ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ШАҲРВАНДИ ХИТОЙРО СОАТИ СЕИ ШАБ ДАР НАЗДИ ЯК КЛУБИ ШАБОНА ЛАТТУКӮБ КАРДААНД

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 27 августи соли 2024 дар бораи оғози тафтиши қазияи занозании як сокини маҳаллӣ бо як шаҳрванди Хитой хабар дод. Ин муноқиша соати сеи шаб дар назди як клуби шабона дар маркази пойтахти Тоҷикистон рух додааст.

Гуфта мешавад, Ли Каикианг шаҳрванди 36-солаи Ҷумҳурии мардумии Чин (Хитой) ба шуъбаи милитсияи ноҳияи И.Сомонӣ дар ин хусус муроҷиат кардааст, ки ӯро ҳангоми дар кӯчаи Бухоро қарор доштанаш латукӯб кардаанд.

Аммо маркази матбуоти милитсияи Душанбе гуфт, санҷиши ҳолати кор нишон дод, ки дар ин қазия меҳмони ҷумҳурӣ низ чандон бегуноҳ набудааст.

“Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки санаи 22-юми август, тахминан соати 03:00 Ҳайдаров Иброҳим Собирович, санаи таваллудаш 08.07.1991, сокини шаҳри Душанбе дар кӯчаи Бухоро, дар назди маркази дилхушииМанҳеттен» тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, бо муроҷиаткунанда муноқиша кардаанд. Ҳарду дағалона тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, оромии шаҳрвандонро халалдор сохтаанд. Бо назардошти он ки дар кирдорҳои ҳарду аломатҳои таркиби ҷиноят дида мешавад, маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи пойтахти Тоҷикистон.

Агар аъмоли ҳарду иштирокчии занозанӣ ҳамчун майдаавбошӣ арзёбӣ шавад, ба онҳо тибқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун ҷазо ҷарима ваё ҳабси маъмурӣ ба муддати аз як то 15 шабонарӯз таҳдид мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон ҳар сол ба беш аз 5 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ барои фаъолияти корӣ дар ҳудуди ин ҷумҳурӣ квота ҷудо мекунанд. Аксари ин квотаҳо ба шаҳрвандони Хитой дода мешаванд, ки дар тарҳҳои гуногуни сармоягузориҳои он кишвар дар Душанбе ва дигар гӯшаҳои Тоҷикистон кор мекунанд. Хитой дар солҳои охир ба сармоягузори рақами яки ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button