ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

8 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ЗАНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БАРОИ БА СУРИЯ БА МОДАРАШ ФИРИСТОДАНИ 15 ҲАЗОР РУБЛ

Додгоҳи дуюми ҳавзаи ҳарбии ғарбии Русия дар шаҳри Маскав рӯзи 26 августи соли 2024 Нозимова ном як зан аз Тоҷикистонро ба далели ба модараш ба Сурия фиристодани 15 ҳазор сомонӣ ба маблағгузории терроризм гунаҳкор шинохта, ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора аз толори ин додгоҳ хабарнигори хабаргузории русии ТАСС хабар дод.

Евгений Зубов, қозии парванда зимни қироати ҳукм гуфт: “Нозимова бар асоси қисми панҷуми моддаи 33 ва қисми 1.1 моддаи 205.1 Кодекси ҷиноятии Русия (мусоидат ё ҳамдастӣ ба фаъолияти террористӣ)  гунаҳкор дониста шуда, ба муддати 8 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд”.

Бо қарори додгоҳ, Нозимова ҳукумашро дар маҳбаси низомаш умумӣ адо хоҳад кард.

Бино ба фарзияи тафтишот, Нозимова бо мақсади маблағгузории фаъолияти созмони террористии дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯи “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ба як нафари шахсияташ номуайян ба Сурия 15 ҳазор рубл, баробари тақрибан 160 доллар пул фиристодааст.

Худи Нозимова ё адвокату наздиконаш барои шарҳи парванда дастрас нестанд, вале хабарнигори ТАСС мегӯяд, ки дар дар додгоҳ ин зан иттиҳомоти эълоншударо ба гардан гирифтааст.

Рӯзи 22 август, дар рӯзи аввали мурофиа Нозимова нақл карда буд, ки ӯ аз соли 2014 бо мақсади ҳифзи иртибот бо аъзои хонаводаашон, ки ба Русия рафта буданд ва таҳти ҷустуҷӯ қарор доштанд, бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард.

Ӯ ҳамчунин баёнот дода буд, ки он 15 ҳазор рублро бо мақсади кумак ба кӯдаконе, ки дар Сурия дар урдугоҳи асирон қарор доштанд, ва ҳамчунин бо мақсади ҳифзи робита бо модараш, ки низ дар ҳамон урдугоҳи асирон қарор доштааст, фиристода буд.

Ба ин зан бар асоси қонунҳои Русия барои маблағгузории созмони террористӣ ҳамчун ҷазо аз 8 то 15 соли зиндон бо ҷарима ба маблағи аз 300 ҳазор то 700 ҳазор рубл таҳдид мекард.

Дар маҳбасҳои Русия бо айни иттиҳоми интиқоли пул ба созмонҳои террористӣ даҳҳо муҳоҷири тоҷик адои ҳукм мекунанд, вале дар бораи бо чунин иттиҳом дар Русия ба ҷавобгарӣ кашонда шудани занони тоҷик то кунун ягон хабар ба даст нарасида буд.

Дар Душанбе бар инанд, ки дар вақташ беш аз 80 фоизи тоҷикҳое, ки ба доми фиреби мубаллиғони созмонҳои ҷангҷӯи мазҳабӣ, асосан ба доми ДОИШ афтода, бархе хонахез ба минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна рафтанд, маҳз дар замони дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштанашон ба саффи гуруҳҳои террористӣ ҷалб карда шудаанд.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар миёнаҳои даҳаи дуюми асри 21 дар солҳои авҷи таблиғоти эмиссарҳои созмонҳои тундрави фаъол дар Ховари Миёна беш аз 2 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла даҳҳо нафари онҳо ба мисли модару бародарони Нозимова, хонахез, яъне ҳамроҳ бо зану фарзандон ва ҳатто падару модарони пирашон ба Сурияву Ироқ рафта, ба саффи ин гуруҳҳои ҷангҷӯ, асосан ба саффи ДОИШ пайвастанд.

Дар ҷараёни саркӯби нирӯҳои ДОИШ ва аз дасти онҳо пас гирифтани қисмати аъзами  қаламрави ба ном “хилофати исломӣ”, ки ҷангҷӯён дар Сурияву Ироқ таъсис дода буданд, ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, тақрибан 500 нафар аз ҷангҷӯёни тоҷик кушта шуда, қисмати дигаре аз онҳо аз Ховари Миёна рӯ ба гурез оварданд.

Дар ин лобало мақомоти Ироқ ва нирӯҳое, ки дар Сурия ба зидди ДОИШ меҷангиданд, ҳазорон нафар аз аҳли хонаводаи ҷангҷӯёни ДОИШ, аз ҷумла садҳо зану фарзандони ҷангҷӯёни тоҷикро боздошт карданд, ки қисме аз онҳо дар урдугоҳҳои вижа дар Сурия ва қисмате дар зиндонҳои Ироқ нигоҳ дошта мешаванд.

Ба мақомоти дипломатии Тоҷикистон, асосан ба сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдуллоҳ Зубайдзода муяссар шуд, ки беш аз 400 нафар аз ин занону кӯдаконро ба Ватан баргардонанд. Аз ҷумла соли 2017 89 кӯдаки тоҷикро аз  Ироқ, моҳи июли соли 2022 боз 146 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ва моҳи майи соли гузашта 104 зану кӯдак ва моҳи апрели соли 2024 боз 47 зану кӯдаки тоҷикро боз ҳам аз Сурия ба Ватан баргардонанд.

Вале дар умум ба Ватан баргардондани бахусус ҳамсарони ҷангҷӯёни тоҷик ба мушкилӣ сурат мегирад, чунки дар Ироқ даҳҳо нафари онҳо бо ҷурми мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон ва чанд зани тоҷику ӯзбек ҳатто маҳкум ба зиндони умрбод шудаанд. Моҳи апрели соли 2023 як гуруҳи занони тоҷик дар зиндони занонаи Русафа дар шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ ба нишони эътироз ба “иттиҳомоти сохта ва муҷозоти ноодилона” ва бо талаби озодии билофосила эълони гуруснанишинӣ карда буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button