ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

САРКАРДАИ ОШӮБГАРОН ДАР МАҲБАСИ ВОЛГОГРАД ШОҲАБДУЛКАРИМХОН КАРИМОВ БУДААСТ?

Бо гузашти чанд рӯз аз ошӯби хунини рӯзи 23 августи соли 2024 дар  маҳбаси №19 (ИТК-19) дар шаҳри Суровикинои вилояти Волгогради Русия дар бораи шахсияти иштирокчиёни ин ошӯб то ҳол маълумоти мухталиф ва гоҳо зиддунақиз ба даст мерасад.

Қаблан гуфта мешуд, ки ин ошӯбро 4 маҳбус – ду зодаи Ӯзбекистон Рамзидин Тошев ва Темур Хусинов ва ду зодаи Тоҷикистон Назирҷон Тошов ва Наврӯзи Рустамҷон анҷом додаанд. Ба ғайр аз Хусинов, ки барои одамкушӣ аз беэҳтиётӣ зиндонӣ шуда буд, он се нафари дигари зикршуда бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир адои ҳукм мекарданд.

Аммо модари Темур Хусинов рӯзи 26 август ба журналистон гуфт, дар видеоҳои нашршуда дар байни маҳбусони ошӯбгар писари ӯ набуд.

 “Писари ман онҷо нест, мефаҳмед? Онҳое, ки ин корро карданд, тамоман одамони дигаранд, писари ман дар байни онҳо нест. Ӯ дар ҳамин зиндон буд, вале дар байни онҳое, ки одамонро куштанду реза карданд, ӯ набуд. Вале номаш дар рӯйхат ҳаст. Ман мехоҳам бидонам, ки паисари ман куҷост, чӣ ҳол дорад?”— гуфтааст ин зан ба хабаргузории “РИА Новости”.

Модари Хусинов гуфтааст, писараш баъди ду моҳ бояд озод мешуд ва аз ин рӯ, “ба чунин кори гуноҳ даст намезад”. Ӯ аз он шикоят кардааст, ки вайро ба маҳбаси №19 роҳ намедиҳанд, то дар бораи куҷо будани писараш маълумот бигирад.

Шоми 25 август, Telegram-канали ба мақомоти қудратии Русия наздики Baza  бо такя ба манбаъҳояш хабар дод, ки Рамзидин Тошев ва Темур Хусинов  дар ошӯби рӯзи ҷумъа дар маҳбаси №19 иштирок надоштанд ва номашон иштибоҳан дар рӯйхатти ошӯбгарон афтодааст.

Бино ба иттилои “База”, шахсияти маҳбусони ошӯбгарро баъди аз байн бурдани онҳо муайян карданд ва маълум шудааст, ки ба ҷуз аз Наврӯзи Рустамҷон ва Назирҷон Тошов, дар ин ошӯб Шоҳабдулкаримхон Каримов ва Шоҳиҷаҳон Сайфиев иштирок кардаанд. Сайфиев соли 2022 ва Каримов соли 2019 бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шуда буданд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ,  Шоҳабдулкаримхон Каримов аз Тоҷикистон будааст, вале аз куҷо будани Шоҳиҷаҳон Сайфиев ҳанӯз равшан нест.

Telegram-канали низ ба ниҳодҳои қудратии Русия наздики Mash ҳанӯз рӯзи 24 август Шоҳабдулкаримхон Каримовро саркардаи ошӯби маҳбусон дар маҳбаси №19 номида, хабар дод, ки муфаттишон ҳоло мехоҳанд бародари ӯро бозпурсӣ кунанд. Фарҳодҷон Каримов низ соли 2016 ҳамроҳи бародараш Шоҳабдулкаримхон дастгир ва маҳкум ба зиндон шуда буд, вале онҳо ин ҳама сол дар маҳбасҳои алоҳида адои ҳукм мекарданд.

Ба иттилои Mash, Каримовҳо ҳарду аз як деҳа дар Тоҷикистон буда, яке аз онҳо ду фарзанд дорад, вале хешу таборашон тақрибан ду сол боз аз онҳо дар маҳбас аёдат накардаанд ва ду сол боз

Каримовҳо ҳамроҳи 6 нафари дигар, бо шумули як духтар аз Маскав, соли 2016 дар вилояти  Волгоград бо маводи мухаддир ба даст афтоданд. Онҳо эътироф карданд, ки дар шаҳри Волжск ду “закладка” ва дар Волгоград 10 “закладка” кардаанд. Аз Шоҳабдулкаримхон он вақт ҳангоми кофтукоб 200 бастаи маводи мухаддир пайдо карданд.

Аъзои ин наркобанда дар ниҳоят ба муҳлати аз 3 то 10 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Гуфта мешавад, Каримовҳо чанд русиро хуб намедонистистанд ва дар ҷараёни бозпурсиҳо бо кумаки тарҷумон баёнот медоданд.

Mash  менависад, ки маҳз Шоҳабдулкаримхон Каримов саркардаи ошӯбгарон дар маҳбаси №19 буд, на Назирҷон Тошов.  “Маҳз Каримов видеову акс мегирифт, бо намояндагони мақомот музокирот мекард ва амалҳои ошӯбгаронро ҳамоҳанг месохт”, – навишааст Mash.

 Именно Каримов снимал фото и видео, общался с правоохранителями и координировал действия Ошӯби маҳбусон дар маҳбаси №19 дар Суровикино 4  соат – аз соати 12:30 то 16:30 давом кард ва бо аз байн бурдани ошӯбгарон тавассути снайперҳо анҷом ёфт. Дар ҷараёни ошӯб 4 маҳбус ва 4 корманди зиндон кушта шуданд. Ошӯбгарон мегуфтанд, онҳо он кормандони зиндонро, ки маҳбусони мусулмонро азоб медоданд, якҷо бо маҳбусоне, ки дар азият додани мусулмонҳо ба зиндонбонҳо ҳамдастӣ мекарданд, ҷазо додаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button