Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 26 августи соли 2024 дар бораи ошкор шудани боз ду ҳолати тасарруфи маблағи шаҳрвандон барои омода намудани шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбии носолим аз ҷониби як корманди мизи ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд хабар дод.
Бино ба гузориши маркази матбуоти агентӣ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷўӣ муайян карда шуд, ки “Абдуллоев И.А. аз 12 августи соли 2020 то 24 январи соли 2022 дар вазифаи мутахассиси бақайдгирии мизи ҳарбии Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил»-и соҳили чапи шаҳри Хуҷанд кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш дар асоси маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Абдуллоева М.Н. моҳи марти соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд А.А.И. даромада, аз номбурда бо баҳонаи ба наберааш омода намудани шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбии носолим ҷамъ маблағи 12 000 сомониро талаб карда гирифта, минбаъд бо мақсади амалӣ намудани қасди ҷиноятии худ бо истифода аз техникаи компютерӣ шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбии носолим аз 24 ноябри соли 2020, №007016-ро бо роҳи сохтакорӣ омода карда, ҳуҷҷати бараъло қалбакиро ба шаҳрванд А.А.И. дастрас намуданд”.
Ғайр аз ин, меафзояд агентӣ, “Абдуллоев И.А. кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, моҳи майи соли 2024 бо шаҳрванд И.Ф. шиносоӣ пайдо намуда, ба охирин худро ҳамчун корманди Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд муаррифӣ карда, аз номбурда бо роҳи фиреб барои омода намудани шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбии носолим ба номи бародараш И.М. ҷамъ маблағи 10000 сомониро талаб карда гирифта, ба манфиати номбурда ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағи зикршударо ба эҳтиёҷоти шахсиаш тасарруф намудааст.”
Худи Абдуллоев ва шариконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Абдуллоев И.А. ва дигарон бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои “а,б,в,г” ва 340 қисми 2 бандҳои “б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол карда шудааст. Ба Абдуллоев ва шариконаш бар асоси ин бандҳои қонун ҷарима ваё то чанд соли зиндон таҳдид мекунад.
Вале таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аксари мансабдорони бо ҷиноятҳои коррупсионӣ ба даст афтода дар ниҳоят бо пардохти ягон ҷаримаи рамзӣ халос мешаванд. Бисёриҳо мутмаинанд, ки чунин ҳукмҳои сабук дар ивази пораҳои вазнин ба додрасҳо ва дигар шахсони зидахл ва ҳалкунанда ба даст меоянд.
Комиссариатҳои ҳарбӣ, мизҳои ҳарбӣ, комиссияҳои тиббӣ ва дигар ниҳодҳои зидахл дар маъракаи даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ аз ниҳодҳои давлатии аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор мераванд. Дар ҳар мавсими даъвати баҳорӣ ё тирамоҳӣ чандин корманди комиссариат ё мизи ҳарбӣ барои гирифтани пора ба даст меафтанд.
Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.
Соли 2021 ба қонунгузории Тоҷикистон тағйироте ворид карда шуд, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, бо пардохти маблағи муодили 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (барои соли 2022 ин маблағ 26 ҳазору 880 сомониро ташкил медиҳад) ҳамагӣ як моҳ хидмат карда, аз хидмати ҳарбии дусола озод шаванд. Мақомот низ бар ин бовар буданд, ки ин дасти фасодро дар арсаи даъват ба артиш хеле кӯтоҳтар карда, имкон медиҳад, ки маблағҳои аз ин ҳисоб бадастомада барои беҳтар кардани шароити хидмати аскарони боқимонда сарф карда шавад.
Аммо аз 1 сентябри соли 2023 маблағи хидмати алтернативӣ дар Тоҷикистон қариб 2 маротиба боло бурда шуда, имсол то 54 ҳазор сомонӣ расид, ки ба бовари аксар, хеле зиёду миёншикан буда, шумораи талабгорони хидмати алтернативиро кам ва дигарбора деги коррупсияро дар комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар ниҳодҳои зидахл дар маъракаҳои даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ гарм мекунад.