МИЛИТСИЯ БАРОИ ҶУСТУҶӮИ ҶИНОЯТКОР АЗ МАРДУМ КУМАК ХОСТ. ҚУРБОНАЛӢ ХОЛБОБОЕВ БА ОДАМКУШӢ АЙБДОР МЕШАВАД

ВКД Тоҷикистон рӯзи 26 августи соли 2024 бо нашри як эълон аз шаҳрвандон барои ҷустуҷӯи як ҷинояткор, ки барои одамкушӣ дар ҷустуҷӯ қарор дорад, кумак пурсид.
Бино ба эълони ВКД, Холбобоев Қурбоналӣ Суюнович, соли таваллудаш 1965, зодаи ноҳияи Хуросон, муваққатан сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чоргултеппа, деҳаи Пахтакор, бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад.
Дар бораи парвандаи Холбобоев ягон тафсилоти дигар дода нашудааст, вале моддаи 104, қарори маълум, марбут ба ҷинояти одамкушӣ мебошад. Аммо дар бораи ин ки Холбобоев Қурбоналӣ ба куштори кӣ айбдор мешавад ва ин ҷиноят кай сурат гирифтааст?, ягон маълумот дода нашудааст.
Қарори маълум, вақтҳои охир чандин тан аз зодагони ноҳияи Хуросон, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон узви гуруҳи мусаллаҳи фармондеҳи Фронти халқӣ дар ҷабҳаи Ғозималик (Хуросони ҳозира) Хӯҷа Каримов бедодгариҳои зиёд карда буданд, барои ҷиноятҳои солҳои ҷанг содиркардаашон, аз ҷумла барои қатлу куштори мардуми бегуноҳ таҳти таъқиб қарор гирифтаанд. Худи Хӯҷа Каримовро ҳам, ки беш аз 20 сол боз дар хориҷ дар ҳоли фирор ба сар мебурд, мақомот тавонистанд соли 2020 аз Дубай истирдод карда, барои ҷиноятҳои сангини дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ содиркардааш ба 21 соли зиндон маҳкум карданд.
Аммо ВКД шарҳ надодааст, ки оё Холбобоев Қурбоналӣ низ узви гуруҳи Хӯҷа буд ва барои ҷиноятҳои солҳои ҷанг ҷустуҷӯ мешавад ваё барои ягон куштори ахиран содиршуда?
ВКД аз онҳое, ки дар бораи макони эҳтимолии будубоши Холбобоев Қурбоналӣ ягон маълумот доранд, хоҳиш кардаааст, ки барои пайдо кардани ҷинояткор кумак расонанд ва фавран бо ин рақамҳо тамос бигиранд:
+992 909 10 10 01
+992 906 25 02 02
+992 908 48 28 36