳамчун гумонбар дар ин куштор зодаи Тоҷикистон Назаралӣ Султонов, соли таваллудаш 1986 дастгир карда шуд.

Шоми 20 август Ирина Волк, сухангӯи ВКД Русия дар Телеграм-каналаш сабти видеоии лаҳзаҳои бозпурсии нафари муттаҳам ба қатли полковник Селезнёвро нашр кард. Аз ин сабт бармеояд, ки дастгиршуда Селезнёвҳоро хуб мешинохт, чунки он шоми наҳс ба хонаи онҳо барои қарзпурсӣ рафтааст. Бино ба фарзияе, ки Султонов дар ин видео нақл мекунад, ӯ як фарзанди маъюб дорад ва барои ҷарроҳии ӯ ба пул ниёз дошт. Гӯё  полковник Селезнёв дар аввал розӣ шудааст, ки кори ӯро буд карда, қарзаш бидиҳад, вале дар охир дархости Султоновро рад мекунад ва ӯ ба замин далел соҳибхонаро мекушад. Султонов нақл кард, ки ӯ ҳамсари Селезнёвро барои он куштанӣ шуд, ки шоҳидро аз байн бубарад ва изи ҷинояташ пинҳон бимонад.

Ӯ ба ҳамин мақсади пӯшондани изи ҷинояташ хонаи Селезнёвҳоро оташ заданӣ шудааст, вале ҳамсояҳо алангаи сӯхтор ва як марди бегона дар назди хонаи Селезнёвҳоро дида, ба мақомот хабар додаанд. Зану шавҳар нафақат аз сари худ чанд зарбаи табар хӯрда буданд, балки дасту пояшон ҳам сӯхта буд. Полковники солхӯрда алакай то омадани табибон ҷон дода буд, вале ҳамсараш ба таври мӯъҷизавӣ зинда монд: ӯ ҳоло дар ҳолати вазнин дар бемористон аст.

Назаралӣ Султонов ҳамчунин нақл кард, ки баъди содир кардани ҷиноят  қабл аз фирор корти бонкии Селезнёвҳоро низ бо худ гирифта, онро ба рақами телефонаш часпондааст. Пулис маҳз тавассути ҳамин корти бонкӣ шахсият ва макони будубоши гумонбаршавандаро муайян ва ӯро ба таври фаврӣ алакай баъди чанд соати содир шудани ҷиноят дастгир кард.

Тафтишот бар ин аст, ки “ангезаи ҷиноят пул будааст”.

Ба Назаралӣ Султонов барои куштор бар асоси қисми якуми моддаи 105 аз 6 то 15 соли зиндон ва бар асоси қисми дуюми ин модда барои сӯиқасд ба куштори ду нафар аз 8 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале агар, Худое нокарда, зани ҷабрдида низ бимирад, Назаралӣ Султоновро метавонанд барои умрбод низ ба зиндон афкананд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button