НИГАРОНИҲО АЗ ФИШОРҲОИ НАВ БА МУҲОҶИРОН ДАР РУСИЯ ДАР ПАЙИ ОШӮБИ ХУНИН ДАР ЗИНДОНИ ВОЛГОГРАД (ВИДЕО)
Иштироки зодагони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ошӯби пурқурбонӣ дар маҳбаси Русия муҳоҷирони тоҷику ӯзбек дар Русия ва ҳамин тавр, хонаводаҳои онҳоро сахт нигарон кардааст. Ҳама дар ташвишанд, ки ин қазия боиси мавҷи нави бархӯрди шадиди мақомоти Русия нисбат ба муҳоҷирон хоҳад шуд. Амре, ки муҳоҷирони тоҷик баъди ҳамлаи “Крокус” дучор шуданд.
Эҳтимоли баъди ошӯб дар зиндони Волгоград шиддат гирифтани фишор ба муҳоҷирони тоҷик, тавре ба назар мерасад, роҳбарони Тоҷикистонро низ дар ташвиш андохтааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон алакай шоми 23 август дар бораи суҳбати телефонии вазири дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев “вобаста ба ҳодисаи гаравгонгирӣ дар муассисаи ислоҳии низомаш сангини шаҳри Суровикино” хабар дод.
Дар иттилоияи расмӣ гуфта мешавад, ки “дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо оиди дар ҳамбастагӣ таъҷилан андешидани чораҳои зарурӣ баҳри муайян ва дастгир намудани дигар аъзои ташкилоти терористие, ки ҷинояти мазкурро содир намудаанд ва барои гузаронидани ҳаракатҳои муштараки оперативӣ-тафтишотӣ ба мувофиқа расиданд”.
Тафсилоти дигари тавофуқоти ҳосилшуда гуфта нашудааст, вале таъкид шудааст, ки суҳбати телефонии Раҳимзода бо ҳамтои русаш “бо дастуру супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон” сурат гирифтааст.
Дар Русия аз як то ду миллион зодаи Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол онҳо аз Русия ба Тоҷикистон то чанд миллиард доллар пул мефиристанд. Ин пулҳои фиристодаи муҳоҷирон якм манбаи асосии даромади аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон ва як омили умдаи гардонандаи чархи аробаи савдо ва дар умум омили муҳими таъмини пешрафти иқтисоди ин фақиртарин ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ дониста мешавад.
Дар нимаи аввали соли 2024, асосан баъди ҳамлаи “Крокус”, аз Русия беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ карданд. Ин назар ба 11 ҳазор нафаре, ки дар тамоми тӯли соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуданд, хеле бештар аст.
Ихроҷи ҳар муҳоҷир аз Русия дар Тоҷикистон ба маънои аз як манбаи муҳими даромадаш маҳрум шудани дастикам як хонавода аст.