Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 24 августи соли 2024, дар остона солгарди истиқлоли кишвараш, як идда аз намояндагони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла аҳли фарҳангро бо унвонҳо ва нишонҳои давлатӣ сарфароз гардонд. Дар баробари чеҳраҳои шинохтае, чун овозхони шинохтаи ӯзбек Озода Севархон, овозхони маъруфи тоҷик, солисти ансамбли “Дарё” Нигина Амонқулова низ бо фармони Мирзиёев сазовори унвони Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон шуд. Ин баландтарин унвон барои аҳли фарҳанг дар Ӯзбекистон дониста мешавад.
Бо фармони президенти Ӯзбекистон “барои хидматҳои барҷаста дар таҳқими истиқлоли Ватан, бунёди Ӯзбекистони ҷадид, истеъдоди баланд, фаъолияти гуногунҷанбаи эҷодӣ барои боло бурдани сатҳи маънавиёти мардум, рушди фарҳанг, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи муҳаббат ва садоқат ба кишвари худ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ” инҳо сазовори унвони Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон шуданд:
Қӯзиев Тоир Аскарович – устоди созҳои миллии мактаби мусиқии ба номи В.Успенский, мутриб,
Нодирова Ойгул Бозорбоевна – устоди кафедраи Донишкадаи омӯзгории Нуқуқ, овозхон,
Назархонова Севара Анварҷоновна – овозхони муассиссаи давлатии “Ӯзбекконсерт”,
Умаров Валихон Мирвасилевич – саркоргардони театри давлатии академии русии Ӯзбекистон,
Уринбоев Камолиддин Турдимуратович – ректори Консерваторияи давлатӣ ва раҳбари эҷодии Оркестри давлатии симфонии Ӯзбекистон,
Амонқулова Нигина Ҳайдаровна – овозхони ансамбли “Дарё”-и Кумитаи радио ва телевизиони ҳукумати Тоҷикистон.
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷистон ва, инак, Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Нигина Амонқулова 30 январи соли 1986 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) дар шимолуғарби Тоҷикистон дар оилаи серфарзанд ба дунё омадааст. Модари ӯ бухгалтер ва падараш ронанда мебошанд. Нигина Амонқулова бо хондани таронаҳои мардумӣ ва ҳамчунин бозхонии таронаҳои солҳои пешин маъруф шудааст.
Нигина Амонқулова чор бародар дорад. Бародари калонии ӯ Хуршед тоҷир ва бародариш дуюмаш Хусрав овозхон буда, ду бародарони дигараш Хайём ва Ҳомидҷон ном доранд.
мебошанд.
Нигина Амонқулова мактаби миёнаи № 1 Панҷакентро хатм карда, дар Коллеҷи тиббӣ дониш андӯхтааст ва ҳамзамон бо таҳсил, ҳунари тарроҳиву дӯзандагиро низ омӯхтааст ва дар солҳои аввал либосҳои саҳнавиашро худаш медӯхт.
Нигина соли 2007 ба хешписараш Фирӯз ба шавҳар баромадааст. Соли 2008 онҳо соҳиби писар шуданд, ки Азамат номаш гузоштаанд.
Нигина аз хурдсолӣ мехост пизишк шавад, аммо меҳру муҳаббати гармаш ба суруду мусиқӣ саранҷом ӯро рӯи саҳна овард ва дар як вақти кӯтоҳ ба нигини саҳнаи тоҷик табдил дод. Нигина бо бозхонии суруди «Шаби маҳтобе» маъруф гардид. Баъди бо ин тарона пирӯз шуданаш дар озмуни “Андалеб” Нигина Амонқулова аз Панҷакент ба Душанбе кӯчид ва ба саҳнаи калон роҳ ёфт.
«Дар оғӯши ту мемирам», “Кабӯтар” (ҳамроҳ бо Дамирбек Олимов) ва чанде дигар аз таронаҳои Нигина аз ҷумла пуртамошобинтарин таронаҳои тоҷикӣ ба шумор мераванд.